Бахшҳо

Башир Аҳмад: Хушунат ва ноамниҳо ба Осиёи Миёна кашонда хоҳад шуд

Вазъи амниятӣ дар Афғонистон, ба вижа қисмати шимоли ин кишвар рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Ҳаракати террористии Толибон ҳафтаи гузашта ба Қундуз ҳамла карданд ва ҳоло дар бархе манотиқи шимоли Афғонистон ҷангҳои хунинро оғоз кардаанд. Ин ҳама нигаронии мақомот ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ба бор овардааст. Расонаҳо низ ҳар рӯз як хабаре аз ҷараёни ин ҳаводис нашр мекунанд, ки аз вазъияти вахим дар шимоли Афғонистон хабар медиҳад. Барои ин ки аз вазъи ҷанг ва фазои амниятӣ дар шимоли Афғонистон хонандаро огоҳ кунем, бо хабарнигори шабакаи телевизиони як (1TV)-и Афғонистон Башир Аҳмад Қосонӣ суҳбат анҷом додем, ки дар зер нашр мешавад:

-Вазъ дар қисмати шимоли Афғонистон дар чӣ ҳол аст, оё ноамнӣ дар ин қисмати хоки кишвари шумо бештар шудааст?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Ҷанг ва ноамнӣ дар шимоли Афғонистон дастикам ду сол мешавад, ки дар ҳоли афзоиш будааст. Толибон бо истифода аз фурсат тавонистанд, ки бахшҳое аз шимоли Афғонистонро ба шиддат ноамн созанд ва дар ин муддат ҳамвора нируҳои амниятии Афғонистон аз ин манотиқ дифоъ карданд.

-Чанде қабл Қундуз ба дасти Толибон суқут кард ва ҳоло гузоришҳо ҳокист, ки гуруҳи Толибон ба минтақаи Форёб ҳам мусаллат шудаанд. Ин хабар воқеият дорад?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Форёб ба дасти толибон суқут накардааст, аммо дар Форёб таҳаррукоти гуруҳи Толибон вуҷуд дорад. Қундуз бошад ба тасарруфи Толибон даромад ва ҳоло 9 рӯз мешавад, ки дар ин вилоят ба шиддат даргирӣ миёни низомиёни кишвар ва гуруҳи тундрави Толибон ҷараён дорад.

-Дар байни коршиносони умури сиёсии кишвари шумо ҳарфу ҳиҷое матраҳ аст, ки ноамнӣ дар шимол ба мақсади интиқоли ҷанг ба Осиёи Миёна роҳ андохта шудааст, оё чунин ҳадафе дар пушти ҳамлаҳои Толибон ба шимоли Афғонистон дида мешавад?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Дар Афғонистон ҳамвора манобеъ таъкид мекунанд, ки хушунатҳо ва ноамниҳо пас аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна кашонида хоҳад шуд. Ҳарчанд нақши кишварҳои абарқудрат дар ин ҷанг ба суди гуруҳи Толибон дида нашудааст, вале ҳамвора Покистон дар ин ҷанг дар пуштибонӣ аз толибон саҳм доштааст. Тамоми неруҳои вобаста ба гуруҳи тундрави Толибон дар кишвари Покистон омӯзиш дидаанд ва манобеи молии ин гуруҳ низ дар Покистон таъмин мешавад. Аз сӯе ҳам, тамоми раҳбарони ҳаракати тундрави Толибон дар кишвари Покистон будубош доранд ва ахиран Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, раҳбари ин гурӯҳи террористӣ дар Покистон тавассути тайёраҳои бесарнишини Амрико кушта шуд.

-Манотиқи марзи Афғонистон ба Тоҷикистон ҳоло чӣ вазъ доранд? Оё гуруҳи тундрави Толибон ба ин манотиқ ҳам нуфуз дорад?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Дар ин муддат ҳамвора неруҳои Афғонистон талош кардаанд, ки таҳдидҳои амниятӣ аз дохили хоки Афғонистон ба Тоҷикистон дарз накунад. Яъне ин даргириҳо ба хоки Тоҷикистон кашида нашавад. Аммо дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар имтидоди марз дар Бадахшон, Тахор ва Қундуз фаъолиятҳои гуруҳи Толибон вуҷуд дорад. Ин се вилояти ноамн ҳамчунон бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд ва лозим аст, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар кори мубориза бо терроризм бо ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Мубориза дар баробари падидаи терроризм ба танҳоӣ ба дӯши Афғонистон аст, ки қурбониҳои зиёдеро низ мутақабил шудааст.

-Гузориши расонаҳо дар мавриди ҳузури ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна дар набардҳои ахир воқеият дорад?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Дар гузашта мақомоти низомӣ ва амниятии Афғонистон ҳузури террористҳои хитоӣ, тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва террористҳо аз кишварҳои Осиёи Миёнаро таъйид кардаанд, аммо дар ҷанге, ки ҳоло дар Қундуз идома дорад, дар ин бора ибрози назаре сурат нагирифтааст.

-Дар фавқ ишора шуд, ки неруҳои афғон тавони дифоъ аз ин кишварро доранд, вале ҷомеаи Афғонистон ва коршиносони умури сиёсӣ дар ин кишвар баръакси инро мегӯянд?

Башир Аҳмад Қосонӣ: Комилан тавоноии дифоъ аз кишварро доранд. Вале ҷанг ҷанг аст, гоҳе пешравӣ мешавад ва гоҳе ҳам ақибнишинӣ мешавад.

Суҳбати Сипеҳри Кароматулло
Мӯҳр
ВИРКАН
ХАЗОРОН БОР ИН ЭКСПЕРТИ ХОМАНДЕШУ ХОМХАЁЛ ГАЛАТ КАРДААСТ. КИШВАРХОИ ОМ КОМИЛАН ИМРУЗ ИКТИДОРИ МУРАТТАБ СОХТАНИ ВАЗЪРО ДОРАНД, МИЛЛИЮН ИГВОВУ ДАСИСА ВА ВОХИМАХОИ ИН КРЕСЛЕНГАРАВИДАГОН ВА ВАШИНГТОНГАРАВИДАГОН КОР НАХОХАД ДОД, МУТМАИН БОШЕД. САРНАВИШТИ АФГОНИСТОН ХАРГИЗ БАРОИ ДИГАР МАРДУМ ТАКРОР НАМЕШАВАД, ЗЕРО ДИГАРОН ХОХИШУ ИМКОНИ МУСОЛИХА КАРДАНРО ХАМЕША ДОШТАНДУ ДОРАНД.
БАШИРЧОН ИН ХОБУ ХАЁЛАТРО БА ОБИ ДАРЁИ КОБУЛЧОН БИГУЙ.

Дупа дуруст Виркандчон ахсан! Ягон проблема нест аввал проблемахои худро хал кунед.ВИРКАН,

чупон
Ин хабарнигори бетаҷриба СИЁСАТИ АМНИ Осиёи миёнаро ба мисли Афғонистон тассавур мекунад. Дар Афғонистон 40 сол боз беамнӣ ҳукумфармост, наход, ки Осиёи миёна то ҳол инро дарк накарда бошаду АМНАШРО мустаҳкам накарда бошад. Муҳтарам Озодагон аз ин хел хабарҳо обу рӯи сайтро коста магардон!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)