Вазири адлия: Дар мавриди Ёров хавотир нашавед

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, дар мавриди Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси маҳкумшуда ба 23 соли зиндон хавотир шудан лозим нест.
Вазири адлия имрӯз, 25-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бархӯрду муносибат бо Ёров дар доираи қонун сурат гирифта истодааст. Дар мавриди иддаои наздикони ҳуқуқшинос, ки вақтҳои охир аз ҳоли ӯ хабаре надоранд, Шоҳмурод илова намуд, ки хавотир шудан лозим нест: “Ҳамааш дар доираи қонун аст. Тартиби дидору мулоқотро Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайян мекунад”.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта иддао дар мавриди сиёсӣ будани қазияи Бузургмеҳр Ёровро рад карда, гуфт, ӯ барои қаллобӣ ва дигар аъмоли хилофи қонун равонаи зиндон шудааст. Раиси Суди Олӣ илова намуд, ки Ёров ба таҳқири раисикунандаи мурофиа роҳ додаст. Ба гуфтаи ӯ мурофиаи Ёров бо иттиҳоми таҳқири раисикунандаи мурофиа айни ҳол идома дошта, ҳукмаш ҳанӯз содир нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 6 октябри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Қаблан наздикони маҳкумшуда гуфтанд Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионии Ёровро то соли 2017 мутаваққиф кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |