Бахшҳо

Гилаи вазир аз соҳибкорон: Ба масҷидсозӣ майл доранду ба ёдгориҳои фарҳангӣ не...

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вакилони Маҷлиси намояндагон хост, дар мулоқот бо интихобкунандагон таваҷҷӯҳи сокинонро ба эҳё ва ҳифзи мероси нотакрори таърихию фарҳангиамон ҷалб намоянд.

Шамсиддин Орумбекзода ин нуктаро, имрӯз, 15 декабр зимни муҳокимаи парлумонӣ дар масъалаи Иҷрои буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 иброз дошт.

Вазир гуфт, соҳибкорон ва аҳли ҷамоати кишвар дар самти ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон ташаббуси зиёд зоҳир намекунанд: “Онҳо ба ҷои ҳифзу эҳёи таърихи нодирамон, бештар ба бунёди масҷидҳои нав даст мезананд, ки шумо депутатҳои муҳтарам аз ин хуб иттилоъ доред. Ман аз вакилон хоҳиш мекунам, ки зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон нисбати эҳёи мероси нотакрорамон таваҷҷӯҳи интихобкунандагонро ҳар чӣ бештар ҷалб намоянд”.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон иброз дошт, ки тибқи барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, ки аз ду марҳила иборат аст, барқарор намудани 10 иншоот дар марҳилаи аввал ва 9 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудааст: “Инчунин тармими 8 иншоот дар марҳилаи аввал ва 7 адад дар марҳилаи дуюм пешбинӣ шудаст. Амалигадонии барнома дар ду марҳила сурат мегирад, марҳилаи аввал бо ҷамъбасти соли 2015 анҷом ёфт ва аз марҳилаи дуюм аллакай як сол сипарӣ гардид”.

Орумбекзода қайд намуд, ки тибқи барнома, аз ҷумла 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 30 масҷиди таърихӣ, 30 маъбади қабл аз исломӣ бояд бо таъмиру тармим фаро гирифта шаванд: “Аз онҳо бояд 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ таъмир гарданд”.

Ба қавли вазири фарҳанг аз 14 миллиону 35 ҳазор сомонии пешбинишуда, аз соли 2013 то соли 2015, танҳо 3 миллиону 984 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 28%-и нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад: «Дар соли 2016 барои ҳифз ва истифодаи сарватҳои фарҳангию таърихӣ тибқи нақша-чорабиниҳои барномаи давлатӣ дар марҳилаи дуюм 41 миллиону 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, аммо дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатӣ 4 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 11,67 фисадро ташкил медиҳад”.

Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки аз иҷрои Барномаи ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 қаноатманд набуда, ҷалби аҳли ҷомеа ва соҳибкоронро ба ҳифзи мероси фарҳангӣ зарур хонд. Ӯ илова намуд, ки сармоягузорони хориҷӣ низ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.

Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон зимни муҳокимаи парлумонӣ гуфт, феълан 2 ҳазору 20 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошанд. Ба гуфтаи Раҷабова дар маҷмуъ маблағи пешбинишуда дар доираи барнома 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 миллионро маблағҳои буҷетӣ ташкил медиҳанд: “То ҳол 4 миллиону 384 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, таносуби иҷрои барнома аз соли 2013 то августи соли 2016 нисбат ба маблағи пешбинишуда ҳамагӣ 16,7%-ро ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
Муслим
Агар як нафари мусалмон дар дунё масчиде бунёд мекунад, ХУДОВАНД(ч.ч) дар чавоб ба ин бандаи мусалмонаш дар охират касри бохашамати аз тилло ва марворид сохта шуда. хадя мекунад. хадиси Ал-Бухори.

коргар
Масчид сохтан садакаи чори мешавад

Замин
Хамин вазири фарханг аз руи шунид марди хоксор аст, аммо ...............

