Бахшҳо

Пурсиши “Озодагон”: Хабари сафари хориҷа бо иҷозати Дастгоҳи иҷроияи Президентро чӣ гуна мепазиред?

Бино ба хабарҳо роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дастуре содир кардааст, ки тибқи он аз ин ба баъд сафар ба хориҷи кишвар барои хидматчиёни давлатӣ, мансабдорон, намояндагони мақомоти қудратӣ, дипломатҳо, ҳарбиён, олимон, табибон, журналистон ва намояндагони сохторҳои дигари давлатӣ танҳо бо иҷозаи ин ниҳод сурат мегирад. “Озодагон” ин бор аз соҳибназарон пурсид: ИН ДАСТУРРО ЧӢ ГУНА МЕПАЗИРЕД?


Қиёмиддин САТТОРӢ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент
Ин чиз пештар ҳам буд, танҳо салоҳиятро аз Вазорати корҳои хориҷӣ гирифта, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент вогузор намуданд. Як муқаррароти маъмулӣ аст.

Талабшоҳ САЛОМ, таҳлилгар

Дар баъзе кишварҳо дарёфти изоҷаи хурӯҷ барои шаҳрвандон роиҷ аст. Бо вуҷуди он ки Ғарб ин гуна кишварҳоро ғайридемократӣ мешуморад, вале онҳо ин кори худро идома дода истодаанд. Дар чунин кишварҳо гирифтани чунин иҷозатнома барои кулли шаҳрвандон муқаррар шудааст, вале як фарқияти масъала он аст, ки дастури раиси дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон (агар овозаи беасос набошад), бинобар навиштаи расонаҳо, танҳо барои қишри хосе аз шаҳрвандон аст. Дигар ин ки дар дигар кишварҳое, ки чунин муқаррарот роиҷ аст, шаҳрвандон барои гирифани иҷозатномаи хурӯҷӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, он мақомоте, ки масъулияти бақайдгирию аз қайд баровардани шиноснома, додани шиноснома ва дигар масъулиятҳои ба ин монандро доранд, муроҷиат мекунанд, на ба дафтари раёсатҷумҳурӣ. Аз ин нигоҳ, бояд ба ин масъала аз ду паҳлу, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ нигариста шавад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, оё ин ниҳод метавонад чунин салоҳиятро дошта бошад? Албатта, ҳуқуқшиносон метавонанд ба ин суол посух диҳанд. Вале паҳлуи сиёсии масъала барҷастатар аз паҳлуи ҳуқуқӣ аст, ки он ҳам зери назорати бештар қарор гирифтан ва тангтар шудани доираи фаъолияти қишри хос будааст.

Ҳақназар АРБОБОВ, тоҷири муқими Русия
Аз назари ман ин гуна муқаррарот метавонад барои баъзе афрод дардисарсоз бошад. Ин як иқдоми бюрократиест, ки нолозим аст. Фикр мекунам ин нишон медиҳад, ки сатҳҳои болоӣ ва зердастони худ камтар эътимод мекунанд. Барои мансабдорон ва хидматчиёни давлатӣ шояд чандон монеъа эҷод накунад, вале барои олимону рӯзноманигорон ва ҳунармандон ин як кори бисёр зиёдатӣ аст. Онҳо аз ин гуна муқаррарот метавонанд зарари зиёд бибинанд. Ҳоло бисёр хуб, аст, ки ин муқаррарот ба мо тоҷирон дахл надорад, вагарна чӣ қадар буҷаи кишвар ва иқтисоди давлат зарар медид. Ман фикр мекунам, ки ҳар чи бештар шудани назорат бар шаҳрвандон ин нишон медиҳад, ки ҳукумат то чӣ андоза аз шаҳрвандони худ хавф мебарад. Дар умум бояд давлат ин гуна назоратро аз роҳҳои дигар, тариқи сохторҳои қудратӣ ба роҳ бимонад ва набояд ин гуна дастурҳои ошкору аланӣ бошанд.

Раҷаби МИРЗО, таҳлилгари сиёсӣ
Хомӯшона....

