Даргузашти шоҳи Тайланд, ки 70 сол дар қудрат буд
Шоҳи Тайланд Пхумипон Одулядет дар синни 89-солагӣ даргузашт, ки 70 сол раҳбарии ин кишварро дар ихтиёр дошт.
Бар асоси иттилои расонаҳо дар ин авохир шоҳи Тайланд бештари умри худро дар беморхона мегузаронд. Ҳафтаи гузашта духтари шоҳ Чулабхрон дар телевизиони ин кишвар гуфта буд, ки вазъи саломатии падараш бисёр вахим аст ва барои шифо ёфтани ӯ ба ибодати буддойиҳо рафтааст.
Пхумипон Одулядет соли 1946 ба мақоми раҳбарии ин кишвар расида буд. Шоҳи Тайланд аз салоҳиятҳои сиёсӣ бархӯрдор нест, вале бо ин вуҷуд ӯ ҳеч вақт талош накардааст, ки дал ҳалли низоъҳои сиёсӣ дар давлат дахолат кунад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба шинохти коршиносон шоҳ дар рушди демократия дар Тайланд дар солҳои 90-уми асри гузашта саҳми чашмгир доштааст. Дар соли 2006 Одулядет ҳукумати низомиеро дастгирӣ намуд, ки ҳукумати Таксина Чинаватаро сарнагун кард.Дар соли 2014 шоҳ баъди кудетои низомӣ генерал Праюта Чан-Очаро раҳбари Шӯрои миллӣ дар умури сулҳ ва тартибот таъин намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |