Бахшҳо

ВКД: Корманди пулис ба номуси Малика таҷовуз накардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ асос надорад.

Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи “санҷиши холисона аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шуд, ки дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят дида намешавад”.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи санади тахшиси судӣ-биологӣ таҳти №119 аз 8 июли соли 2016 далели ҳодисаи таҷовуз ба номус исбот нагардидааст: “Бо қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ ва дастрасии моддаҳои 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва 149 Кодекси ҷиноятӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бинобар тасдиқ нашудани гуноҳи онҳо рад карда шудааст”.

18 ноябр Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дод, ки маъмури милиса дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ ба номуси Малика, ҷавонзани 25-сола таҷовуз кардааст. Манбаъ афзуд, ҳодиса моҳи июни соли равон дар ҳоле рух дода, ки Малика (номи мустаор) дар пайи як муноқишаи маишӣ ба ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ оварда шудааст: “Корманди милиса бо тарсдиҳӣ ва таҳдиди зӯроварӣ ба номуси духтар таҷовуз кардааст”. Эътилоф мегӯяд, одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд, аммо Малика ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, кӯмак хостааст. Ба иттилои манбаъ Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ҷабрдида дар пайи бефаъолиятии мақомоти милиса ва додситонӣ ба омбудсмен муроҷиат кардааст: “Инчунин ба далели эътимод надоштан ба додситонии маҳаллӣ вакили дифоъ хостааст, қазияи мазкурро Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ кунад. Додситонии кул қарори муфаттиши ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодисаро бекор карда, маводро барои санҷиши такрорӣ ба додситонии ноҳияи Рӯдакӣ равон кардааст. Маълум шуд, ки санҷиши нав низ ба уҳдаи муфаттише гузошта шудааст, ки қаблан ифтитоҳи парвандаи ҷиноиро рад карда буд”. Ҷониби ҷабрдида аз додситонӣ хостааст, барои баррасии мунсифонаи қазия санҷиш ба уҳдаи муфаттиши дигар гузошта шавад: “Дархости мазкур айни ҳол аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад”. Ба иттилои Эътилофи зидди шиканҷа ташхиси мутахассис-равоншинос муайян намудааст, ки дар пайи зӯроварӣ ба ҷабрдида зарари маънавӣ расонда шудааст: “Дар асоси ин хулоса вакили дифоъ аризаи даъвогӣ барои рӯёндани зарари маънавӣ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро таҳия дорад, ки ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод хоҳад шуд”.
Мӯҳр
А бача Наход шумо хами млесахой хумунда бовар надошта боше а ?? Охир инхо агар дилу нияти пок , худотарсу боадолат намешудан млесашун мегирифтан коркунида ?

Ин милиса чентелмен будаст, гуед...

Холо интизор шавед,мегуянд Малика милисаро тачовуз кардааст.

рахмон
албатта - милиса хама вакт бегунох ва аз конун боло меистад... милиса намезанад ягон вакт, худи боздоштшудахо гунахгор....

сода
Агар чои мелеса ягон каси дига мебд, у одам мурдай Ленина ба гардан мегрфт.

"одатан дар чунин ҳолатҳо ҷабрдидаҳо аз ифшои қазия худдорӣ мекунанд" аммо духтараки бечора мачбур шудаст ку мурочиат кунад. Дар дигар давлатхо макомотхо бахри барканор кардани чунин ашхос худ мубориза мебаранд, дар мо баръакс обруи Вазорат нарезад, гуфта онхоро бегунох мебароранд.

лр
Аз афташ ин зан милисаро тачовуз кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)