Ҳаҷми сармояи мустақим ба Тоҷикистон: Хитой пештоз аст
71,8 дарсади сармоягузории хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд. Ин нуктаро Абдулмаҷид Муминзод, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон имрӯз, 30 январ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ӯ аз Чин ба унвони кишваре ном бурд, ки иқтисоди қавӣ дошта, буҳрони ҷаҳонии молӣ ба он таъсири манфӣ нарасондааст.
Солҳои охир Чин дар Тоҷикистон ҳузури чашмгире дорад. Ин кишвар дар бунёди роҳу корхонаҳои азими саноатӣ саҳм мегирад ва калонтарин корхонаҳои тилло низ ба он марбут аст.
Абдулмаҷид Муминзод, муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ афзуд, Русия баъд аз Чин аз нигоҳи сармоягузорӣ дар ҷойи дуввум қарор мегирад. Саҳми ин кишварро вай 9,9 дарсад гуфт: “Британияи Кабир 7,4%, ИМА 3,5%, Фаронса 3% ва Швейтсария 2,4%-ро ташкил медиҳад”.
Ҷаноби Муминзод ҷой доштани ҳолатҳои коррупсиониро дар ҷалб, бақайдгирӣ ва тақсими сармояҳои мустақим рад карда гуфт, то ҳол ягон чунин ҳолатро сабт накарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |