Бахшҳо

Ҷонибдории Дума аз ифтитоҳи намояндагии гумрук дар Тоҷикистон

Думаи давлатии Русия созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русияро дар мавриди бунёди намояндагиҳои хадамоти гумрук дар ду кишвар ба тасвиб расондааст.

Иля Трунин, муовини вазири молияи Русия 11-уми ноябр зимни муаррифи лоиҳа дар парлумон гуфт, ин созишнома барои беҳбуди шароити интиқоли молу коло байни ду кишвар мусоидат мекунад: “Пардохти пули гумрукро осон ва тафтишоти гумрукиро содда мекунад”.

Бар асоси ин созишнома дар назар аст, ки намояндагони гумруки ду кишвар дар чорабиниҳои амалисозии шартномаҳои байналмилалӣ дар умури гумрукӣ иштирок кунанд. Зимни баррасии созишнома бархе аз намояндагони Думаи давлатии Русия дар мавриди боз будани марзҳои Русия барои қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд, аммо ҷонибдорони созишнома гуфтаанд, ифтитоҳи намояндагиҳо барои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир низ мусоидат мекунад.

Ифтитоҳи намояндагиҳо дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта мақомоти гумруки Тоҷикистону Русия созиш карданд, ки барои ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм назорати пули нақдро, ки шаҳрвандон бо худ интиқол медиҳанд, пурзӯр кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ин иқдом алайҳи қонунӣ гардондани пули тариқи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм равона шудааст. Таъкид шуда буд, ки ин созишнома ба ҳамкории иттилоотӣ миёни мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли пули нақд ё воситаҳои пулӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут мебошад.

Аз Тоҷикистон дар Русия наздики 1 миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, ки маблағи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)