Манъи истифодаи мусофирбари 2900 дар хатсайрҳои Душанбе

Корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” истифодаи мусофирбари рақами 2900ТТ05-ро дар хатсайрҳои пойтахт мамнуъ кардаст.
Ҷумъахон Давлатов, муовини раиси “Душанбенақлиётхадамотрасон” имрӯз 6 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қарор шуд, ки ронандаи мусофирбари мазкур аз ҷамъияти “Нақлиёт” ронда ва шартнома тариқи яктарафа қатъ карда шавад.
Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки мусофирбари мазкур дуздида ва ғайриқонунӣ дар Душанбе барои мусофирбарӣ кор бурда шуд. Давлатов мегӯяд, нисбати нафаре, ки мошинро ғайриқонунӣ гирифта мусофирбарӣ намуд, мақомоти дахлдор чораандешӣ мекунанд.
Ахиран як мусофир бо нашри акси ронанда - Сафаров Муҳаммад ва рақами мошини таҳти идораи ӯ дар Фейсбук гуфт, Сафаров аз мусофирон маблағи барзиёд ситонда, дағалӣ кард. Ба эроди мусофирон, ки дар мошин сигор накашед, Сафаров посух додааст, ки мошини худаш ҳаст ва ҳар коре хоҳад мекунад: “Ба касе маъқул нест, фарояд”.
Мусофир мегӯяд, Сафаровро огоҳ кард, ки ба мақомот шикоят мекунад, аммо ӯ дашном додааст “Ба ..., комера мегӣ бугу, пеши комеш мерай бра, пеши отат мерай, пеши раис мерай, пеши президент мерай...".
Бародмат Муродов, масъули ҷамъияти “Нақлиёт”, ки хатсайри 19 таҳти назораташ аст, рӯзи, 1-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нафаре, ки аз мусофирон дар хатсайри 19 маблағи зиёд гирифтаасту таҳқиру дашном додаст, мошини ширкатро гирифта, ғайриқонунӣ ба мусофирбарӣ машғул будааст: “Ӯ ронандаи мо нест, танҳо автомашинаи ҷамъиятро, ки дар таъмир буд, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст”.
Сокинони Душанбе мегӯянд, дар пайи оммавӣ шудани ин қазия бархе аз ронандаҳо дар хатсайри 19 рӯзҳои охир 40 дирам бақияпулии мусофиронро дода истоданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |