Парлумон муҳлати иҷозати кори хориҷиҳо дар Тоҷикистонро кам кард
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳлати иҷозати фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар кишвар аз 5 то 3 сол кам карданд.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 12 октябр зимни муаррифии тағйирот ба қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ дар парлумон гуфт, ҳадаф танзими кори хориҷиён дар Тоҷикистон аст.
Ӯ афзуд, додани иҷозатнома ба муҳлати 5 сол ва аз ҷониби дигар муқарар гардидани квота барои ҷалби қувваи корӣ ба муддати як сол, як навъ номутобиқатӣ дар санадҳои меъёрӣ мебошад: “Ин боиси сӯиистифода аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори иҷозатномадошта дар ҷалби қувваи кории хориҷӣ ва риоя нашудани квотаи муқарраркардашуда гардидааст. Ҳолати мазкур назорату пешгирии ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Тоҷикистон ва баҳисобгирии дақиқи онро мушкил намудааст. Бино бар ин, муҳлати иҷозатнома барои ҷалби шаҳварвандони хориҷа то 3 сол пешниҳод мегардад”.
Маҳмадуллозода иброз дошт, ки имсол ҳукумат барои ҷалби 8 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ квота ҷудо кардааст: “Дар 9 моҳи соли равон дар доираи квотаи муқарраршуда ба ҳудуди 4500 шаҳрванди хориҷӣ иҷоза барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар кишвар дода шудааст”.
Ӯ афзуд, ҳоло таносуби шумораи кормандони хориҷӣ дар корхонаҳо ва субъектҳои хоҷагидоре, ки иҷозати ҷалби хориҷиҳоро доранд, на зиёдтар аз 20%-и шумораи умумии кормандонро ташкил менамояд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки минбаъд шумораи кормандон дар корхонаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони кишвар ҳар чӣ бештар карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумат соли равон квота барои ҷалби шаҳрвандони хориҷиро бештар кардааст. Соли 2016 квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба миқдори 8 ҳазор нафар муқаррар шудааст. Соли гузашта квота барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 ҳазору 800 нафар муқаррар шуда буд, ки асосан ба шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Эрон, Туркия, Русия ва Узбакистон рост меомад. Дар амри раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора таъкид шудааст, шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаҳои афзалиятнок ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ, дар асоси санадҳои байнидавлатию байниҳукуматӣ кор мекунанд, ба ин квота дохил намешаванд. Инчунин квота ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дахл надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |