Д.Шарифов: “Ховар” дуруст мегӯяд, ин бори аввал нест...

Дар пайи боридани барфи зиёд ва сардиҳо, хабаргузории “Ховар” навишт, ки “ин бори аввал нест”. Воқеан ҳамкасбонам дуруст мегӯянд, ингуна сардиҳо, ки ба думболаш мушкилиҳо ҳам доштааст, бори аввал нест. Ман ҳам аз ин навиштаи ҳамкасбонам илҳом гирифта чанд сатре сиёҳ кардам, ки ки воқеан бори аввал нест. Он мушкилиҳо ё ҳамешагиянд ё такроршаванда. Ба ҳар сурат, ба навиштаи ҳамкасбонам ин бори аввал нест...
Ларзидани муйсафедон, шикояти кампирон аз сардию бебарқӣ дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ. Дар синфхонаҳои торику сард ва бебарқ дарс хондани хонандаҳо. Шамъ дар ошёнаҳои баланд ва гоҳо дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо. Азоби модарон ҳангоми омода кардани таъом, шӯстани либос дар сардии зимистон. Овози баланди “движок” дар беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ. Бисту чаҳор соат зиндагӣ бо бӯйи таппаку ангишт. Ин бори аввал нест...
Вазъи бади хизматрасонии нақлиёт на танҳо дар деҳоту навоҳии дурдаст, балки дар марказӣ шаҳр. Соатҳо интизор шудани нақлиёт барои рафтан аз як ноњия ба ноҳияи дигар дар фасли сармо. Дар рӯзи сард миёни роҳ аз кор мондани тролейбус ва бо дили хоҳаму нохоҳам фаъолият кардани нақлиётҳои хусусӣ дар рузи сардӣ. Ин бори аввал нест...
Буридани сари муҳоҷирон дар Русия. Сӯзондани ҷисми муҳоҷирон. Куштани кӯдаки муҳоҷир. Фирори мағзҳо. Риоя нашудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ, ки ҳамеша шикоят мекунанд. Муҳоҷирати занону кӯдакон. Ин бори аввал нест...
Нахондани донишҷӯ. Бетаваҷуҳии мардум нисбати илму дониш. Фасод дар системаи маориф. Ба баҳсҳои бегонапарастию худӣ машғул шудани олимон. Дарк накардани воқеъиятҳо. Баҳсҳои беҳудаи мазҳабӣ. Ин бори аввал нест...
Бекории мардум. Гаронии нархҳои бозор. Дар бештари ҳолат сари вақт нагирифтани нафақаю маош. Шикояти рузафзуни корафтодагон. Набудани корхонаҳои бузургӣ саноатӣ. Шикоят аз бекорӣ. Ин бори аввал нест...
Бегуноҳии роҳбарон. Серкории вазирон. Камбағалии раисон. Ҳамеша ҳақ будани судҳову прокурорҳо. Қарздории тоҷирон. Шикояти андозсупорандагон. Ин бори аввал нест...
Ба ин гунаҳгор будани “ношукрон”. Беҳудагӯии зиёиён. Нофаҳмии мардум. Ба такарор навиштани журналистон. Ин бори аввал нест...
Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |