Бахшҳо

Убайдуллоев аз Шакарбек хост, ҷаласаи бефоидаро каму корро зиёд кунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҳисоботи солонааш дар ҷаласаи вакилони пойтахт мушкили таъминоти барқ дар шаҳрро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ӯ 15-уми декабр зимни ҳисобот ба вакилон мушкилоти таъмини барқро ба сабабҳои молиявӣ рабт дода, ба сохтори болоии “Барқи тоҷик” ишора кардааст, ки барномаҳои омодагӣ ба зимистонро ба таври лозим сармоягузорӣ намекунанд: “Бояд тазаккур дод, ки баҳри баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии истеъмолкунандагони шаҳр, аз ҷониби корхона ҳамасола барнома ва нақша-чорабиниҳои марбута, аз ҷумла вобаста ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон таҳия ва тасдиқ гардида, мутаассифона бинобар сабабҳои молиявӣ, ки ба сохтори болоӣ – ШСХК “Барқи Тоҷик” вобастагӣ дорад, барнома ва нақша-чорабиниҳои мазкур солҳост, ки ба пуррагӣ иҷро намегарданд”.

Ӯ аз боридани барфи аввал ва садамаҳои рухдода дар истгоҳҳо ва зеристгоҳҳо гуфтааст, ки “дар тарҳрезии корҳои омодагӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” камбудиҳои зиёд ҷой доранд”.

Убайдуллоев аз муовинаш Шакарбек Самадов хостааст, ба ҷаласаҳои бефоида хотима бахшаду якҷоя бо “Барқи тоҷик” мушкили сокинонро ҳал кунад: “Барои таҷдиду азнавсозии таҷҳизот ва шабакаҳои барқии фарсудагаштаву дар ҳолати серборӣ қарордоштаи шаҳр, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва паст намудани сатҳи талафоти он чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд”.

Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии фасли сармо шикояти сокинони Душанбе аз қатъи интиқоли барқ афзоиш ёфтааст.

Дар акс: Шакарбек Самадов
Мӯҳр
Рустам
Аз дасти Шакарбеки бечора чи мебиёд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)