Бахшҳо

Тағйири қонуни Пешво: Э.Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷиикстон имрӯз, 26-уми октябр лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” –ро дар таҳрири нав қабул намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, қонун дар бораи Пешвои Миллат ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта қабул гардид ва вакилон дар лоиҳаи нав баъзе тағйиротро ба он илова карданд. Зуҳуров афзуд, тағйироти марбут ба вазъи ҳуқууқӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини амният ва паҳлӯҳои дигари кору зиндагии Пешвои Миллат аз Конститутсия сарчашма мегиранд, ки ахиран дар таҳрири нав қабул гардид.

Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироте, ки ба қонун дар бораи Пешвои Миллат ворид гардид, Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон гардид. Ҳамчунин бар асоси тағйироти нав Пешвои Миллат аз бархе имтиёзҳои дигар бархӯрдор гардид. Аз ҷумла дар назар аст, ки барои Пешво дар тамоми маҷлисҳо ҷои ифтихорӣ фароҳам гардад. Қонуни нав ҳамчунин ташкили Фонд, орден ва ҷоизаи Пешвои Миллатро пешбинӣ намудааст.

Қонуни нав “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат” аз 19 модда ва сарсухан иборат аст.
Мӯҳр
Э товбааээээ товба!!!!!! И одамизод намемурдай чи рузхоеву чи корхоера намедидай ха!!!

Кай конунхо барои манфиати халк хал мешуда бошад..Дар ягон кишвари дуньё унвони асосгузори сулху вахдат ё асосгузори давлати мустакил вучуд надорад..Шарм медорам...

Зихи Пешвои миллат! Зихи сулхофари миллат! зихи ятимпарвару бечорапарвари миллат!!!

а
Якбора Точикистона Рахмонистон ном гузоред. Душанберо бошад Эмомалиобод.

Албата барои хар як миллату халкият дар ин замони пур аз хаводис пайдо кардани "ПЕШВО" амри такдир аст. Мо шодем, ки дорои чунин "ПЕШВО" гаштем. Бовари дорем, ки "ПЕШВО"-и мо аз аклу хирад кор гирифта, миллати точикро дар арсаи байналмиллал яке аз миллатхои такдирсоз дар бунёди башарият дуюмбора муаррифи мекунад...

солхобозбекор
чои кори муносиб мехохем, маоши ба зиндаги расанда мехохем, Точикистони бо кувваи барк таъминбударо мехохем, рохи пулаки фавран бархам дода шавад, коррупсия гум шавад, махалгароии руирост решакан шавад, кадрхои тасодуфии кабилабози точикбадбин нест карда шавад, андозбандии ноинсофона танзим карда шавад ана баъд зинда бод Пешвои миллат!

Самир
Чаноб вокеан хам арзанда аст!

Мирзо
Гуфтам ку хабарнигорони Озодӣ метарсед шарҳи моро зери ин мавзуъ нашр намекунед.Аз рупуш кардани ҳақиқат ин қадар тарс аз махлуқ доред пагоҳ назди Худо чи посух мегуед??
Агар васфу ситоиши раисро созанд дарҳол нашр мекунед ку ё тавба аз инсонҳои дуруяву тарсу

шамс
худ фидо дар рох,и паймон кардааст, Сад биебонро гулистон кардааст. Сарзамини пора-пора гаштаро, Ч,амъ карда,Точ,икистон кардааст. Зих,и Пешвои Миллат!

рахмат ба чаноби Оли. меарзанд ба тамоми унвонхои Оли! номашон дар таьрихи миллати точик сабт мешавад монанди исмоили сомони. !

Дар як сол чанд маротиба конститутсия иваз мешавад?! Аз курси сомони дида конститутсия зудтар иваз шуда истодаас.

Вообще-то Чаноб соли 1994 президент шуданд. Пештар президентхо Махкамов ва Набиев буданд. Таърихро таъгир надихед!

Шахрванд
Илтимос махалгарои хотима дода шавад.

Сабр
Харчи ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)