Азми сардорони милиса ва амният барои ҳамкорӣ бо руҳониён ва аҳолии ВМКБ

Раҳбарони мақомоти милиса ва амнияти миллӣ дар ВМКБ аз халифаҳо ва аҳолии вилоят хостаанд, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бештар кунанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 2 декабр ба "Озодагон" иттилоъ доданд, мулоқоти роҳбарияти РВКД ва раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ВМКБ бо халифаҳо, ҷавонон ва фаъолон дар ноҳияи Шуғнон баргузор гардид.
Полковник Абдулваҳоб Искандарзода, сардори РВКД-и ВМКБ зимни мулоқот гуфтааст, давлате, ки дар дохилаш тартибу низом нест, дар арсаи дунё давлат ҳисоб шуда наметавонад. Ӯ таъкид намудааст, ки маҳз дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ метавон сулҳу суботи кишварро таъмин намуда, пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубро гирифт.
Сардори раёсат изҳор доштааст, ки вазъияти сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ягон кишварро бе таъсир намегузорад: “Дар ин самт ҳар яки мо бояд дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ саҳмгузор бошем. Ин хатари замони муосир ба кулли ҷомеа таҳдид менамояд, аз ин рӯ аз волидон, масъулини муассисаҳои таълимӣ, намояндагони дин ва аҳли ҷамоатчигӣ бояд ҳамкориҳои худро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мустаҳкам намоянд. Фарзандони худро дар рӯҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбия намоянд ва нагузоранд, ки ба вазъи тинҷиву осоиштагии Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид гардад”.
Нусратулло Мирзоев, сардори раёсати КДАМ дар ВМКБ дар мавриди мубориза бо гурӯҳҳои хусусияти террористӣ-экстремистидошта ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳор доштааст, ки бештар ба ин амалҳои зишт ҷавонони ноогоҳ даст мезананд.
Дар қатори камбудиҳое, ки дар вилоят ҷой доранд, аз ҷумла ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои худсарона ва ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, бе иҷозатномаи махсуси БДА, автомашинаҳои бе рақами қайди давлатӣ ва рақамҳои бегона, мусодираи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир зикр шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |