Бахшҳо

“Тоҷиксодиротбонк” муҳлати баргардонидани амонати муштариёнашро эълон кард

“Тоҷиксодиротбонк” эълон кардааст, аз 3 январи соли 2017 баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёнро шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои торнамои бонк, баргардонидани маблағҳои амонатӣ “бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда” оғоз мешавад. Манбаъ меафзояд, амонатдорон имкон меёбанд, моҳе як бор қисми муайяни маблағҳои амонатии худро бо пули миллӣ ё эквиваленти он бо асъори хориҷӣ дар Сарбонк ва филиалҳо дар муддати то як сол бозпас бигиранд: “Инчунин, Бонк барои тақвият бахшидани раванди бозгардонии маблағҳои амонатии муштариён иқдоми музоядаи фурӯши амволи манқул ва ғайриманқули Бонкро аз қабили, манзил, офис, воситаҳои нақлиёт ва амволи дигар дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон менамояд. Иқдоми мазкур муддати ду ҳафта идома ёфта, ҳангоми хариди амвол ба амонатдорони Бонк имтиёз ва бартарӣ дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки амонатдорон мувофиқи андозаи маблағҳои амонатии худ амволи Бонкро бо истифодаи имтиёзҳо харидорӣ намоянд”.

“Тоҷиксодиротбонк” инчунин хабар медиҳад, ки миқдори муайяни саҳмияҳои худро бо нархи ниҳоӣ ба фурӯш мегузорад, ки иштироки шаҳрвандон дар он озод аст ва дар харидории саҳмияҳо низ имтиёзи авлавият ба амонатдорон ва муштариёни бонк дода мешавад: “Ғайр аз ин, бо ҳар як муштарии Бонк оид ба баргардонидан ё тамдиди муҳлати амонатҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба он суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад”.

Торнамо менависад, шурӯъ аз 19 декабри соли равон хатҳои телефонҳои доимофаъол роҳандозӣ мегардад, ки ҳар як муштарӣ метавонад аз ҷойи худ истода бо Бонк тамос гирад ва оид ба навбати худ дар ҷадвали пардохти амонатҳо ва масъалаҳои дигар иттилоъ пайдо намояд.

Эълони муҳлати баргардонидани амонатҳои муштариён дар ҳолест, ки Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбарии “Тоҷиксодиротбонк” баргашт. Бонки миллии Тоҷикистон 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубов таъин карда буд.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон мебошад, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.

Мӯҳр
bobo
пирзода зур аст ва метавонад бонкро боз номи кунад.

Ёфти да зурата... Зӯр ку мешуд бонкро ба ин аҳвол ва мардумро ин қадар сарсону саргардон намекард. Агар қарзи навбатии давлат намешуд капааш дуд мекард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)