Мудири “Uzbekistan Airways” дар бораи парвозҳо ба Душанбе хабар дод
Валерий Тян, мудири кулли “Uzbekistan Airways”, мегӯяд, парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе метавонанд нимаи аввали соли оянда роҳандозӣ шаванд.
Оқои Тян дар суҳбат бо “Спутник” изҳор доштааст, ки эҳтимол хатсайри Тошканд-Душанбе ба ҷадвали тобистонии ширкати миллии “Узбекистон ҳаво йулларӣ» ворид гарданд: “Эҳтимол ин парвозҳо ҳатто барвақттар амалӣ шаванд. Тамоми имконот барои ин мавҷуд мебошанд”.
Суҳбати масъули Узбакистон дар мавриди парвозҳо ба Душанбе дар ҳолест, ки Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран гуфт, лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистонро таҳия кардаанд ва он барои мувофиқа пешниҳод шудааст. Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |