Бонки ҷаҳонӣ ҳамлу нақл дар Тоҷикистонро аз вазнинтаринҳо хонд

Бонки ҷаҳонӣ, ки ҳар ду сол шохиси ҳамлу нақли 160 кишвари ҷаҳонро раддабандӣ мекунад, дар гузориши ҷадидаш Тоҷикистонро дар мақоми 153-ум қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 114, соли 2010-136 ва соли 2010 дар мақоми 131 ҷой гирифта буд.
Ҷой гирифтани низоми ҳамлу нақли Тоҷикистон дар даҳгонаи бадтаринҳои ҷаҳон дар ҳолест, ки Қазоқистон бо омадан дар ҷойи 77-ум пешсафи кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Баъди он Узбакистон дар ҷойи 118, Туркманистон 140 ва Қирғизистон дар ҷойи 149 омадааст.
Ин шохиси Бонки ҷаҳонӣ ҳар ду сол нашр мешавад, ки системаи ҳамлу нақлро дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нишондодҳои ба расмиятдарорӣ дар гумрук, инфрасохтор, соддагӣ, қиммати таҳвил, рақобатпазирӣ ва сифати хизматрасонӣ, пайгирию контроли коло ва таҳвили он баҳогузорӣ кардааст. Аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ шаффофият, суръат ва содагии фаъолияти гумруки 160 кишвари ҷаҳонро зимни ҳамлу нақли бор баҳогузорӣ карда, мақомоти гумруки Тоҷикистонро дар ҷои 150-ум қарор додааст.
Олмон, Люксембург ва Шветсия дар сегонаи аввали ин шохис омадаанд. Бадтарин сифати ҳамлу нақл дар кишварҳои Ҳаитӣ, Сомалӣ ва Сурия будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |