Бахшҳо

Оё Рустами Эмомалӣ № 2-и Тоҷикистон низ мешавад?

Иршод Сулаймонӣ

Рӯзи 12-уми январ дар фазои Тоҷикистон пурҳангоматарин хабар таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе буд. Ин хабар аз ду нигоҳ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт:

Якум ин ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, яке аз пурнуфузтарин мансабдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон буд ва ҳамчунин яке аз пояҳои тавозуни қудрат дар кишвар ном бурда мешуд, бидуни интизор мақомашро ба писари бузурги раисҷумҳур супурд; Дувум ин ки маҳз Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев омад ва ин тағйирот бигӯ магӯҳоро дар долонҳои ҳукуматӣ ва коршиносӣ дар мавриди наҳваи интиқоли қудрат дигар намуд.

Ҳоло ин ки, оё Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси шаҳри Душанбе метавонад ба андозаи даврони Убайдуллоев муваффақ шавад (ҳарчанд роҳбарии 20-солаи Убайдуллоевро ҳам коршиносон чандон муваффақ ҳисоб намекунанд), метавонад як пешдоварӣ бошад. Зеро то кунун фаъолиятҳои барҷастаи Рустами Эмомалӣ ва зарфиятҳои мудириятии ӯ барои ҷомеа рӯнамоӣ нашудааст. Вале ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки оё Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ҳам мешавад? Зеро бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон соҳиби ин мансаб шахси сиёсии № 2-и кишвар ҳисоб мешавад ва дар замони пеш аз вақт қатъ шудани ваколати президент, то замони интихоботи нав метавонад иҷрокунандаи вазифаи президент бошад.

Маҷлиси миллӣ ҳарчанд, ки маҷлиси доимамалкунда мебошад, вале маҷлиси касбӣ нест. Фаъолияти он даъватӣ аст. Аммо аз лиҳози ин ки як миқдор салоҳиятҳо ва ваколатҳоеро дорад, аз ҷумла таъйид ва ризояти баъзе мансабдорони сатҳи баланд, то андозае таъминкунандаи тавозуни қудрати сиёсӣ мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе бар асоси қонунгузории Тоҷикистон бояд, ҳатман вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бошад. Вакили ин Маҷлис ҳуқуқи интихоб ва таъин шуданро ба узвияти Маҷлиси миллӣ низ дорад. Аз ин рӯ бар асоси қонунгузорӣ Рустами Эмомалӣ ҳуқуқ ва шонси интихоб шудан ба узвияти Маҷлиси миллиро дорад. Вале раиси ин Маҷлис метавонад вакиле бошад, ки намояндаи дигар минтақа бошад. Яъне шарт ва ҳатмӣ нест, ки раиси Маҷлис бояд раиси шаҳри Душанбе ва ё узви Маҷлис аз ҳисоби вакилони шаҳри Душанбе бошад.

Ҳарчанд Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақоми раиси шаҳри Душанбе барканор шудааст, вале бар асоси қонунгузорӣ метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, узв ва раиси Маҷлиси миллӣ боқӣ бимонад. Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев бар асоси саҳмия (квота)-и шаҳри Душанбе узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд. Мантиқан (на қонунан) дар чунин ҳолатҳо мансабдороне, ки аз ҳисоби саҳмияи як мансаб узвияти Маҷлисро ба даст овардаанд, баъди рафтан аз мансаб аз узвияти худ ҳам даст мекашанд. Аммо дар шароити Тоҷикистон ин бастагӣ ба мувофиқае дорад, ки дар сатҳи роҳбарии сиёсии кишвар ҳосил мешавад.

Ҳоло бар асоси қонун имкон надорад, ки Убайдуллоевро аз мақоми раиси Маҷлиси миллӣ барканор бикунанд. Зеро тибқи моддаи 4-и қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ" ваколати узви Маҷлис дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад: ҳангоми вафот; истеъфо; ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд; эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд; қатъи шаҳрвандӣ; соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; тарки доимии ҷумҳурӣ; ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест; парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон.

Тибқи ин модда Убайдуллоев метавонад раиси Маҷлис боқӣ бимонад ба ҷуз меъёри ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, вале ин меъёр ҳам бештар шомили вазъи касоне мешавад, ки мақомҳои низомиро соҳиб мешаванд.

Дар мавриди аз мақоми раиси Маҷлиси миллӣ рафтани Убайдуллоев танҳо як гузина боқӣ мемонад, ин ҳам агар худи эшон аз ин мақом истеъфо бидиҳад. Албатта гузинаи дигаре, ки метавонад муҷиби аз мансаби раиси Маҷлис канор задани Убайдуллоев гардад, ин бозхонди он аз ҷониби аъзои Маҷлис мебошад. Ин гузинаро моддаи 23-и қонун дар бораи “Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” замонат медиҳад, вале аз назари мо ин гузина дар вазъ ва замоне истифода мешавад, ки барои он заминаи иҷтимоӣ ва ё сиёсӣ вуҷуд дошта бошад.

Вале агар омадани Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе ба хотири ҳузури давомдори ӯ дар ҳарими қудрат бошад, пас мешавад тахмин зад, ки ба хотири интиқоли қудрат имкон дорад, ки ӯ раиси Маҷлиси миллӣ ҳам бишавад.

Дар доираҳои коршиносӣ аз чанд гузинаи интиқоли қудрат суҳбат мешавад. Ҳоло дар маҳофили сиёсӣ аз ду номзади эҳтимолӣ дар интихоботи соли 2020-и президентӣ суҳбат мешавад, ки яке ҳам Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигаре шаҳрдори тозатаъини Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Агар қарор аст, ки яке аз ин ду номзад бошад, пас мантиқӣ аст, ки яке аз ин ду раиси Маҷлиси миллӣ мешавад ва ҳамин гуна шароити интиқоли қудрат бехавфтар мегардад. Вобаста ба ин ки дар соли 2020 мо ду интихобот – Президент ва Маҷлиси намояндагон дорем ва баргузор кардани ҳар ду дар як сол барои будҷаи кишвар гарон меуфтад, эҳтимол меравад, ки яке аз интихоботҳо пеш аз фурсат баргузор шавад. Ба эҳтимоли зиёд интихоботи зудҳангоми президент дар соли 2018 ё 2019 баргузор гардад. Бо таваҷҷуҳ ба мақом ва унвони нави Эмомалӣ Раҳмон, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки бидуни мансаби президентӣ низ дар идораи давлат масуният (иммунитет) дорад, эҳтимол меравад, ки интиқоли қудрати мавриди назар сурат бигирад.

Мӯҳр
На танхо №2 балки дар зудтарин хангом №1 хам мешавад

Чавон
Рустами Эмомали хатман бояд раиси Мачлиси Милли хам бояд бошад. Ба Рустами Эмомали баррори кор хохонем.

Дар сатхи як рузноманигор навиштани калимахои ГУЗИНА, ПУРХАНГОМА, МУЧИБИ ва гайрахо бетарафи аз забони давлатиро нишон медихад. Аввал он ки ту маколаро барои омма навиштаи ва услуби навишт хам бояд омафахм бошад. Дуюм он ки максади навиштани матлаб бояд барои хонанда муйян бошад. Дар ин макола сохибаш чи максаду маром дорад, норушан боки монд. Яне ин матлаб не хусусиятм хабари дошт, не хусусияти тахлили ... Ин чизе буд ки хамаруза барои мардум ошност. Озодагон мумкин чоп накунед, вале медонам ки хатман ба Иршод мерасонеду боз фишори эрониситезишаро бедор мекунед.

SS
Avvalan Rustami Emomaliro tabrik menamoem khudo ba u kuvvat va kudrat dihad ki guftorash ba amalash muvofik aftad. Badan joye khondam ki meguyad sarboz ast ne albatta general yane afsar ast khoksori niz bad nest. Digar in ki rokirovkai anjomshuda ba nazaram rakami yak shudani uro muayan namud dar oyanda albatta duyum seym gape nest. Komandai intikhobnamudaash to darajae khuni toza nest. Yak jihati asosi ohista ihista ba soyai khud hamsafar shudan darkor. Maydoni siyosat baroyash tang nest lekin az opponenthoi bokuvvat omukhtan shart ast yo akallan baroi tavozun onhoro doshtan darkor. Boki sihatu sarbaland muvaffak boshed. Gaphoi behuda takhminhoi havoi dar kommenthoi okhir zikri vokeiyat kamtar ast tarikhro digar kardan mumkin odamonro mushkil markazhoi kabuli karor kori khudro pesh mebarand ba har hol ba Tojikiston dar simoi javonon peshravi khohonem

Олам
Тахлили фач! Ин гапхоро кудак хам мефахмад...

Фолбин
Иршодчон туппа тугри гупти. Рустамчони мо бояд ки хамаи зинахоро тез тез бояд гузарад. Дар вазифаи мири шахр дароз наместад чаро ки проблемахои шахр вазнин. Баьд аз якунимсол Рустамчона муовини аввали сарвазир мемонанд ва то интихоботи президенти оромакак мешинад.

шахрванд
Убайдуллоев шахси дуюми Точикистон, арзанда аст то охир боки мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)