Пешбинии ҷазо барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид карданиянд. Дар сурати қабули он минбаъд барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
Аз дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфтанд, лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, имрӯз, 19 декабр зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардидааст.
Эмомалӣ Насриддинзод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар шарҳи ин лоиҳа иброз доштоааст, ки мафҳуми “шахси мансабдор” дар қонунгузории кишвар ба таври гуногун тавзеҳ дода шудааст ва бо мақсади мутобиқ намудани мафҳуми зикргардида ба қонунгузории ҷорӣ ва талаботи моддаи 2-и Конвенсияи милалӣ муттаҳид зидди коррупсия, он дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Ба қавли ӯ, илова бар ин, яке аз талаботи тавсияи Созмони ҳамкориҳои рушд барои Тоҷикистон дар доираи Нақшаи истамбулии шабакаи мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ин баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагони “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” дар Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” мебошад: “Бинобар ин, дар лоиҳа моддаи 663 ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи он пешниҳод гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи худ инчунин як қатор масъалаҳои дигар, аз қабили лоиҳаҳои қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро муҳокима ва баррасӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |