Даъвати созмонҳои журналистӣ аз мақомот: Уҳдадориҳои худро дар таъмини озодии баён иҷро кунед

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо пахши як изҳороти муштарак аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон даъват кардаанд, уҳдадориҳои худро дар ростои ҳуқуқи инсон ва озодии баён иҷро кунанд.
Дар ин изҳорот, ки бахотири Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон нашр шудааст, гуфта мешавад, давоми ду соли ахир вазъият дар ин заминаҳо бадтар шудааст: “Гузоришҳои созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ нишондиҳандаи ҳамин вазъиятанд, аммо ниҳодҳои марбута хулосаҳои онҳоро рад мекунанд”.
Муаллифони изҳорот бо ишора ба шохиси озодии баёни “Гузоришгарони бидуни марз” навиштаанд, “Тоҷикистон дар шохиси соли 2016 бо гирифтани мақоми 150-ум 34 зина поин омад. Ҳеч кадом аз кишварҳо дар ин раддабандӣ дучори чунин уфти шадид нашуд”.
Ин ду ниҳоди марбут ба расонаҳои Тоҷикистон дар идома гуфтаанд, ки дар як сол 4 расона - “Вечерний Душанбе, “Дам”, “Нигоҳ” ва “Тоҷнюс” баста шуданд ва чанд нашрияи дигар дар вазъияти мушобеҳ қарор дорад: “Беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардаанд. Чунин вазъият нишондиҳандаи набуди шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди плюралистӣ буда, нигаронии созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳоро ба бор овардааст. Мушкили расонаҳо ин аст, ки баъзан манофеи хусусӣ, гуруҳӣ ва идорӣ бар манофеъи умум ҳоким мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки расонаҳои чандгунаӣ барои фароҳам овардани минбар ба тамоми қишри ҷомеа ва ба густариш додани плюрализм мусоидат мекунанд”.
Дар изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст: “Моддаи 30-юми Қонуни асосӣ озодии баён, матбуот ва ҳаққи истифода бурдани расонаҳоро барои ҳар кас кафолат медиҳад. Озодии баён барои он муҳим аст, ки ин озодӣ барои амалӣ шудани ҳуқуқи дигари конститутсионии шахс зарур аст”.
Ба ин тартиб дар поёни изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудааст, уҳдадориҳои худро дар таъмини ҳуқуқи инсон дар доираи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва меъёрҳои конститутсионӣ иҷро кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |