Бахшҳо

Мақомот: Духтари 19-cола баъди фиреби фолбин худкушӣ кардааст

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз боздошти як зани 34-сола, ки ҳамчун фолбин маъруф будааст, хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, Маърифат Каримова, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри Истаравшан бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани мушкили як духтари 19-cола аз соли 2014 то соли 2016 аз ӯ дар маҷмӯъ беш аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловорӣ гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, Каримова ваъда кардааст, ки бо роҳи сеҳр миёни духтар ва дӯстдоштааш муҳаббат ба вуҷуд меоварад, ки ба хонадоршавии онҳо сабаб мегардад.
“Ин миқдор маблағи пулиро духтари фиребхӯрда, ки ба қобилияти фолбин бовар дошт аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш қисм-қисм дуздида ба фолбин додааст. Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд”,-хабар медиҳад РКД.

Ба иттилои манбаъ, Маърифат Каримова маблағҳои пулии бо роҳи фиреб ба даст овардаро барои хароҷоти шахсиаш, аз ҷумла сохтмони хонаи истиқоматӣ истифода бурдааст: “Ба иттилои тафтишот хонаи навсохтмони боҳашамат ҳақиқати талхест, ки кирдори ҷиноятии ин занро тасдиқ мекунад. Агар даромадҳои муфт намебуд ба оилае, ки кори аниқ ва маоши доимӣ надоранд, бунёди чунин хона имконнопазир мегардид”.

Нисбати Каримова бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Мақомоти тафтишотии Суғд аз шаҳрвандоне, ки аз амалу рафтори Маърифат Каримова, сокини деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан зарар дидаанд, даъват кардааст, ба Додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ё мақомоти пулис муроҷиат намоянд.


Акс аз Интернет
Мӯҳр
Аз Раёсати корҳои дохилии илтмос ки ба зиди ин чодугархо, фонбинхо як пулиси махсус ташкил кардашавад мисли Арабистони Сауди иборат аз олимони дин. Сафи ингуна фолбину чодугархо руз ба руз зиёд шуда истодааст. Ин як мусибати бузург аст барои миллати точик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)