Бахшҳо
04 ноя 2016 08:40Тоҷикистон / Сиёсат

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?

Хиёбонҳои пур аз овеза, гуруҳҳои таблиғотӣ ва баҳсҳои тунди номзадҳо. Фазои интихоботии Амрикоро чунин тасаввур мекардам. Аммо вақте ба Вашингтон расидем, хиёбонҳо ором буд. Ҳеч овезае дар мавриди интихобот ва номзадҳои он набуд...

ИНТИХОБОТИ ГАРОНТАРИН

Ҳар кишваре бо таваҷҷуҳ ба иқтидори молӣ ва қонунгузориаш масрафоти интихобот ва номзадҳоро мушаххас мекунад. Барои Тоҷикистон, ки ҳукумат тамоми гомҳо ва нақшаҳои номзадҳоро идора мекунад, қонунгузорӣ ҳам ҳизбу номзадҳоро дар масрафоти маъракаи таблиғот маҳдуд мекунад. Аммо озод будани маблағгузории интихобот ва маъракаҳои ташвиқотии номзадҳо дар ИМА маро дар ҳайрат гузошт. Шайло Крумхолз, сарвари иҷроияи Маркази сиёсати посухгӯи Амрико мегӯяд, маблағгузорӣ кардани номзадҳо дар давраи интихобот ҳеч маҳдудияте надорад. Бар илова, муддаиёни курсии раисҷумҳурро дилхоҳ ширкат, шахс, гуруҳ ва ҳизб метавонад маблағгузорӣ кунад. Баъди ворид шудани маблағ ба ситоди интихоботии номзад, дар кадом самт ва чӣ гуна масраф кардани он аз тарафи ҳеч гуруҳе таҳти назорати шадид қарор намегирад. Танҳо Комиссияи интихоботии федеролии Амрико ҳаҷми умумии маблағро ба ҳисоб мегирад. Вебсайти opensecrets.org низ дар давраи интихоботи раисҷумҳурӣ ҳафтае як бор барои шаҳрвандони Амрико дар бораи ин маболиғ гузориш пешниҳод мекунад. Тибқи гузориши охири ин вебсайт интихоботи 2016 гаронтарин набард барои курсии раисҷумҳурии ИМА дониста мешавад.

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?


Ба гуфтаи Шайло Курмхолз, агар ҳазинаи умумии масрафоти интихоботии соли 2012 ба 6.3 миллиард мерасид, ҳазинаи интихоботи раисҷумҳурӣ дар соли равон то имрӯз 6.6 миллиардро дар бар мегирад.

ДАФТАРҲОИ КОРӢ БО СУРЪАТИ МУҚАРРАРӢ

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?Мутолиаи расонаҳои ҷаҳонӣ чунин андешаеро тавлид мекунад, ки тамоми гаштугузор ва мавзӯъ дар Амрико танҳо ба интихобот рабт дорад. Бо ворид шудан ба дафтари кории The Gazette, вокеъ дар шаҳри Колорадо Спрингси штати Колорадо, ин тасаввурот аз байн рафт. Давоми чанд рӯзи корӣ дар дафтари рӯзнома мушоҳида шуд, ки рӯзнома бо суръати муқаррарӣ кори ҳаррӯзаи худро идома медиҳад. Дар рӯзнома ва вебсайти он бахши алоҳида “Интихобот 2016” боз шудааст. Ҳар хабар ва ё матлаби марбут ба интихобот дар ҳамон саҳифа ҷой дода мешавад. Масъулини рӯзнома ва бахши онлойнии он ҳам ба ҳар мавзӯъ ва ҳаводис бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти он бархӯрд мекунанд. Ҳолати аҷиби мавриди таваҷҷуҳ ҳам он буд, ки мавзӯъҳои аслии рӯзнома бештар ба ҳаёти мардум рабт доштанд. Хеле кам иттифоқ меафтод, ки мавзӯи асосӣ ба интихобот ва дар бораи номзадҳо бошад.

