ВКД: Хабари таҷовузи милиса ба номуси Маликаро месанҷем

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШКД-и ноҳияи Рӯдакиро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД ба "Озодагон" гуфт, қаблан аз ин қазия хабаре надоштанд ва ин ҷавонзан низ бо чунин шикоят ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат накардааст.
Ин дар ҳолест, ки 18-уми ноябр Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дод, ки маъмури милиса дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси Малика, ҷавонзани 25-сола таҷовуз кардааст. Манбаъ афзуд, ҳодиса моҳи июни соли равон дар ҳоле рух додааст, ки Малика (номи мустаор) дар пайи як муноқишаи маишӣ ба ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудааст: “Корманди милиса бо тарсдиҳӣ ва таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар таҷовуз кардааст”.
Эътилоф мегӯяд, одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд, аммо Малика ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмак хостааст.
Ба иттилои манбаъ Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида дар пайи бефаъолиятии мақомоти милиса ва додситонӣ ба омбудсмен муроҷиат кардааст: “Инчунин ба далели эътимод надоштан ба додситонии маҳаллӣ вакили дифоъ хостааст, қазияи мазкурро Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ кунад. Додситонии кул қарори муфаттиши ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодисаро бекор карда, маводро барои санҷиши такрорӣ ба додситонии ноҳияи Рӯдакӣ равон кардааст. Маълум шуд, ки санҷиши нав низ ба уҳдаи муфаттише гузошта шудааст, ки қаблан ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро рад карда буд”.
Ҷониби ҷабрдида аз додситонӣ хостааст, барои баррасии мунсифонаи қазия санҷиш ба уҳдаи муфаттиши дигар гузошта шавад: “Дархости мазкур айни ҳол аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад”.
Ба иттилои Эътилофи зидди шиканҷа ташхиси мутахассис-равоншинос муайян намудааст, ки дар пайи зӯроварӣ ба ҷабрдида зарари маънавӣ расонда шудааст: “Дар асоси ин хулоса вакили дифоъ аризаи даъвогӣ барои рӯёндани зарари маънавӣ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро таҳия дорад, ки ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод хоҳад шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |