Бахшҳо
22 дек 2016 13:50Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳавопаймои “Ямал” ба фурудгоҳи Душанбе нишаст

Ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” мусофиронро аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба Душанбе овард.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ҳавопаймо соати 13:30 ба пойтахт расидааст.

Тоҷикистон қаблан барои парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод ва даҳҳо мусофир, ки билет харидорӣ карда буданд, натавонистан сари вақт ба Ватан бирасанд.

Вазорати нацлиёт хабар дод, ки субҳи имрӯз, 22 декабр ҳайати комиссияи давлатии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Русия дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳри Маскав сафар кардааст. Ба иттилои манбаъ, бо назардошти он ки 100 мусофир билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи “Жуковский” мунтазири парвоз буданд, ҷониби Тоҷикистон ба таври истисноӣ қарор қабул намуда, ба ширкати “Ямал” иҷозаи парвоз додааст. Вазорат меафзояд, ширкати “Ямал” барои парвоз ба Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Русия иҷозат гирифтааст, аммо Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бинобар риоя нашудани баробарӣ (паритет) парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал”-ро ба Тоҷикистон дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 ғайриимкон медонад.

“ТАНИШИ ҲАВОЙӢ”: РУСИЯ БОЗ БА ХОСТАШ РАСИД

Аз ин пештар Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад. “РИА Новости” бо такя ба манобеаш дар ин вазорат менависад, Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои ширкати “Ямал”-ро пазируфтааст.

ТАҲДИДИ РУСИЯ БАРОИ ҚАТЪИ ПАРВОЗҲО БА ТОҶИКИСТОН

Вазорати нақлиёти Русия қаблан таҳдид карда буд, дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба самти Душанбе қатъ мекунад. Хабаргузории “ТАСС” бо такя ба манобеаш дар ин ниҳод навишт, аз соати 00:00-и 22 декабр ҷониби Русия ҳақ дорад, ки парвозҳоро миёни ду кишвар қатъ кунад: “Рад кардани иҷозаи парвоз барои ширкати “Ямал” дар хайтсайри Хуҷанд–Жуковский бо ишора ба набуди баробарӣ, шоиста нест”.

Ин таҳдид дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии “Ямал” барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза надод. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкати русӣ барои анҷоми парвозҳо иҷозаи расмӣ надошт.

Ба дунболи таҳдиди Вазорати нақлиёти Русия, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба расонаҳои русӣ гуфтааст, чунин фишор қобили қабул нест.

Бори дуввум аст, ки Русия барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи навтаъсиси “Жуковский” ба Тоҷикистон аз таҳдид кор мегирад. Вазорати нақлиёти Русия 2 ноябри соли равон баъди мухолифати Тоҷикистон ба парвоз аз ин фурудгоҳ ба қатъи тамоми парвозҳо аз Русия таъкид кард. Аммо баъдан, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо 7 ноябр ба созиш омаданд.
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
Шӯхӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб! Охир боз иҷозат медиҳед, чӣ лозим ҳамин гарданкашиҳои бефоида...

Ба саг даст доди аз оринч мегирад! - маколи Точики.
Бигзор катъ кунад парвозхоро.
Ду се чои кории созе ки дар ширкатхои хавоии мо хасту точикон дар ончо кор мекунанд онхоро хам гирифтан мехоханд. Чаро? Онхо ки хастанд ки меоянду дар ватани худамон тахдид мекунанд моро?! Ин русхо серои надоранд бо точикон дустхам нестанд танхо манфиатхои худро мечуянд. Инхо мехоханд мардуми точик асрхо хизматгор гуломашон бошанд.
Кани у нафарое ки худро ватандуст мегиранду дари сафорати мо митинг мекунанд кани дари сафорати русия дар аврупо рафта митинг кунед! Кани у нашрияхое ки манфиати милии моро химоят кунанд?
Ба вазорати наклёт тавсия доданиам ки парвозхоро ба Казокистон дар заминаи баробари зиёд намояд бигзор ширкатхои русие ки аз шоти мусофирони точик мебинанд аз даст бидиханд.

Озодагон кометхоро чоп кун ки дар ягон чой коментхои маро чоп намекунанд. танхо ба шумо умед мондааст у тамом!

точик
Сабаби асосии ичозат надодан ин нархи арзони чиптаи русхо мебошад. Нахангхои дохили намехоханд ки даромад аз хисоби мардикори хору зор кам шавад. Россия кори хуб мекунад. Бас аст хуни мардикорро макидан!

Халабон
Ганҷалзода гуфтанӣ ҳаст, ки "чунин фишор қобили қабул несту қабул мекунем..

Ба ҷойи он ки ба шаҳрвандон ва муҳоҷирон ягон сабукӣ диҳем, ширкатҳои ҳавоиӣ мо онҳоро муҳоҳанд биҷафанд ва тангаи охиринро ҳам аз ҷебаки онҳо мегиранд. КОри хуб мекунанд ширкатхои русӣ ин ба фоидаи муҳоҷирон пеш аз ҳама ва тамоми мусофирон мебошад. Офарин суст намонед ширкатҳои руси. Ин ширкатҳои ҳавоии моро ширкат ҳам гуфтан мумкин нест,

Акаи Шерали! Хай ин коро дар сатхи президент хал мешаваду шумо мустакилона чавоб гуфта наметавонед,, лекин як бор ду бор сад бор фишор овардест Россия шумо рози мешавед боз фишори навбати мешавад. Агар маслихати маро гиред рози нашавед як мох 2- мох кат мекунад ва бад мурда мурда ичозат медихад. Пока поезд кати рафтан мегиранд бо автобус мераванд. Ба дигар шахро пересадка кати мераванд. Гардан нафуроред ин Россия аз хад гузаронидааст. Имичи давлата паст назанед.

Мусофир,
Мусофир ! Дар инмасалаи барои мардуми точику мухочирони точик бояд бетараф набошем .
Инчо танхо сухан дар бораи шахсони алохида намеравад ,як ду ширкате ки ба мардуми одди ва мухочирон ягон бехбуди намебиёрад хеч гап не .
Масалаи асоси паст кардани нархои чипта аст,ва инхам бошад бо фоидаи мухочирон ,ягон кори бад накардааст ширкати русияги .
Хеч гап не мархамат агар кудрат доред коида хамин аст (бозоргони) нарххоро арзонтар кунед.рахми мухочиронро ки мехурад?
Барои Русия шумо ягон намуд мукобилят нишон дода наметавонед ,ин ягона манбаи даромадаш нест,ки бо хамин зиндагияшро хотима дихад имрузхо бо дигар давлатхои дунё хазорон парвозхову тичоратхои дигареро давом дода истодааст...
Хар як мушкилие агар мабодо пеш ин ,танхо мушкилихои худи мо мешавад ,таърих гувох аст ,ин маротибаи якум нестку . Дигар илоче надоред ё мушкилихоро зиёдтар мегардонед ё ичоза медихед бо парвозхои ширкатхои руси ,ва инхам бо манфиати натанхо як ширкат ,балки бо манфиати мардуми точик ва мухочирон вагарна боз метавонанд имруз фардо ,мушкилотхо эчод кунанд махсус барои мардуми бе инхам горатгаштаи мухочирон.

мехмон гастер
Акнун билет мехарем гуфтем , ки боз сар шудан !!
О Точикэйр ин бозори озод хаст !! Чиптаи касе арзон бошад бо хамон тайёра мепарем!! Ки мехохад чор сомониаш бехуда ба кисаи дигар равад ? Ширкатхои русии Ямал ва дигархо байни худ конкуренция карда нархи билетро паст мекунанд. Аммо аз шумо 16000 кам намешавад. Агар хамин хел рафтан гирад мухочирон низ кам мешаванд ва ки павоз мекунад ?

Наши боятся удешевления билетов.Вот и вес секрет.

нархи Чипта аз Маскав ба Душанбе:
Аз СомонАйр- 15 000рубл,
Аз ТочикАйр - 15 000 рубл.
Аз УралАйр - 12 000 рубл,
Аз "ЯМАЛ" 10 000 рубл.
Ана мавзуи бахс. Сабаби асосии рох надодани ин ширкат нархи арзони чиптахо ва сифати баланди хизматрасони буд. Акнун ба нарххои беинсофона хотима дода мешавад.

Согдиец
Ба хар рохе ки хохад моро мулзам ва сарафканда хохад кард - хам аз нигохи дониш, хам аз кудрат ва хам аз маблаг. Мо мисоли Гурчистони магруру гарданкаш ва Укроин бояд шавем, он гох мо забондароз хохем шуд, вагарна батраку пролетар будему мемонем. Мо ба чавонони донишманду гаюр ва магрур ниёз дорем, онон хастанд аммо мутаассифона фишангхоро ба дасти эшон калонсолони пролетарзода намедиханд, ки намедиханд Ин кори мо чашмро ба шохи гов ба чанг бурданро мемонад.

бигзор парвозхои ҳавопаймоҳои ширкатҳои руси иҷозат дода шавад, то ки нархи чипта арзон гардад барои манфиати якас ду кас тамоми мардуми меҳнаткашро дар азоб карор надихед

рустам
Дар зери шабакаи телевизионии МИР русхо тамасхуромез навиштаи 'власти таджикистана согласились авиасообщениеи компаний юрмала в худжанд и душанбе" гузоштанд.

Бародарои Гироми ТЕНЧ бесте ки ай хама чи мемоне 100 кисои пури шумо 89,9 фоизаш аз хисоби мухочирони кори хаст хамон одамое ки шумо ГАСТЕРБАЙТЕРшон ном кардае
ШУКРОНА КУНЕД

Ин бозор хастай мегуянд ки бозор набардорад кам кун конкуренция бигузор хавопаймохо бисер шавад намефорад ямал 10000 кунад сомону тчик эйр 7000 кунад хамаш соз мешавад хозир дар дохили худи россия байни хавопаймохо конкуренция аст бигузор поездхои россияам кушода шавад бо нагз мешуд вакте поезди точикистона нархаша мефахми зик мешави 1000 1400сомон дар кучо рост мегирад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)