Латиф ҲАДЯЗОДА, ҷомеашинос
Маъмулан кормадони ҳукуматие, ки кору фаъолияташон ё ташкилоту муассисаи кориашон бо сирри давлатӣ алоқамандие дошт, зери назорати ургонҳои махсус, бахусус КДАМ буданд ва сафари ингуна афрод, чи хидматӣ бошад ва чи маъмулӣ, ба хорич аз кишвар танҳо бо иҷозаи махсус сурат мегирифт. Ин амал ҳеч ҷойи аҷобату гила надорад, давлат, ҳукуматдори бесирру маҳфуз нигаҳдории он сурат намегирад, аммо қариб ҳама категорияи кормандони ҳукуматиро аз ҳуқуқи ҳаракати озод маҳрум сохтан, дахолат намудан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки он дар санадҳои СММ, санадҳо ва шартномаҳои дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дарҷ ёфтаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намуда, Коститутсия ва Қонунҳои худро дар заминаи онҳо мураттаб сохтааст. Маҳдуд сохтан ё саддҳо бунёд кардан ба ҳаракати озоди шаҳрвандон таҷрибаи тоза нест, дар гузаштаи начандон дур, дар замони Шӯравӣ мардум ин ҳолро доштанд ва азият мекашиданд ва мутанаффир буданд, зеро сабаби шиносбозию, маҳалгароию бисёр амалҳои номатлубе буд, ки ба обрӯи кишвар лакнат ворид месохт. Ба андешаи инҷониб, рӯйхати нафароне, ки ба сирри давлатӣ алоқа доранд, дар ихтиёри органҳои махсус бояд қарор дошта бошад ва ниҳоят иҷоза додан ё надодан ба сафарҳо низ салоҳияти онҳост. Ба ихтиёри дастгоҳи иҷроия вогузоштан ё пайвастани ин масъала ба онҳо, гумон мекунам сабаби боз ҳам бештар гаштани коғазбозӣ мегардад, моноврҳои бюрократиро печидатар, вобастагии шаҳрвандон ва шояд амалҳои коррупсиониро бештар месозад. Ниҳоят, ҳамчунин чораандешиҳо ба эътибори давлати демократии ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, ки Тоҷикистон тибқи Конститутсия ҳамчунин кишвари озод эълом гардидааст ва мақомоти роҳбарии он намефизояд.

Ризо БАҲРОМЗОД, аспиранти Донишгоҳи ба Ломоносови Маскав
Албатта шахсоне ҳастанд, ки вазифаи муҳими давлативу ҳарбӣ доранд ва аз сирри сиёсиву ҳарбии давлат бохабаранд, бояд назорат шаванд, ин барои устувории давлат хеле муҳим аст, вале олимону табибону журналистон ва дигар кормандони давлатӣ набояд дар муҳосираи сохторҳои давлатӣ монанд. Хусусан барои намояндаи илм, иштирок дар конфронсҳои байналмиллалӣ, экспериментҳои муҳиме, ки дар кишварҳои рушдкарда гузаронида мешаванд, семинару симпозиумҳо хеле муҳим аст, зеро додугирифти маълумотҳои нави илмӣ, методу таҷрибаҳои тоза ва суҳбату шиносоӣ бо олимони шинохтаи ҷаҳонӣ барои рушди илм ва инкишофи шахсии олим нақши муҳим дорад. Фикр мекунам, ки агар ин дастур амалӣ гардад, монеаи рушду инкишофи бисёр соҳаҳо хоҳад гашт, зеро барои гирифтани иҷозат ба сафар вақту кушиши зиёд сарф мешавад, ҳатто имкон дорад, ки ба сафар иҷозат надиҳанд ва ин кор боз як зинаи бюрократӣ пеши роҳи олимону табибону журналистон хоҳад гашт. Дар кишвари демократӣ чунин иқдом ба нафъи ҷомеа нахоҳад буд.
Мӯҳр
мехмон
Ба шахрвандони оддии мухочир дахл надошта бошад шуд! Дигар мансабдорон бигузор пурсида шаванд .

Ҳуқуқшинос
Ин муқаррарот пештар ҳам ҷо дошт. Афсарони баландрутба бе иҷозаи сарфармондеҳ ҳаққи тарки сарҳати Тоҷикистонро надоранд, ҳатто барои сафарҳои хусусӣ. Локин хизматчиёни давлатӣ, дипломатҳо, раисони корхонаҳои давлатӣ барои сафари хусусӣ ба иҷозат зарурат набуд.
Агар ба ин рӯйхат рӯзноманигору санъаткору муаллиму духтурро изофа карда бошанд, як чизи аблаҳона хоҳад шуд.

Точ
Маълум аст чаро бовари надорад ин хукумат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)