Бахшҳо

Охирин суҳбати Исмоил Талбаков бо “Озодагон”, 16.12.16 (САДО)

Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 16 декабр чанд соат қабл аз даргузашташ бо “Озодагон” суҳбат дошт.

Ин суҳбати телефонӣ, ки ба 110-солагии Леонид Брежнев, котиби генералии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шуд, ҳудуди 12 дақиқа идома дошт. Исмоил Талбаков даврони раҳбарии Брежневро яке аз беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хонда, таъкид намуд, маҳз Брежнев озодона мардумро бо нон, орд ва гандум таъмин мекард: “Брежнев бо ду чиз машҳур буд: Яке ин ки мегуфт, нон бошад, суруд ҳам мешавад. Ин ҷумла то ҳанӯз дар ёди мардум мондааст. Ин бисёр мантиқи баланд дорад. Яъне, иқтисодиёт ва пул бошад, суруд ҳам мешавад. Чизи дигар, ин буд, ки ӯ аз аксари кишварҳои исломие пуштибонӣ намуд, ки ҳоло дар онҳо ҷанг рафта истодааст”.

Ба гуфтаи Талбаков дар замони Брежнев қурби пул баланд буд ва то 97 дарсади мардум бо ҷойи кор таъмин буданд: “Онҳое ки як ё ду моҳ ҷойи кор надоштанд ва ё онҳоро ба кор мебурданду аз кор саркашӣ мекарданд, нисбаташон ҷазо таъин карда мешуд”.

Ӯ афзуд, волидонаш 170 сум маош мегирифтанд, ки барои пеш бурдании зиндагии 10 нафар басанда буд. Хизматрасони тиббӣ ва маориф дар Шӯравӣ ройгон буданд”.

Раиси Ҳизби коммунист дар идома афзуд, яке аз дастовардҳои даврони Брежнев ин буд, ки мардум барои дониш гирифтану соҳиби касб шудан талош мекаарданд: “Дар замони ӯ баракат буд. Агар бо замони ҳозир муқоиса кунем, Президент Раҳмонов бо пои қадами худ сулҳ овард, дар даврони Брежнев зиндагии мардуми советӣ пурра тағйир ёфт. Аз ҳамин ҷост, ки дар тамоми давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз даврони Брежнев ба хубӣ ёд мекунанд. Ҳато вақте ман бо намояндаҳои парлумони кишварҳои Африқо вохӯрӣ мекардам, бо як ҳисси эҳтиром муносибат карда, он замонро ёд мекарданд”.

Талбаков мегӯяд, бо гузашти беш аз 25 сол аз суқути Шӯравӣ бармало шуд, ки замони Брежнев беҳтарин даврони СССР буд: “Брежнев барои башарият хизматҳои арзанда кардааст, ки бояд барои ҳар як роҳбар намунаи ибрат бошад”.

ЯК ҚИСМАТИ СУҲБАТ БО ИСМОИЛ ТАЛБАКОВРО ИНҶО ГӮШ КУНЕД


Исмоил Талбаков шаби 16 ба 17 декабр дар синни 61 даргузашт. Маросими ҷаноза зуҳри имрӯз дар масҷиди маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт баргузор шуда, ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок месупоранд.

Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Ӯ чандин сол муовини раиси Ҳизби коммунист буд ва моҳи июли соли 2016 дар Анҷумани 32-юми ҳизб дар курсии раҳбарӣ нишаст. Талбаков се навбат намояндаи Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ солҳои 2006 ва 2013 номзад ба маснади раёсатҷумҳурӣ низ буд.
Мӯҳр
Шахид аст иншоаллох ин дусти худову Расул.

Шамсулло
Худованд рахмату магфираташон кунад. Дар хакикат марги одам илми гайб аст. Касе намедонад, ки кай ин дунёро хайрбод мегуяд. Барои хамин бояд кушид, ки аз худ номи неку кори нек боки гузори, то пас аз маргат мардум аз амали некат ёд оранд.

Беном
Еее хай худо рахматш кунаду..лекин вая ки чаноза кардаст..дар дунё хар касе ба хар коре офарида шудааст..хдо мушкилиша осон кунадд.

Дусти Ленину Сталин на Худову Расул.

ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ МАРДИ БУЗУРГ БУДАНД!!! ХУДО РАХМАТАШОН КУНАД. ЧУНИН ИНСОНХО АНГУШТШУМОРАНД. ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ БАРИН МАРДОНИ БОШАРАФУ БОНАНГУ БАНОМУС ФАХРИ МИЛЛАТУ ТОЧИКИСТОНИЁН АСТ. ЧОЯШОН ЧАННАТ БОДО. МАРГИ ЭШОН ДАР РУЗИ ЧУМЪА ДАР МОХИ МАВЛУДИ ПАГАМБАРАМОН (с.а.в)БУДАНД.

Азиз ба Беном
"ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ МАРДИ БУЗУРГ БУДАНД!!! ХУДО РАХМАТАШОН КУНАД. ЧУНИН ИНСОНХО АНГУШТШУМОРАНД. ИСМОИЛ ТАЛБАКОВ БАРИН МАРДОНИ БОШАРАФУ БОНАНГУ БАНОМУС ФАХРИ МИЛЛАТУ ТОЧИКИСТОНИЁН АСТ. ЧОЯШОН ЧАННАТ БОДО. МАРГИ ЭШОН ДАР РУЗИ ЧУМЪА ДАР МОХИ МАВЛУДИ ПАГАМБАРАМОН (с.а.в)БУДАНД". И.Талбаков ягон бузурги надошт ва дар шумораи ангуштшуморон хам дохил набуд. Агар бошараф мебуд, дар бари Ш.Шабдолов истода уро бешарафу рухафтода намекард. Агар рохбарии хизбро хоста буд, пас бо Шабдолов пешаки маслихат мекард. Дар рузи чумъа бошад, бомжхо хам метавонанд чон диханд... Дар хар сурат Худо рахматаш кунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)