Бахшҳо

Брежнев кӣ буд: Наҷотдиҳандаи мардум, сарчашмаи тамаллуқ ё омили рукуди СССР?

19 декабр аз мавлуди Леонид Брежнев, котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ 110 сол пур мешавад. Назари муаррихон ва соҳибназарон ба даврони раҳбарии ӯ мухталиф аст. Хабарнигори “Озодагон” дар ин рӯз аз чанд нафар пурсид, ки аз Брежнев чӣ хотира доранд ва ӯро чӣ гуна шинохтаанд?

Қиёмиддин САТТОРӢ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Даврони раҳбарии Брежнев аз беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Маҳз дар даврони раҳбарии ӯ бахшҳои сиёсат, иқтисод, иҷимоъ ва фарҳанг пешравиҳо дошт. Мардум серу пур буд. Худи камина, фарзанди деҳқони хокпош, дар замони Брежнев ройгон таҳсил карда, сохиби тахассус ва мақому мартаба дар ҷомеа шудам.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Брежнев тақрибан 20 сол котиби генералии ҳизби коммунист буд ва дар замони ӯ тамаллуқу маддоҳӣ воқеияти вақт буд. Ӯ дар иҳотаи шоирону нависандагон ва зиёиёни дарборӣ карор дошт. Аз номи Брежнев китоб менавиштанд ва ҷиҳати ташаккули афкори байналмилалию ватанӣ оид ба стратегияи нотакрору бомаърифату интелектуал буданаш корҳои зиёдро анҷом медоданд. Мафтуни шахспарастию яккатозӣ буд ва худро на камтар аз худою пайғамбар эҳсос мекард. Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи ИҶШС дар низоми хокимияти давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ваколат ва салоҳиятҳои фавкулодда дошт. Бо истифода аз усулҳо ва ҳиллаҳо чанд маротиба дар рақобати сиёсӣ ба ҳадаф расид. Аммо бовуҷуди он ки рушанфикрону дигарандеширо маҳдуд мекард, вале ба онҳо имконият медод, ки шуғли муайян ё кору фаъолияту манбаи зиндагӣ дошта бошанд. Дар замони ӯ, ҳайъати мақомоти раҳбарикунандаи оинномавии ҳизб асосан аз консерваторону ортодоксҳо иборат буданд. Даврони раҳбарии Брежнев дар назария ва таҷрибаи сиёсӣ ҳамчун давраи карахтӣ пазируфта шудааст.

Раҳим ҚАЛАНДАРОВ, муҳоҷири меҳнатӣ
Вақте замони Брежневро ёд меорам худро хеле бад ҳис мекунам, зеро вақте вафот кард, мо наврасон маҷбур будем назди расмаш истода ба ҳар каси омада, салом бидиҳем. СССР монанди артишест. Ҳар ҷавон вақте ба хизмат мерасад, танҳо 6 моҳи охирашро нақл мекунад ва дар бораи 1 солу 4 моҳи дигар, ки шаттаву азоб дидааст, хомӯш аст. Брежнев ҳам ана ҳамон 6 моҳи охири артиш аст, ки халқ дар охири СССР дар давраи ҳукумронии ӯ сериву пуриро дид ва азоби гузаштаро фаромӯш кард. Ҳанӯз вақте мардум СССР мегӯянд, об аз даҳонаш меравад.

Нуралӣ ДАВЛАТ, муаррих
Даврони ҳукмронии Брежнев даврони беҳтарин барои мардуми шӯравӣ буд. Маҳз дар даврони ӯ некуаҳволии мардум баланд рафт, зеро баъди соли 1973 баъди чор баробар афзудани нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ Иттиҳоди Шӯравӣ 300-400 миллиард доллар фоида гирифт. Дар нимаи солҳои 70-ум вақте Брежнев бемор шуд ва қобилияти кории худро аз даст дод, атрофиён аз ӯ бут сохтанд, тамоми унвонҳо ва ҷоизаҳоеро, ки дар Иттиҳоди шӯравӣ вуҷуд дошт, ба ӯ доданд. Ба ҷояш китобҳо навиштанд. Тамоми дастовардҳои мардуми Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯ нисбат доданд, аммо вақте дар моҳи ноябри соли 1982 аз дунё гузашт, ҳамон атрофиёнаш ӯро аз тамоми унвонҳо маҳрум намуданд. Вайро омили аслии карахтии иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ дар тӯли 18 соли ҳукмрониаш эълон карданд.
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
Бобои Нуралӣ! Ҳеҷ кас ягон унвон ва ё мукофоти Брежневро нагирифтааст. Расман низ дар ин бора ягон хабар паҳн нагардидааст. Мисли Сталин ҳамсафонаш номи ӯро сиёҳ накардаанд. Ӯ ҳоло ҳам чор карат Қаҳрамон аст.

Вакте ки инсон бадодахои худованд шукр накард аз ин одамро худо мезанад дар давраи ссср зиндаги бадарачаи баланд буд вай мухочире ки дар боло гуфта гузаштааст ба вай гарибию гадои маькул будааст шукри он замон кардан даркор хамон ношукрие ки шумон карден ба кучо омада расидем зинда бод ссср

Замони Брежнев яке аз даврахои тилоии СССР ба хисоб мерафт. Махс хама ин мардуме ки имруз номи уро ба бади ба забон мегиранд, сохиби маълумоту обу ру гаштанд. Агар онхо дар холи хозир мебуданд маълумот ва мактаби олиро дар хобашон медиданд. Мардум хамма серу пур буданд. Ба 150- сум маъош 10- нафар фарзандро тарбия медоданд ва мехуронданд. Холо шабу руз дар мухочират мехнат мекунанд ба як мох намерасад. Ношукри накунед.

нон 12тин маска 68тин буд. ку ягон чода хамин хел давлатро ебен. дар шаби хоб ва дигар да синамо хам намебини.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)