Бахшҳо
11 ноя 2016 15:33Тоҷикистон / Тема дня

Мирзозода дар бораи “хатнатӯй”-и ҳоҷиҳо ва андозҷамъкунии масъулини танзим

Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин мегӯяд, бархе аз масъулини танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милллӣ ба ҷои иҷрои вазифаи худ дар маҳалҳо ба ҷамъоварии андоз, пули барқ ва даъвати наваскарон ҷалб шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар як матлаб дар сомонаи расмии Кумитаи дин изҳор дошта, таъкид намудааст, бархе аз мудирони бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар маъракаҳои шахсияшон қонуншиканӣ намуда, барои рӯйпӯш намудани ҳоҷиталбону ҳоҷиошӣ ба соҳибони маъракаҳо тавсияномаҳои хатнатуй медиҳанд.

Мирзозода аз натиҷаи “рейд”-и махсуси 5 гуруҳи кории Кумитаи дин дар маҳалҳо, ки ҷараёни пешвози ҳоҷиёнро назорат мекардаанд, изҳор дошт, ки камбудиҳои зиёди соҳаро ошкор намуданд: “Аз ҷумла ташкили маъракаҳои ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст. Аммо аксаран маъракаҳои ҳоҷиён бо мусоидати масъулон бо додани тавсияномаҳои хатнатӯй сурат гирифта, бо ин амалашон мехоҳанд қонуншиканиҳоро либоси расмӣ пӯшонанд”.

Гурӯҳҳои корӣ дар пайи боздид аз манзили 600 ҳоҷӣ 80 ҳолати қонуншиканиро пешгирӣ намуда, 43 ҳолати қонуншиканиро ошкор кардаанд.

Ба иттилои Мирзозода дар миёни қонуншиканҳо мансабдорон, аз ҷумла масъулини Кумитаи дин низ буданд. Ӯ Камолов Ҷамолиддин, мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Ҷайҳунро мисол овард, ки дар якҷоягӣ бо падараш дар сафари ҳаҷ буда, баъди бозгашт 5 октябри соли 2016 бо омода намудани ду таом дар рӯзи корӣ маъракаороӣ намудааст: “Раиси маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алияров Худойназар баъди бозгашт аз сафари ҳаҷ дар соат ва рӯзи корӣ, бо оростани дастархони пур аз нозу неъмат маърака баргузор намудааст, ки солҳои пеш чунин ҳолатҳо ба назар намерасид. Мудири бахши ноҳияи Айнӣ Ахмедов Бақо ва мудири бахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Саъдуллоев Сафаралӣ ба даъвати гурӯҳи корӣ беэътиноӣ намуда, ба ҷои ҳодиса бо сад баҳона ҳозир нашуданд. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ Раҳимов Р. ба ҷои пешгирии маъракаи манъшудаи ҳоҷиошӣ, баръакс бо додани тавсияномаи хатнасур ба қонуншиканӣ мусоидат намудааст”.

Мирзозода мегӯяд, масъулони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, ноҳияҳои Дӯстӣ, Айнӣ, Ҷайҳун, Панҷ ва Шаҳритус ҳамкориро бо гурӯҳи корӣ дуруст ба роҳ намонда, кӯшиш менамуданд, камбудиҳо ошкор нагарданд.

Ӯ инчунин аз муносибати раиси ҷамоати деҳоти Н.Холматови ноҳияи Шаҳритус бо масъулини гуруҳи корӣ интиқод намудааст: “Раиси ҷамоати деҳоти Н.Холматов ба ҷои ҳамкорӣ бо гурӯҳи корӣ, ки масофаи садҳо километрро тай карда, аз пойтахти кишвар барои пешгирии қонуншиканиҳо ва кӯмак расида омадаанд, беэътиноӣ намуда, аз курсии бофароғати утоқи кориаш назди меҳмонон хестанро зарур надонист, ки баъди дидани чунин саҳна аз ӯ чизи бештареро умед кардан мумкин набуд. Ибораи “ба тарафи Раиси ҷамоат ҳар саг меҷакад”- чӣ маънӣ дошта бошад? Саволе пайдо мегардад, ки оё Раиси “муҳтарами” ҷамоат аз Кодекси одоби хизматчии давлатӣ огоҳӣ дошта бошад? Ба ҳамин монанд, сармутахассиси ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор даъвати гурӯҳи кориро паси гӯш карда, роҳи осони корро дар гурез пайдо намуд”.

Муовини раиси Кумитаи дин дар охир тақвияти фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва чамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро зарур хонда, риояи қонуни танзимро роҳи халосӣ аз буҳрони иқтисодӣ хондааст, ки феълан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Мӯҳр
сода
Худо хохад бючет пур мешад

махфи
Рости ба наздики падарам аз дунё гузаштанд ва бародарону хешонам маслихати маъракаи хафтро карданд конун манъ кардааст ман тарафдори конун хастам гайр аз ин зарурати дини хам надорем барои чунин маъракахо вале бародарон маслихат карда шабона маъракаро гузарониданд ва танзим низ гуфтааст ки як бало кунед ки мода гап нашава чун ман хурдии хона хастам гапам ба хеч кас намегузарад
чунин маъракахои махфи ва шабона расм шудаанд ва хатто кормандони танзим хам иштирок мекунанд
конунро сахт капед ва нагз назорат кунед
гарчанде чуъмаги низ манъ аст вале дар хонаи мо нияти анчом доданашро доранд


маколаи хуб вале хело кам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)