Бахшҳо

Баҳси басташавии “Нигоҳ”-у “TojNews” дар Вена: Мушкили молӣ ё хости прокуратура?

Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА гуфт, фаъолияти ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” ба далели молӣ қатъ шудааст.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 14-уми декабр зимни 18-умин Конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ бо номи "Чолишҳои гуногуни озодии расонаҳо дар Осиёи Марказӣ", ки дар Вена ҷараён дорад, изҳор дошт.

Саида Искандарова ин далели худро дар посух ба интиқодҳои Даниел Кислов, мудири хабаргузории "Фергена.ру" ироа кард. Кислов зимни арзёбии мушкилоти расонаҳои минтақа ҳамчунин аз қатъи фаъолияти ин ду расонаи Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки дастандаркорони ин расонаҳо омили аслии қатъ кардани фаъолияти худро “мавҷуд набудани шароити лозим барои фаъолияти расонаҳо ва журналистика" номиданд.

Дар ин робита Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил зимни конфронс гуфт, Прократураи генералӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бастани ин ду расона аризаи даъвогӣ ирсол карда буд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” моҳи ноябри соли равон фаъолияташонро қатъ карданд.

Ҳайати эҷодии оҷонсии итилоотии TojNews дар паёми хайрбодияш гуфт, “ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд”.

Ҳайати эҷодии хабаргузорӣ эълон карда буд, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

"TojNews" моҳи сентябри соли 2009 ба фаъолият оғоз карда, 14-уми ноябри соли 2016 аз қатъи фаъолият хабар дод.
Мӯҳр
Боймуродиха
Гуш кунед,бухрони иктисодиву молияви дар тамоми чахон пахш шудааст,на танхо дар Точикистон.Шумо маблаги чоп кардани рузномаатонро наефтед,причем тут прокуратура?Бахонаи кампири гу.......ни нони чави,шумо хам хамихел.Чи мехохед,ки бо Хукумат маблагтон дихад.Аз фаъол будани рузномаи шумо набудагиш хубтар аст.

"Хар чи донад хурлани канду набот..."
Дар хаёти хамарузаи мову шумоён рузномахову мачалахо (нашрашон) шарт ва зарур аст. Ин ягона манбахое аст,ки мардум аз хабархову вокеахои харруза бохабар мешаванд. Модоме,ки мо хама хурду калон бо супоридани андозхо саркаши намекунему сари вакт маблаггузори мекунем . Чаро агар маблаги ночизе,ки бояд барои фаъол будани мачалахо сарф шавад саркаши мекунед ё садди рохи нашрашон мешавед ,ин аз мардум бо мардум аст..
То ба кай мо Масъулин барои шунидани сухани хак гушхои худро бо кари меандозем............
Озодагон мутмаинам.

Ҳамз...
''Пешвои Миллат'' ҳаррӯз аз дастгириӣ журналистон, соҳибкорон ҳарф мезананду бар аксаш мешавад...

Муха.
Рузномае, ки хирфави нест, умри кутох дорад. Рузномахоро касби кардан даркор. Маводхоро касби навиштан даркор. Рузнома ва рузноманигор бояд бегаразона фаъолият дошта бошад. Умри хама гуна гаразу гараздори кутох аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)