Фирори қочоқбарони афғон баъди муқовимати марзбонони тоҷик
Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҷилавгирии ду ҳолати интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба қаламрави кишвар хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, қочоқбарони афғон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ бо наряди сарҳадӣ ва кормандони КДАМ рӯбарӯ мешаванд: “Сарҳадбонон мувофиқи талаботҳои Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, барои нигоҳ доштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ба осмон тир холӣ менамоянд, қочоқбарони афғон ба амри муҳофизони сарҳад итоат накарда ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷа миёни марзбонон ва қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад ва қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, ба самти Афғонистон фирор мекунанд: “Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 25 кг маводи мухаддири навъи афюн ва 4 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |