Бахшҳо
08 дек 2016 11:34Тоҷикистон / Тема дня

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8-уми декабр Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, дар Маркази идоракунии ин иншоот бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 расман оғоз бахшиданд: “Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт – соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуда, дар натиҷа таъмини шабонарӯзии нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли гузашта 16 фоиз афзоиш меёбад: “Маркази мазкур метавонад қариб 60 фоизи талаботи шаҳри Душанберо ба нерӯи барқ қонеъ намояд. Ҳоло иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ бо дарназардошти навбати аввал ба 400 мегаватт, яъне то 9,6 миллион киловатт – соат нерӯи барқ ва 235 гигакалория гармӣ дар як шабонарӯз расонида шуд. Гармие, ки истеҳсол мешавад, барои қонеъ гардонидани манзили сокинони шаҳри Душанбе, муассисаҳои иҷтимоиву таълимӣ ва дигар иншооти пойтахти мамлакат равона хоҳад гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъмини сокинони пойтахт бо гармӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаву идораҳо ва аҳолии пойтахт хотиррасон кардааст, ки корҳои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои буғ ва оби гарм ва пайвастани хонаҳои истиқоматиро ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода, ба масъалаи истифодаи самараноку сарфакоронаи гармии истеҳсолшаванда ва нерӯи барқ эътибори аввалиндараҷа диҳанд: “Зеро дар баробари афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ шумораи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ низ зиёд гардида, талабот ба нерӯи барқ торафт афзуда истодааст. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар баробари дигар чорабиниҳо барои нигоҳ доштани тавозун байни истеъмолу истеҳсол, воридот ва истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ва сарфаи нерӯи барқ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти кишвар ҳамаи чораҳо амалӣ карда шаванд”.

Манбаъ зикр кард, ки хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он имрӯз аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.


АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод

АКС: Э. Раҳмон гармиро ба хонаҳои Душанбе сар дод
Мӯҳр
ана ин пешравии хеле калон инша аллох умедворем хамаш хуб мешавад рахмати калон чаноби оли ба гамхориатон !

Муборак шавад ба халки точик! Имсол даххо заводу корхона кушода шуд ки онхо неруи барки зиёдро талаб мекунанд барои хамин дар умум ин гуна тавоноихои хурд талаботи Точикистонро пура конеъ карда наметавонад. Барои пурра таъмини неруи барки мардум неругохи бузург чун Рогун лозим аст. Хулоса дар кишвари мо саноатикунони суръати баланд дорад нисбати бо энергиятаъминкунии ахоли.
(дируз расонахои хамсояхоямонро Узбакистону Киргизистонро хондам хамонхоям хамин мушкили баркро доштаанд, мардуми дехоташон хама шикоят доранд ки дар як шабона руз 1-2соат барк медиханд.)

зинда бошед барои чунин маркази барку гармидихиатон Пешвои миллат.Дар хонахои мо оби гарм тавассути батарехо омад дар хакикат хонахо гарм шуд.Рахмати калон ба коргарои ин маркази гармидихи.

Кани я сатил ов биёрен марам сарма бшум. Чанвакт шид сармам нашуштам азбеовира

Кулоби
Хамаи барку гарми факат барои Душанбе будааст, ин дигар минтакахо бебарк хастанд ва хусусан ш.Кулоб,ки дар як шабонаруз 12 соат барк дораду халос,лекин дар хонаи мансабдорхо шабуруз барк хаст, кани адолат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)