Бахшҳо

Президент раисони 4 ноҳияи вилояти Хатлонро иваз намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои худ раисони чор ноҳияи ҷануби кишварро аз вазифа кардааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, раиси шаҳри Сарбанд Чиллазода Қарахон, раиси ноҳияи Темурмалик Гулмаҳмадзода Мирзохон, раиси ноҳияи Фархор Раҳимзода Раъно ва раиси ноҳияи Қубодиён Абдураҳмонзода Саидумрон Назар “бо сабаби ба кори дигар гузаштан “аз вазифа озод шуданд.

Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур Файзуллозода Зафар Хайруллоро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён, Вализода Сулаймон Кабутро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор ва Самизода Санавбар Зайнуллоро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таъин кардааст: “Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслзода Эмомиддин Муҳриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шуд”.

Бар асоси қарори дигари ҳукумат Абдураҳмонзода Саидумрон Назар муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)