Зуҳуров: Коррупсия ва андоз монеаи рушди Тоҷикистонанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 1-уми декабр зимни ҷаласаи парлумон гуфт, барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъмини зиндагии шоистаи мардум тайи 15 соли оянда бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шавад.
Зуҳуров гуфт, дар худи лоиҳаи Стратегия гуфта шудааст, камбуди фазои сармоягузорӣ, масъалаи коррупсия ва андоз аз омилҳои ҳастанд, ки ба рушди Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд: “Ин ҳуҷҷати ниҳоят муҳим аст ва амалигардонии он кори зиёдро талаб мекунад. Бояд дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шаванд”.
Зуҳуров махсусан бозбинии Кодекси андози Тоҷикистонро таъкид карда, афзуд, ки соҳибкорон барои гирифтани фоида аз корашон боварӣ надоранд: “Бояд дар ин бахш сабукиҳо ироа гарданд”.
Дар пайи ин изҳороти Зуҳуров вакилони Маҷлиси намояндагон Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |