Вазири қирғиз оромӣ дар марз бо Тоҷикистонро муҳим хонд
Жениш Разоқов, ноиби сарвазир ва вазири умури марзи Қирғизистон ҳифзи амният ва оромиши шаҳрвандонро дар марзи байни Қирғизистону Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди сиёсӣ гуфтааст. Ин нуктаро ҷаноби Разоқов имрӯз, 22 ноябр дар мулоқот бо ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобит бо Тоҷикистон дар тамоми бахшҳо ба назар мерасад. “Ҷониби Қирғизистон ба некҳамсоядорӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон диққати махсус медиҳад”,-таъкид намудааст вазири қирғиз.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 500 километри он пурра муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Дақиқ нашудани хатти марзу аломатгузорӣ нашудани он баъзан сабаби моҷарои сокинони минтақаҳои марзӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |