Э.Раҳмон баъди 21 дақиқа Мирзиёевро табрик кард: Пирӯзии бебаҳс...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ баъди 21 дақиқаи эълони пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Узбакистон бо ирсоли як барқия раҳбари нави кишвари ҳамсояро шодбош гуфт.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикияш аз ҷумла гуфтааст:
«Мӯҳтарам Шавкат Миромонович,
Дар иртибот ба пирузии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли хушнудӣ ва аз самими қалб ба Шумо беҳтарин табрикот ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.
Интихоби Шумо ба ин маснади воломақому ҳамзамон сермасъул далели возеҳи ҷонибдории васеи мардуми Ӯзбекистон аз роҳи сиёсии интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба мунтазам боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа нигаронда шудааст.
Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.
Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд.
Нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани заминаи мусоиди мероси созандаи таърихии муносибатҳои мардумонамон бар дӯши мо масъулияти бузургеро вогузор менамояд ва мо омодаем, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо саъю талошҳои заруриро ба харҷ диҳем.
Ба Шумо, мӯҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳҳатии комил, саодатмандиву хушрӯзӣ, дар фаъолияти давлатиатон дастовардҳои нав ба нав ба манзури рушду тараққии Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми барои мо бародари он сулҳу субот ва пешравии бардавом орзумандам».
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи 4-уми декабр Шавкат Мирзиёевро президенти тозаинтихоби ин кишвар эълон кард.
Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси кумисюни марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, ки Мирзиёев 88,61%-и овозҳоро ба даст овардааст: “Ба ҷонибдории Мирзиёев 15 миллиону 906 ҳазору 724 нафар овоз доданд”.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон бо иштироки 17,9 миллион нафар ё 87,8 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй 4-уми декабр баргузор гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |