Бахшҳо

Р.Эмомалӣ, ҷавонтарин генерали тоҷик ба синни 30 қадам гузошт

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод, президенти Федератсияи футбол, ҷавонтарин генерали тоҷик имрӯз, 19-уми декабр ба синни 30 қадам гузошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст: “Маълумоташ олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст”.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст: “Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст”.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт: “Аз моҳи марти соли 2015 то ба ҳол дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дорад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад”.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал майори хадамоти гумрукро гирифта, ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
низоми
Ягон маротиба русигапзаниашро нашунидем хатто точики. Масалаи генералиро бошад синнусолаш мувофика намекунад ва хилофи конуни низомнлмаи харби оиди муфтахаргардонидани рутбахои низоми меблшад.

Муборак бошад Рузи таваллуд! 30 сол умр кам нест. Муваффакият ва бурдбори дар корхояш орзумандем. Бигзор на камтар аз Пешвои миллат ба халку ВАТАН хизмат намояд.

PK
Зодруз муборак бошад!!!!!

ШАХОБИДИН ЗИЁЕВ
ЗОДРУЗ МУБОРАК РУСТАМЧОН БА ШУМО УМРИ ДАРОЗ ТАНИ СИХАТ ХОНАИ ОБОД ХОХОНАМ

Шуморо бо рӯзи зодрӯзатон табрик гуфта, тани сиҳату комёбӣ ва саодатмандӣ барои Шумо ва наздиконатон хоҳонам, бароятон дар ин рӯз хушбахтӣ орзӯ дорам. Бигзор ин рӯз як санаи хушбахтию хурсандӣ дар хонаводаатон боқӣ монад.

Мухтарам Рустами Эмомали Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯям. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорам. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад.
Бо як ҷаҳон эхтиром Султон Гулмуродов

Искандар
Зодруз муборак 100сола шавед.

Курбон
Зодрузатон муборак ва дар корхоятон муваффакият

PK,Вазифат таёра барои и хушомадгуит.

И як нобига будаст ку. Ман нав фахмидам,ки у забонхои руси ва англисиро балад аст. Нав фахмидам,ки у генерал аст. Шояд шоиру нависандахам бошад ??
Як хамсоя дорем кариб бистсол мешавад дар ВКД кор мекунад неки Хеч аз хамон рутбаи прапорщик болотар нахест. Костюми танаш дар нури офтоб сухта аст хато як либоси соз надорад бечора дар танааш. Лекин инчо шунидам,ки Рустам генерал аст шок шидам. Акалан якбор дар пояш музаю пайтоба гирифтанша касе хаст,ки дида бошад ва тасдик кунад ?
Ман бахудо,ки хасад намехурам ва душманихам надорам. Лекин дилам ба ояндаи ин миллат месузад

Боймуродиха
Дар Рузи мавлудатон бародари азиз ба Шумо сихатмандиву бурдборихо таманно дорам.Аз ин хам мартабахои баланд насибат гардад,арзанда хасти.

Dust
Ozodagon hami jumlaro sharh medoden....
.............Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад”.

Хандакунон
Лекин хами забонхои англисиву немисиву русиша ачоиб гуфтагиен озодагони чуун. Рахмат хела хандидм, ихелишам мешидайда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)