Бахшҳо

Суоли Ғаффоров аз раиси Бонки Миллӣ: Чаро бонкҳо пули мардумро намедиҳанд?

Вазъи ногувори бонкҳо ва мушкили мардум зимни гирифтани маблағҳояшон имрӯз дар парлумон миёни вакилон ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон баҳс барангехт.

Нурмуҳаммадзода, имрӯз, 26-уми октябр зимни муаррифии лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” гуфт, лоиҳаи мазкур низоми интиқоли маблағҳо ва шаффофияти онро ба танзим медарорад.

Рустам Қудратов, вакили парлумон яке аз меъёрҳои қонуни мазкурро як навъ маҳдудсозӣ хонд. Ӯ гуфт, бар асоси лоиҳа муштарӣ наметавонад тариқи бонкҳо аз ду ҳазор сомонӣ зиёд ирсол кунад, дар ҳолате, ки шахсияти ӯ маълум набошаду дақиқ нашуда бошад, ки ӯ ягон ҷинояткор нест. Ин вакили парлумон гуфт, шумо баъзе ваколатҳои Кумитаи амнияти миллиро ба Бонки Миллӣ дода истодаед. Ӯ суол гузошт, ки чӣ гуна Бонки Миллӣ ин қадар муштариро месанҷед, ки ҷинояткор нестанду маблағашон барои терроризму ҷинояткорӣ равона нашудааст. Қудратов бо зикри мушкилиҳое, ки имрӯз низоми бонкӣ барои мардум эҷод кардааст, пешниҳод намуд, ки шояд дар ин шабу рӯзҳо ин меъёр зарур набошад.

Аммо Нурмуҳаммадзода гуфт, ин меъёр мушкилзо нест, зеро хеле каманд ҳолатҳое, ки дар мавриди шахсияти мизоҷ шубҳа пайдо шавад. Дар баробари раиси Бонки Миллӣ инчунин Шариф Раҳимзода, вакили парлумон ва Маҳмадалӣ Ватанзода, намояндаи Президент дар парлумон низ аз ин меъёр ҳимоят карданд. Шариф Раҳимзода гуфт ин ҷо гап сари муҳоҷирони меҳнатӣ нест, “гап сари маблағҳои калон ва муштариёне меравад, ки мавриди шубҳа қарор мегиранд”.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз Ҷамшед Нурмуҳаммадзода суол кард, ки чаро бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор доранду мардум наметавонанд пулҳояшонро аз бонкҳо бигиранд?

Раиси Бонки Миллӣ ин ҳолатро эътироф карда, афзуд, ки тайи як сол ҳудуди ҳазор нафар ба Бонки Миллӣ барои мушкили гирифтани маблағҳояшон аз бонкҳо ва сатҳи пасти хизматрасонӣ шикоят кардаанд: “Гуруҳи корӣ се моҳ боз дар ин масъала кор карда истодааст ва мо пешниҳодҳои худро ба ҳукумат ироа мекунем. Ин ба буҳрони ҷаҳонӣ марбут аст, дар бисёри кишварҳо ин мушкил ҷой дорад”.

Аммо як вакили парлумон аз раиси Бонки Миллии Тоҷикистон шарҳи бештари масъалаи пардохти маблағҳо ва фаъолияти низоми бонкиро талаб карда, таъкид намуд, ки “посухҳои шумо моро қаноатманд накарда истодаанд”.

Дар пайи ин Зуҳуров ба баҳс дахолат карда, дар хитоб ба вакилон гуфт, “фикр карда гап занед”. Раиси Маҷлиси намояндагон ба раиси Бонки Миллӣ муроҷиат намуда, гуфт, вақтҳои охир шикоят дар мавриди бонкҳо афзоиш ёфтаанд ва шумо ҳам ташвиши вакилонро фаҳмед.

Дар пайи ин баҳсҳо вакилони парлумон қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”-ро бетағйир қабул намуданд.
Мӯҳр
Номдор
Дар хакикатам наметавонем пулхоямонро гирем сабаб дар чист агробанк се мах мешавад ки мегуянд пул нест магар дар як банки калон айб нест 5х 4х панчхазор пул надошта бошад эроди гирифта дуруст аст боварии мардум нест дигар бонкхо точиксодирот тамом агробанк тамом навбати кадомаш бошад боз илтимос вакилони мухтарам мавзуи мубрами рузаст сахт дида бароед озодагон илтимос чоп кунед

Пулдор
Оғои Раис, ҳама чиро ба сари буҳронӣ ҷаҳонӣ назанед. Буҳрони ҷаҳонӣ вақте ба Тоҷикистон омад, ба худаш гуфт - ман инҷо наомада будам куя!


''фикр карда гап занед'' ин суханони раиси Парлумон чи маъно дорад. Акнун на масъалаи қонун балки масъалаи вакили эродгирифта дида баромада мешавад

Вакилои мухтарам шумо хам ёфтед одами ба чени зери дандонатонро...)) Муовинаш меомад ягон савол намедодед ку?))) аз дасти ин раиси бечора коре намеояд ука зур бошед аз муовинаш савол кунед. Чаро бонкхое ки ба мушкили моли дучор шудаанд дастгири намекунед дар ин даврони бухрони?

Муслим
Вакилони "мардуми" аз шумо пурсидани хастем.ки барои чи баркро дар КУЛОБ АЗ САХАР СОАТИ 8 00 то 17 00 бегохи хомуш мекунанд, аха фахмо дар хонахои шумо умуман лимити барк вучуд надорад ку ва шумо парвои халк надоред

беном
Чойнишин факат ба фоида кор дорад ба зарараш не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)