Бахшҳо

Посух ба Кумитаи андоз: Тоҷирону коршиносон монеаҳоро номбар карданд

Кадом омилҳо дар Тоҷикистон монеи рушди соҳибкорӣ мешаванд? Дар пурсишномае, ки Кумитаи андоз ба соҳибкорон пешниҳод намудааст, саволи муҳиме ҳаст, ки дар торнамои Кумита ба ин шакл омадааст: Ба фикри Шумо барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ асосан кадом омилҳои халалрасон мавҷуданд? Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ хабарнигори “Озодагон” назари чанде аз коршиносонро дар ин робита пурсид. Ҳарчанд дар Тоҷикистон солҳо боз аз додани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва рушди ин бахш сухан меравад, вале бархе таҳлилгарон иддао доранд, ки ҳоло дар кишвар омилҳое мавҷуданд, ки ба рушду инкишофи соҳибкорӣ халал мерсонанд.

Табаралӣ Ғаниев, профессор ва доктори улуми иқтисод, мегӯяд, яке аз омилҳои муҳиме, ки метавонад ба пешрафти бахши соҳибкорӣ халал расонад, дар сатҳи паст қарор доштани рушди неруи инсонӣ мебошад. Табаралӣ Ғаниев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, яке аз сабабҳои рушд наёфтани соҳибкорӣ ин паст будани сатҳи касбии кормандони ин соҳа буда, дар сурати ба талаботи муосир ҷавобгуй гардидани касбияти соҳибкорон, самаранокӣ дар ин соҳа зиёд хоҳад шуд.

Аммо як соҳибкор, ки худро Абдураҳим муаррифӣ намуд, пешниҳод кард, ки барои бардоштани монеаҳои рушди соҳибкорӣ мақомоти андоз бояд ба санҷишҳои хадафмандонаву ҷаримабандиҳои мақсаднок хотима диҳанд. Ин ҳамсуҳбатамон иброз дошт, ки барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ширкатҳоро набояд ба худиву бегона ҷудо кунанд ва аз ҳама ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои «худӣ» низ дар доираи қонун андоз ситонанд: “Алҳол на танҳо дар миқёси ИДМ, балки дар сатҳи байналхалқӣ низ Тоҷикистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки андозсупорандагонаш баландтарин андозро месупоранд. Бояд сатҳи андозбандӣ поён оварда шуда, ба сатҳи андозбандии кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистону Қазоқистон баробар карда шавад”.

Оқои Абдураҳим илова намуд, барои рушди ин соҳа ба муҳлати 5 сол бояд соҳибкорони хурду бузург аз санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ озод карда шаванд. Ӯ мегуяд, ин амал метавонад дар вазъи буҳронӣ кори соҳибкоронро хеле сабук кунад ва аз муфлисшавӣ наҷот диҳад: “Ба кормандони мақомоти андоз дар хориҷ аз кишвар курсҳои бозомӯзии тарзи дурусти муносибат бо соҳибкорон ба роҳ монда шавад, то ин ки ҳамеша ҳангоми вохӯриҳо ва санҷишҳо миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд ояд”.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо чунин вазъе, ки ҳоло домангири соҳибкорон аст, гумон намекунад, ки дар чанд соли минбаъда соҳибкорӣ дар кишвар рушд кунад. Номбурда иброз дошт, соҳибкорӣ на танҳо дар ҳоли рукуд аст, балки ба хатар мувоҷеҳ шудааст: "Фирори бизнес аз кишвар, ки ду соли охир сахт шиддат гирифтааст ва агар қаблан асосан бизнеси калон ва гоҳе миёна мегурехт, алъон бизнеси хурд ҳам ба ин раванд пайвастааст. Хатари аз ҳам рехтани як низоми шаклгирифтаро ба миён овардааст”.

Абдуманнон Шералиев мавҷудияти фасоди саросариро яке аз омилҳои аслии халалрасон ба рушди соҳибкорӣ унвон намуда, қайд кард, ки фасод то ҳадде рушд кардааст, ки нигоҳи ҳамаи мақомот - сар аз ҳукуматҳои маҳаллӣ то кумитаи андозу даҳҳо мақоми тафтишкунандаи дигар, ба бизнес чун нигоҳи гург ба гӯсфандон аст: “ Бояд ҳарчӣ бештар думба аз ҳар гӯсфанд канда шавад”.

