Бахшҳо

Тавсифи Раҳимзода аз корнамоии Захарченко, Дудиев, Ҷӯраев, Усмонов ва ...

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аснои суханронӣ дар чорабиние бахшида ба таъсисёбии Воҳидҳои махсус аз кормандони кушташудаи ин ниҳод ёдоварӣ карда, аз корнамоиҳои онҳо тавсиф кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, Раҳимзода иброз дошта, ки дарки баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба давлату миллат буд, ки кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар муборизаҳои сангин дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок карда, аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон додаанд.

Ба иттилои манбаъ, вазир дар идома қайд намудааст, ки “далерию мардонагии фарзандони ин сарзамин, кормандони Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ Зоиршо Қаландаров, Олег Захарченко, Муқимҷон Алиев, Фарух Зарипов, Зариф Саидов, Дмитрий Буриев, Олег Дудиев, Шералӣ Давлатов, Иброҳим Ҷӯраев, Бобобек Тиллоев, Ҷамшед Махсумов, Тоҳир Усмонов ва дигарон беҳтарин намунаи диловарию корнамоӣ ва садоқат ба Ватан мебошад, ки барои ҳимоя ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҷони худро нисор кардаанд. Хотираи неки ин родмардони Ватан дар таърихи милитсия ва дар қалби ҳамкорону дӯстон ҷовидонӣ боқӣ хоҳад монд”.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, ҳарчанд аз таъсиси Воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале ин ниҳод собит намуд, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд, барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Ӯ дар идома таъкид намудааст, ки “кормандони ин ниҳод барои мубориза бурдан бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, ошкорсозӣ ва безараргардонии ин гурӯҳҳо, итттиҳодияҳои ҷиноятии байналмиллалӣ, бартараф намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок ҳамеша омода буда, вазифаи худро софдилонаву содиқона баҳри таҳкими истиқлолият, осудагии кишвар ва баланд бардоштани обрӯву эътибори кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарбаландона иҷро менамоянд”.

Ба иттилои манбаъ, бо фармони Рамазон Раҳимзода як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барои хизматҳояшон бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, нишони сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаю раҳматнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуда, ба оилаҳои кормандони фавтида ва маъюбон кӯмаки моддӣ расонида шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)