Файзалӣ
Замин!
Вазири фарҳанг бе " аммо" марди хоксору дар ҳақиқат фарҳангӣ мебошад. Ҷаноби олӣ ҳар каси аз пеш мебаромадагиро Вазир таъин намекунад. Ӯ дар раванди сулҳи тоҷикон бисёр ҳисса дорад. Вале Вазирро ҳам фаҳмидан лозим бародарон. Ҳар кӯча солҳои 92 масҷиди худро сохт. Дар деҳаи мо масҷид буд. Нисфи одамон 3 километр маҷиди дигар мерафтанд -зеро ба муллои масҷид "қаҳрӣ" буданд. Натиҷаашро ҳамаамон дидем. Пайғамбари Худо гуфтааст, масҷид соз на ғайбатхона. Як гурӯҳ ҷамъ шуда чунон сафсаттахонӣ мекунанд, ки гӯё нав аз он дунё аз таги қамчини ҳазрати Азроил халос хурда омода бошанд.
Ин дунёро тибқи ақидаи соҳибназарон 5 миллион сол шудааст то ҳол касе аз он "дунё" бо мактуби "саломатие" наздамон наомадааст. Дар Афғонистон зиёда аз 80 ҳизбу созмонҳои исломӣ вуҷуд доранд. Аз одам дида, масҷид фаровон аст. Шоҳиди чӣ ҳастем?!
Мисру Шому Ҳалабу Бағдод- хулоса дар тамоми минтақаи зуҳури Ислом - "макони масҷидҳо" миллионҳо занону кӯдакон қатл мешаванд.
Зӯрамон омаду аз домани ҳамсоя медорем "моро ҷанг андохтанд, вагарна мо мусулмонҳо дини бузургу фарҳанги бузург дорем". Акамуллоҳо инҷо мантиқҳои аблаҳона наҷӯед... Маро ба қавле "нағавҷед"
...Биёед, ба ҷой чӯбу тахтаю шиферҳоро ҳайф кардан дар қалбҳоямон "масҷидсосозӣ" кунем, ҳамон масҷидҳои Афғонистону Ироқу Мисру Ҳалабу ва дар худамон ҳозир дорем ба ҳафт пуштамон кифоя аст...
Хулоса Вазири фарҳангро нафаҳмидан- айни ҳол ин як ваҳшигист...

Агар як нафар инсон дар дунё мактабе бунёд мекунад, ХУДОВАНД(ч.ч) дар чавоб ба ин банда охираташро обод месозад. Хадиси Вазир

Фарзанди одам
Умри инсон кутох аст, албатта ки масчид месозанд то дар охират нафъе барояшон расонида тавонад

Ба вазири фарханг савол: аввал гуед, ки он миллионхои гирифтаро барои баркароркунии кадом ёдгорихо сарф кардед???
Аз он масчиде ки сохтанашро монеъ мешавед мардум хар руз панч бор истифода мебаранд, ба даромаданаш пул намедиханд, дар наздикиашон асту ба рафтан ба суяш аз чизе танкиси намекашанд. Дар он чо аз ахволи якдигар хабардор шуда меистан. Аз сиёсати давлат хар хафта дар рузхои чумъа маълумот мегиранд. Махсусан бештари ашхос дар он чо огохонида мешаванд ки ба гуруххои тундрав пайваст нашаванд. Саразм, Тахти Афросиёб, Калъаи Мугро баркарор кунед хам талаботи рафтан ба суи онхо намеафзояд, зеро аксари мардуми мо ба ёдгорихои таърихи шавк надоранд ва аз чихати иктосоди низ сарфи бехуда хисоб мекунанд.
Оё гуфта метавонед ки хар сол чи кадар сохибкорони ватани ба тамошои Хулбук мераванд?

Оё бар он чизе ки шавк надори мехохи вакту маблаг сарф куни?

Файзалӣ
Аниқаш ту Културолог нею Муллоролог ҳасти акнун ту ба саволи ман ҷавоб деҳ, аз аввали солҳои 80 ум мулло Ҳайдар дар Кӯлоб чандин гектарро банд карда масҷид месозад. Ба ғайр аз ҳамон бетонҳои ПМК-ҳои замони Шӯравӣ, прорабҳои онзамона списат карда, ба масҷид "тӯҳфа" карданд, дигар ягон ободие пайдо нагардид. Одамон ҳатто говҳои ширдеҳ, хонаҳои истиқоматии худро худро фурӯхта савобталабӣ карданд. Агар он сарвати мардум, ки ба сохтмони ин масҷид сарф шудаастро Худованд худаш мадад кунаду расонаи шавад, даҳ-сад баробари буҷаи Вазорати фарҳанг мешавад. Ана, инҷо акаи Муллоролог шумо нобиноед. Ёдгориҳои Бомиён солҳои сол ба афғонҳои бечора аз ҳисоби кишварҳои Ҷопон, Чин, Корея миллионҳон фоида моварданд. Васл карда "масҷид" сохтед,-фоидаашро худатон медонед?!..
Монед, мардумро ба ҳоли худаш онҳо аз шумо мусулмонтаранд!...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)