Бахшҳо

Фаридуншо Раҳматуллоев: Дар ҳама ҷо мегӯям, ки тоҷик ҳастам!

Фаридуншо Раҳматуллоев, як ҳунарманди синамо, ки чанд соли ахир дар Маскав фаъолият дорад, мегӯяд, ҳама ҷо, ҳатто ҳангоми наворгирии филм зуд таъкид мекунад, ки тоҷик мебошад.

Ба қавли Раҳматуллоев 10 сол қабл вақте бо нияти кор ба Русия омад, нахуст ба Рушт Руштов занг зад: “Ӯ он замон раҳбари ширкати филмсозии “Высь” буд. Ҳамроҳ бо Бахтиёр Худоназаров филмсозӣ мекарданд. Соли 2007 бори дигар аз Душанбе ба Руштов занг задам. Ин бор ҷавоби мусбат дод. Гуфт, ба наздикӣ наворгирии як филм шурӯъ мешавад ва худат ҳам онҷо кор хоҳӣ кард. Ҳамин тавр ба Боку рафтам ва дар сохтани филми “Оружие” дар гуруҳи коргардонӣ фаъолият кардам”.

Ба гуфтаи Фаридуншо, пас аз чанд муддат барои ин филм як бозигари дигар барои нақши манфӣ лозим шуд ва ӯро интихоб кардаанд. “Ҳамин тавр нақшофаринии нахустинамро шурӯъ кардам”,- гуфтааст ҳунарпешаи тоҷик дар суҳбат бо сомонаи “Россия для всех”.

Ӯ давоми 10 соли зиндагӣ дар Маскав дар 30 филм нақшофарӣ кардааст ва аз ин миён танҳо як маротиба қаҳрамонаш мусбат будааст: “Дар аввал ғайриоддӣ буд, чун ман дар зиндагии рӯзмарра тамоман одами дигар ҳастам”.

Фаридуншо Раҳматуллоев: Дар ҳама ҷо мегӯям, ки тоҷик ҳастам!


Фаридуншо, ки аз кӯдакӣ орзӯи бозигари филм шудан ва офаридани нақши ғоратгари баҳриро доштааст, мегӯяд, “албатта мехоҳам ягон нақши мусбатро ҳам бозӣ кунам. Ҳамчунин мехоҳам ягон нақшеро аз китоби “Инҷил” бозӣ кунам”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2014 Носир Саидов, раҳбари “Тоҷикфилм” ӯро барои бозигарӣ дар филми “Муаллим” ба Тоҷикистон даъват кард. Дар ин филм вай нақши писари Марат Ориповро бозӣ кардааст.

Дар мавриди хонаводаи худ дар ин мусоҳиба гуфтааст: “Падари ман таърихдон ва модарам дӯзанда ҳастанд. Падарам соли 2005 даргузашт. Як хоҳар ва бародар дорам”.

Бародари Фаридуншо, Сиёвуш дар филми “Хоби маймун” (Сон обезьяны)-и сохтаи Румӣ Шоазимов нақшофарӣ кардааст. Таҳмурас яке аз ду писари Фаридуншо феълан донишҷӯи соли аввали Муассисаи синамои Герасимови Русия (ВГИК) мебошад. Ин ҳунарманди тоҷик, ки набераи Мастибек Тошмуҳаммадов ва Буринисо Бердиева, сармуҳаррири рӯзномаи “Маориф ва маданият” низ ҳаст, дар мавриди ӯ гуфтааст: “Ҳама аз ӯ метарсиданд. Ҳам дар хона ва ҳам дар кор. Ҳатто масъулони баландпояи давлатӣ ҳангоми дидани ӯ саф меоростанд. Чунки ҳамеша камбудиҳои давлатро мегуфт. Аз ин рӯ дар кишвар аз эътибори баланд бархурдор буд. Беш аз 20 сол нашрияи “Маданият ва маориф”-ро раҳбарӣ мекард. Як ватандӯсти воқеъӣ буд. Ба ин далел ӯ тавонист ҷашни Наврӯзро дар Тоҷикистон дубора зинда кунад”.

Дар мавриди зиндагӣ дар Русия гуфтааст: “Бароям зиндагӣ дар Русия ҷолибтар аст. Чаро ки ба ман наздиктар аст ва кор кардан дар заминаи филмсозӣ, мутаассифона, аз Тоҷикистон хубтар аст. Ҳамсар ва духтарам Гурдофарид дар Душанбе зиндагӣ мекунанд. Мехоҳам онҳоро низ инҷо биёрам”.

Фаридуншо дар бораи мушкилоти роҳ ёфтани тоҷикон ба синамои Русия гуфтааст: “Мушкили аслии тоҷикон ин аст, ки забони русиро ба гунаи лозим намедонанд, ки як ҷанбаи бузурги манфӣ мебошад. Аммо солҳои ахир вазъият беҳтар шудааст. Одамон забон меомӯзанд ва беҳтар суҳбат мекунанд. Замоне ки инҷо мерасанд бо рафтори худ фарқ мешаванд. Ман ҳамеша ба ҳамватанҳои худ таъкид мекунам, ки худро ба гунаи шоиста нишон бидиҳанд ва мардуми моро шарманда накунанд. Мегӯям, агар инҷо омадед бояд бо сари баланд роҳ равед. Фарҳанги худро нишон диҳед. Ҳама ҷо мегӯям, ки ман тоҷиам. Ҳатто замони филмсозӣ зуд мегӯям, ки тоҷик ҳастам”.

Фаридуншо Раҳматуллоев: Дар ҳама ҷо мегӯям, ки тоҷик ҳастам!


Дар посух ба пурсиши вокуниши одамон баъди фаҳмидани он ки тоҷик ҳастӣ чӣ гуна мешавад, чунин посух додааст: “Албатта, барояшон ҷолиб аст. Онҳо тоҷиконро каме дигаргуна мебинанд. Баъдан дар суҳбат бо онҳо ба шӯхӣ савол медиҳам, ман забону фарҳанг, таъриху адабиёти худу шуморо медонам. Шумо аз чӣ ифтихор доред?”

Ба гуфтаи Фаридуншо ӯро бештар филми “Тихая застава” маъруф кард: “Вақте нақши маро баррасӣ мекарданд коргардон гуфт, ки як мӯйсафеде ҳам лозим аст. Акси Раҷаб Ҳусейнро нишон додам ва коргардон гуфт, оне ки меҷӯстам, ҳамин аст. Бароям бори аввал бозӣ кардани нақши асосӣ ҳаяҷонангез буд. Раҷаб –ака ба ман бисёр кумак кард”.

Ин ҳунарпешаи тоҷик набуди сармоягузориро мушкили аслии синамои тоҷик гуфтааст: “Пулу техника лозим аст. Барои сохтани филми сатҳи ҷаҳонӣ 1,5-2 миллион доллар лозим мешавад. Мутаассифона дар Тоҷикистон ин миқдор пул нест”.

Фаридуншо Раҳматуллоев бо 10 сол зиндагӣ дар Русия ҳанӯз шаҳрвандии ин кишварро надорад. Ӯ ба суоли “Россия для всех” дар мавриди он ки оё кори синамогарии ӯ дар дуруст кардани асноди марбут ба дарёфти шаҳрвандии Русия кумак намекунад, гуфтааст: “Қонун қонун аст ва назди он ҳамаи мо баробарем. Ҳама бояд тамоми марҳилаҳои лозимро тай кунанд. Ман аз тариқи барномаи осоншуда, яъне ҳамчун соҳибзабон иқдом кардаам”.

Аксҳо аз сайти "Россия для всех"
Мӯҳр
БАРОДАР ВАҚТЕ ШМО АЗ МИЛЛАТОН ҲИМОЯТ МЕКУНЕН БАРОИМО ИФТИХОР ҲАСТ МАН МИЛЛАТАМРО ДУСТМЕДОРАМ

Офарин Фаридуншоҳ!Раҳмат ба падару модари шумо,ки ин гуна шербачаи миллатдӯстро ба воя расониданд.Ана ин гуна шербачаҳоро Тоҷик мегӯянд!Бароятон муваффақиятҳои беохир таманно мекунам!Бояд ҳар як Тоҷик,дар кӯҷое набошад,бо сари баланд бигӯяд;ман Тоҷик ҳастам!!!
Зинда бошед,шербачаи миллат!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)