Бахшҳо
08 ноя 2016 16:48Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷонибдории палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз тағйири номи деҳаву шаҳракҳо

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз, 8 ноябр пешниҳоди ҳукумат дар бораи таѓйир додани номҳои як қатор деҳоту шаҳракро ҷонибдорӣ кард.

Узви палатаи болоии парлумон дар иҷлосияи навбатӣ иҷозат доданд, ки деҳоти “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомї ба деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов, деҳоти “Сайёд”-и ноҳияи Шаҳритуз ба деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, деҳаи Қазоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, деҳаи Ҳоҷа-Қучқории ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чорсӯи деҳоти “Меҳвар”, деҳаи Бурбулоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чашмаи деҳоти “Намуна”, деҳаи Туғаланги ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чаманистони деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, деҳаи Қирғизи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти Сайфиддинов Кабут, деҳаи Кӯлдимони ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯлдомани деҳоти “Меҳвар”, деҳаи Бешқудуқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Навшоди деҳоти “Озодагон”, шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳраки Меҳробод, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҷаҳонзеб ва деҳаи Наймани деҳоти “Сурх”-и шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб тағйири ном кунад.

“Инчунин тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳаи Ганҷбор-2 ба деҳаи Шаҳдбори деҳоти ба номи Р.Исмоилов, деҳаи Гулрез-2 ба деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти ба номи А.Абдулвосиев, деҳаи Эловар ба деҳаи Панҷдеҳи деҳоти ба номи А.Абдулвосиев, деҳаи Гирдоб-2 ба деҳаи Сеобаи деҳоти ба номи Б.Бурунов, деҳаи Баракат-2 ба деҳаи Сахиёни деҳоти ба номи Б.Бурунов, деҳаи Гулобод-2 ба деҳаи Нурофари деҳоти ба номи Б.Бурунов, деҳаи Ҷавонон-2 ба деҳаи Бахтёрони деҳоти ба номи Б.Бурунов, деҳаи Кишоварз-2 ба деҳаи Сароби деҳоти Гулистон, деҳаи Ҳуснобод-2 ба деҳаи Чашмасори деҳоти Гулистон, деҳаи Тиллои сафед-1 ба деҳаи Фахрободи деҳоти Гулистон, деҳаи Адолат-1 ба деҳаи Сафедоби деҳоти Гулистон, деҳаи Ҷангалобод-2 ба деҳаи Боғистони деҳоти Гулистон, деҳаи Деҳқонобод-2 ба деҳаи Қалъаи Гулистони деҳоти Гулистон, деҳаи Даҳана-1 ба деҳаи Ҳакимони деҳоти Гулистон таѓйир дода шуд”,-изҳор дошт Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
Мӯҳр
Ягонбор намешнавем ки вакилон ягон икдоми
Кунанд ки ба фоидаи мардум бошад.
Қасами хурдагитон ба номи халқ кучо шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)