Ин таҳлилгари тоҷик андозҳои зиёд ва шумораи зиёди мақомҳои тафтишкунандаро низ аз омилҳое номбар кард, ки ба рушди бахши соҳибкорӣ дар кишвар халал мерсаонанд: “ Ҷуз ин ки худи ҳаҷми андоз зиёд аст, намудҳои он ҳам хеле зиёданд. Камтарин масрафе, ки як соҳибкор барои ин андозҳо дорад ин аст, ки бояд як муҳосиби иловагӣ дошта бошад, чӣ расад ба пардохти он чанд намуди андоз. Аз мақомоти давлатие, ки ба бизнес дахолат мекунанд, танҳо маорифу Кумитаи дин мондаанд, ки чунин ҳақро надоранд. Ин албатта шӯхӣ аст, вале масалан додситонӣ ва вазорати дохилаву (манзурам милисаҳо ҳастанд) кумитаи амният дар бизнес чӣ кор мекунанд? Ё сӯхторхомӯшкунҳо. Зараре, ки бизнес аз сӯхторхомӯшкунҳо мебинад садҳо маротиба бештар аз сӯхторҳоест, ки гӯиё ин ниҳод бо сар халонданаш ба ҳар тиҷорат ва ҳатто дӯкони газетафурӯшӣ пешгирӣ кардааст”.

Абдуманнон Шералиев мегӯяд, ғасби бизнесҳои муваффақ аз тарафи як гурӯҳ ва набудани боварӣ ба ояндаи неки безнес ҳам ҳоло мушкиле мебошад, ки таъсири худро ба соҳибкорӣ мерасонад. Ба қавли номбурда онҳое, ки аз ғасби бизнесҳои муваффақ, ки яке аз сабабҳои фирори бизнес аз кишвар шудааст, ҳанӯз фирор накардаанд, камтарин коре, ки мекунанд ин аст, ки кӯшиш мекунанд бизнесашон аз як сатҳи муайян боло наравад: “Худи ҳамин кифоя аст, ки соҳибкорӣ рушд накунад. Худи фирори бизнес зарарҳое дорад, ки дар ин матлаб ҷо намегиранд. Набудани дастгирии давлатӣ. Албатта даъвоҳои зиёд аз минбарро дар назар надорам. Аммо дастгирии давлатии бизнес, ки яке аз омилҳои асосии рушди он аст, дар кишвар тақрибан вуҷуд надорад”.

Бархе таҳлилгарон ва коршиносони масоили иқтисодӣ мегўянд, то замоне, ки омилҳое, ки монеи рушди соҳибкорӣ шудаанд, рафъ нагарданд, ташаккули бахши соҳибкорӣ душвор аст. Бояд зикр намуд, мушкилиҳо дар бахши соҳибкорӣ, андозбандиҳои барзиёд ва мавудияти дигар монеаҳо борҳо аз забони худи соҳибкорон низ садо додааст. Дар умум аксари соҳибкорону коршиносон бар ин назаранд, ки омилҳои асосии монеи рушди тиорат баландии меъёри андозҳо, тафтишоти бамавриду бемавриди мақомоти гуногун, баланд будани фоизҳои қарзҳои бонкӣ мебошанд. Ҳамчунин набудани судҳои мустақилро бархе аз коршиносон монеи рушди соҳибкорӣ мешуморанд. Ин коршиносон мегӯянд, тоҷирон ба судҳо бовар надоранд ва мутмаин нестанд, ки судҳо дар ҳолати зарурӣ боадолатона рафтор кунанд. Дар баробари ин бархе соҳибкорон мегўянд, ки дар Тоҷикистон бидуни пушту паноҳи қавӣ дар мақомоти болоӣ даст задан ба тиҷорати калон номумкин шудааст.
Мӯҳр
Барои чӣ вазорати иқтисод ва савдо, вазорати молия ва бонки милли чунин таҳлилҳоро намегузаронанд, фикри соҳибкорону ихтисосмандонро намехоҳанд озод шунаванд? Ё шиори онҳо магар "мурғро бихур як рӯз, тваккали пагоҳу тухм бар худо" ҳаст магар? Ё ҳамаашон нигоҳ карда меистанд, ки кай гап ба Ҷаноб мераваду баъд ягон супориш мешавад?

Мо хам бо пурсишномаи Кумитаи андоз дар сайташ оншо шудем, вале мутаасифона мухлат хеле кам гузошта шудааст ва ин аст, ки мо натавонистем дар он иштирок кунем. Агарчи он хануз аз сайт бардошта нашудааст, вале дар чамъбасти он чунин мухлат мукаррар шудааст: "Аз ҳамаи иштирокчиёни пурсиш эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро ба Кумитаи андоз то 4 октябри соли ҷорӣ дастрас намоянд".Ё шояд Кумитаи андоз махсус ин мухлатро монда ки сохибкорон пешниходлхои худро ироа накунанд.
Ба хар навъ пешниходи хуб аст ва агар онро то ду се мохи дигар дароз мекардаанд, ман бовари дорам, ки сохибкорон дар он хеле фаъолона иштирок мекарданд.
Агар ба ман чунин имконият дода мешуд, ман хатман аз муносибати сарди кормандони макомоти андоз шикоят мекардам.

Фоизи қарзи бонкҳо 28-36% дар як сол миёни соҳибкоронро мешиканад. Чунин риск накардан авлотар.

Андозхо миёншикананду чаримахо бугикунанда. Асорс хамин ду чизро сабук кардан даркор. Ана баъд мебинед, ки сохибкори худ аз худ рушд мекунад.

Ду сол дар Россия кор карда як маблаги муайяне ба даст овардам ва ба Точикистон баргаштам. Барои он ки пули овардаро бехуда харч накунам бо маслихати дустон ошхонаеро дар шахри Душанбе ба ичора гирифтам. Хар мох андозу дигару дигаррро сари вакт месупоридам ва мохе аз 2 то 3 хазор сомони фоидаи соф мемонд. 5 мох хамин тавр кори дома ёфту як тафтише аз тарафи макомоти андоз гузашт ва маро 8 хазор сомони чарима бастанд. Хайр чи илоч гуфта, даромади 5 мохаи ба даст овардаамро супоридаму аз нав ба корро идома ёфтам, баъд аз 6 мох боз як санчиш аз тарафи макомоти дигаре шуду маро 4 хазор сомони чарима карданд. Дидам ки харчи чамъ кунам ба андозу чаримахо месупорам, корро катъ кардаму аз нав руй ба Россия овардам. Дар Точикистон сохибкор наметавонад озодона фаъолият кунад ва инро хама медонанд. Ба ман сохибкорон мегуфтанд, ки агар пушту панохи хуб дошта боши, ба сохибкори даст зани мешавад, агар не пулатро бехуда хайф накуну саратро дар гурбат намон, вале манн бовар намекардам. Вале яксола фаъолиятам нишон дод, ки сохибкорон хак будаанд. Холо хам зуд аз сохибкори даст кашидам, вагарна сар то ба по карздор мешудам. Барои хамин хам агар хохем, ки сохибкории хурду миёнаро рушд дихем, бояд нахуст макомоти андоз чаримабандихоро аз байн баранд.

Алфа Фарм
Бо талаби кормандони андоз зиёда аз 40 000 сомони пешпардохти андоз кардам,фикр кардам ки бехтаринам. лекин 1 руз се папкадор омаданду маро 30000 сомони чарима бастанд.... ва аз андоз карздор карданд???.Охир маназ руи гуфтаи нозири андоз амал кардам, у хама вакт мегуфт, ки корат дуруст, лекин се папкадор кори маро нодуруст мегуянд...Ба хулосае омадам, ки ин нозири андоз барои кормандони болоияш камбуди месозад /нарочно/.Ёву гир...боз ду то акт карда дар ду тараф монда, выбор кун меган, ана иш бе камбуди лекин нархаш.....ана иш бо камбуди ва чаримахои андозхои носупорида....поле чудес, сомони намегиранд, кор бе миёнаравии Президенти собики ИМА хал намешад...Закотчиён дар давраи Амир Олимхон чунин рафтор намекарданд (ниг.Ёддоштхо"-и Устод Айни).

Rумитаи андоз вокеан сохибкоронро боб кардааст. Эълони пурсишро якуми октябр мондаву мухлаташро то 4-уми октябр мукарар кардааст. Дар ин чор руз ки метаdонад аз пурсиш огох шаваду дар он иштирок кунад? Нигаред ба https://www.andoz.tj/index.php/component/content/article/60-in-main-page/132-anke

tirovanie-predprinimateley

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)