МАЪРУФИЯТИ ДЕМОКРАТҲО ВА ҶУМҲУРИХОҲОН

Тибқи маълумоте, ки ба даст овардем, дар Амрико маъруфияти номзадҳо бо таваҷҷуҳ ба ҳизбҳояшон аст. Фарз кардем, новобаста аз он ки аксари коршиносон интихоботи 2016-ро мушкилтарин интихобот мегӯянд, дар штатҳои алоҳида номзадҳо маъруфияти бештар доранд. Колорадо Спрингс - шаҳри ҷумҳурихоҳон буд. Бештари мусоҳибони мо бидуни он ки аз сиёсати Доналд Трамп норозӣ бошанд, тарафдори ҳизби ҷумҳурихоҳон ҳастанд. Ба ибораи дигар, корҳои таблиғотии ҳизбӣ муваффақ анҷом ёфтааст.

ИНТИХОБОТИ ҒАЙРИОДДӢ БАРОИ СОКИНОН

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?Даяна Макфелл, сокини штати Колорадо мегӯяд, интихоботи навбатӣ барояш хеле вазнин аст. Ӯ аз барномаҳои номзадҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ҳам хонум Клинтон ва ҳам ҷаноби Трамп баъзе барномаҳои зидди осоиши амрикоиҳо доранд. Барои мисол хонум Макфелл аз бандҳои барномаи Трамп мисол овард, ки баъзан дар суханрониҳояш арзише ба фарҳанги Амрико намегузорад. Дар мавриди барномаи интихоботии Клинтон аз баъзе бандҳо барои сиёсати ояндаи Амрико бо кишварҳои дур танқид кард. Вай гуфт, мехоҳад Амрико дигар ҳеч мушкиле бо кишварҳои ҷаҳон надошта бошад.

Ба суоли мо оид ба пирӯзии номзадҳо танҳо аз ду ҳизби шинохта, ӯ гуфт: “Системаи дуҳизбии Амрико яке аз мушкили сиёсии кишвар аст. Давоми ин солҳо ҳизбҳои зиёде сохта шуданд. Мутаасифона, ҷумҳурихоҳон ва демократҳо ҳамоно аз маъруфияти бештар бархӯрдоранд”.

Ҷаноби Терри, як сокини бознишастаи шаҳри Колорадо мегӯяд, интихоботи соли 2016 бо номзадҳое, ки дорад, хеле вазнин аст. Зеро ҳам аз шахсият ва ҳам аз бандҳои алоҳидаи барномаҳои онҳо шикоятҳои зиёде садо медиҳанд: “Тақрибан ҳар ҳамсуҳбати ман мепурсад, ки чӣ тавр мешавад миёни ин ду номзади номақбул, якеро интихоб намуд? Аз он хаста шудам, ки номзадҳо ба курсии раисҷумҳур ҳамеша аз доираҳои сарватмандон ҳастанд. Ман шахсан мехостам як чеҳраеро бубинам, ки дар сиёсат ҷадид бошад. Ин тавр набояд бошад. Номзадҳои вокеъӣ, ки эҳтимол сарвати кифоя барои ворид шудан ба интихобот надоранд, бояд имкони набард дошта бошанд”.

ИНТИХОБОТИ БАДТАРИН ВА Ё МАЗҲАКА?

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?Ҷим Троттер, сардабири рӯзномаи The Gazette мегӯяд, воқеан интихоботи соли 2016 баҳсбарангез ва каме нигаронкунанда ҳам ҳаст. Ба хусус, сару садоҳое, ки атрофи номзадҳо пайдо мешаванд, хеле фарқкунанда аз баҳсҳои қаблӣ ҳастанд: “Ҷаноби Трамп номзади хеле мушкил аст. Дар ин давраи ташвиқотӣ Доналд Трамп ҳатто онҳоеро, ки ҷонибдораш буданд ва дастгириаш мекарданд, дилсард кард. Ин хеле нигаронкунанда аст. Хонум Ҳиллари Клинтон бошад, дар ҳамин давраи ҳассоси худ бештар аз емайли шахсиаш истифода кардааст. Ин ҷойи баҳс аст. Зеро номзаде ба монанди хонум Клинтон аз қабл медонист, ки барои курсии раисҷумҳурӣ мубориза мебарад. Пас, мантиқи истифодаи емайли шахсиашро ман дарк карда наметавонам”.

Ба андешаи ӯ, интихобот ва натиҷаи он метавонад ҷолиб бошад, зеро ин номзадҳо қаблан чандон шахсони маъруф набуданд. Ҷаноби Троттер меафзояд, новобаста аз пирӯзии кадоме аз ин ду номзад, Амрикоро ҳеч хатари ҷиддие таҳдид намекунад, Зеро системаи давлатдорӣ шакл гирифтааст ва як шахсият наметавонад онро тағйир бидиҳад.

Интихоботи президентии Амрико. Чаро тамоми ҷаҳон онро баррасӣ мекунад?Ба гуфтаи Ҷойе Банч, хабарнигори сиёсии рӯзномаи The Gazette, дар давоми таҷрибаи кориаш бори аввал бо чунин номзадҳои “ғайриоддӣ” ва интихоботи ҷолиб рӯбарӯ мешавад. Хонум Клинтон бештар аз 20 сол аст, ки дар сиёсат аст, аммо бо мавқеъҳои мухталиф ва зидду нақиз. ҷаноби Трамп бошад, дар ин 35 соли охир рамзи сарватманд ва аммо -писари бозигар аст. Аксарият мегӯянд, ки хонум Клинтон таҷриба дорад, аммо, боз ҳам теъдоди тарафдорони Трамп бештар аст, чун дар симои хонаи Клинтон - сиёсатмадори номуваффақро мебинанд: “Харду алоқаманд ва дилбохтаи сиёсат ҳастанд, то ҷойе, ки метавонанд, бадахлоқу бераҳм бошанд. Трамп мегӯяд, бохти худро наметавонад тасаввур бикунад. Рафтору гуфтори номзадҳо баъзан аз мантиқ дур аст. Расонаҳои хабарӣ борҳо дуруғгӯии ҳарду номзадро ифшо ва исбот карданд. Барои мисол ишораи хонум Клинтон барои харидории силоҳи бештар. Ҷаноби Трамп ҳамоно дуруғгӯиро идома медиҳад. Намедонам, ин интихоби мушкил ва бад аст ё танҳо як мазҳакаи аҷоиб”.

Албатта, барои мо ҷолиб аст, ки чӣ гуна натиҷаи интихобот дар Амрико то ҳол дақиқ нест. Зеро дар таҷрибаи кишварҳои худ мо интихоботҳое доштем, ки пиру барно натиҷаи онро аз қабл медонистанд. Барои мо ҳоло муҳим он аст, ки давлати Амрико новобаста ба пирӯзии кадом номзад чӣ сиёсатеро дар Осиёи Марказӣ ва Шарки наздик матраҳ хоҳад кард. Идомаи матлаб ба ҳамин мавзӯъ бахшида мешавад.

Ҳумайро БАХТИЁР, махсус барои “Озодагон”
Колорадо, ИМА.

(ин матлаб дар доираи барномаи Интихоботи раисҷумҳури ИМА-2016-и Маркази байналмиллалӣ барои хабарнигорон (ICFJ) ва бо дастгирии молии ҳукумати ИМА, Маркази матбуоти хориҷӣ ва Сафоратхонаҳои ИМА таҳия гардидааст).

Мӯҳр
ЗЕРО АМРИКО ДАР ХАКИКАТ ДАВЛАТ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)