Бахшҳо

Ҳимояи ҳукумат аз тағйири номи Муғулиён, Куктош, Оқтеппа ва...

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқии вилояти Суғдро барои тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар навоҳии Панҷакент, Конибодом, Ашт ва Спитамен ҳимоят кардааст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат номи деҳаи Муғулиёни шаҳри Панҷакент ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷамбулак ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Куктош ба Кабудсанг, Кичик Шурнова ба Шурноваи хурд тағйир дода мешавад.

Инчунин деҳаи Шоҳидқараянтоқи ноҳияи Конибодом ба Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба Сафедорак иваз мешавад: “Деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ашт ба Қалъача, Қамишқурғон ба Ҳуҷистон табдил меёбад”.

Дар ноҳияи Спитамен деҳаҳои Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқурғон ба Фармонқалъа, Саидқурғон ба Саидқалъа, Қуштегирмон ба Сариосиё тағйир дода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро барои тасвиб ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод кардааст.
Мӯҳр
Штирлис
Калима ба калима тарҷума кардани ном чи маънӣ медиҳад. Ягон номи шоир ва ё қаҳрамони кишварро мегузошт беҳтар намебуд. масалан сафедтеппа маълум ки баландие, ки бо сафеди иҳота шудааст. боз кабудсанг маънояш санги кабуд будаст. ё беҳтараш ба ибораҳои тоҷикӣ ифз кунед. деҳаи санги кабуд ва тепаи сафед ё баландии сафед ва ё барфак.

Бисёрхам икдоми хуб ,дар худуди нохияи Рудаки як деха аст бо номи Охчакман ахли деха точикони мукимианд ,лекин номи нофахмо илтимос хаминрохам пайгири кунед савоб мегиред.

Аслан номи таърихии Камишкурғон Хучистон аст.Зеро, ки ин деха дорои кони кадимии намаки оши мебошад ва дар луғат маънои калимаи хуч—намакро мефахмонад!

Антибиёбони
Бисёр кори хуб ин номхои турки мугули дар натичаи бесаводии мардум тули асрхои баъди хамалоти араби биёбони хусусан баъди сукути абардавлати мо Сомониён ва гусфандчаронихои бевакфаи узбакони бозмондои Шайбакхон дар чад саддаи ахир ба вучуд омад.. мардум то чое бесавод шуданд ва нодон ки хар суханеро аз забони ачониб мешуниданд росту дуруст гуфта мепазируфтанд хамчунон ки имруз хам баъзе мулохои хурофоти аз мо фикр андеша карданро гирифтаанд таамул руи як иддао ва идея намекунем хар чи фалон хочи ва ё фалон эшон гуфт хамин хакикат аст гуфта мепазирем ва бдтар аз хама ин тарзи тафаккур дар баъзе тасилокардаои ам сироят кардааст.

Саъдулло
Ба фикри ман калимаи "Охчакман" - "Оқ чакман", яъне ҷомаи сафед ё пироҳани сафед мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)