Бахшҳо
05 окт 2016 15:36Тоҷикистон / Сиёсат

Суҳбати телефонии Путину Э.Раҳмон: Зодрӯз муборак!

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия имрӯз, 5-уми октябр сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо 64-умин солгарди мавлудаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти самимию некашро иброз доштааст.

Манбаъ афзуд, сарони ду давлат инчунин доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд: “Дар ин иртибот сарони ду давлати дӯст ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зарурати минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъйю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд”.

Суҳбати Путин бо Эмомалӣ Раҳмон як рӯз баъд аз сафари амниятиҳои аршади Русия, аз ҷумла Николай Патрушев, дабири Шӯроои амнияти ин кишвар ба Тоҷикистон, сурат гирифт. Тоҷикистону Русия дар пасманзари фаъолшавии Толибону ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон таҳкими ҳифзи марз ва мубориза бо терроризму ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Мӯҳр
Муборак бошад 64-умин солгарди хаёт Падари миллат! Шуморо бо ин руз аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хушиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша садо диҳад, дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷонатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои Помир сарбаланд, чун чашмахои Помир дилат софу бегубор, чун барфхои зимистони Помир:( no хама вакт рохатон сафед ва чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор ва чун Падари миллат ва Пешвои миллат хамеша гамхору нигахдори халки Точик бошед! Илохо умри ту аз умри Хизр бештар гардад, Нихоли коматат аз сарви чаннат пурсамар гардад. Ба хар чое кадам мони, паи пои ту зар гардад Кучое душманат бошад, илохо куру кар гардад. recourse


Солгарди 65 зодурузро ба Шумо Пешвои арзандаи миллати точик аз самими калб табрик гуфта, ба Шумо мухтарам чаноби Оли дар фаъолияти минбаъдат кори ва идора намудани давлати сохибистиклоламон табрику муборакбод гуфта, бигзор хамеша соябони сари ин давлату ин миллат бузурги точик бошед. Бигзор боз 65 соли дигар умр бинед. Зиндаву поянда бод давлати сохибистиклоли Точикистон бо ин Пешвои гамхору ояндасоз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)