Бахшҳо

Иззат Амон: Фаъолиятҳоямонро қатъ мекунем, ба Сафорат муроҷиат кунед

Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия аз қатъи фаъолиятҳояшон хабар дод.

Ӯ дар саҳфаи Фейсбукаш навишт, аз рӯзи якшанбеи 5 феврал тамоми фаъолиятҳои худро оид ба ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қатъ менамоянд: “Ҳамчунин фаъолияти фонди “Кумак”, ки дар қайди Вазорати адлияи Русия номнавис шуда асту аз он фонд то имрӯз ҳазорон ҳамватанонамон кумак дарёфт намудаанд, баста мегардад. Аз ҳамватаноне, ки ниёз ба кумак доранд хоҳиш карда мешавад ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва низ консулгарӣ муроҷиат намоянд”.

Иззат Амон дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, созмони ҷавонони тоҷик дар Русия ҳам фаъолияти худро қатъ мекунад: “Маҷбур ҳастем, ки ин корро кунем”. Ӯ далели ин тасмимро “хастагӣ” гуфт ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.

Фонди “Кумак” аз соли 2010 ба ин сӯ фаъолият мекард ва ба гуфтаи мубтакиронаш ба садҳо муҳоҷири ниёзманди тоҷик ёрӣ додааст. Моҳи апрели соли 2016 баъди он ки Дилбар Гургова, сокини 36-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, изҳор дошт, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданиянд, Иззат Амон гуфт, ҳар моҳ аз ҳисоби фонд 1000 сомониро барои таъминоти ин хонавода равона хоҳанд кард.
Мӯҳр
Сотиволди
Ин маак нав кори боаклона кардаст. Ху мегун-ку Харки бо душмании халк равон аст чу бахр...
Хамун бизнесаша карда гардад-дия!

Аловуддин
- Одами муҳим метова ҳами мардак...
Ира ай аввал набинӣ наме- фаҳмиш....

Хой, мардум Путин омадаистодааст. Мумкин хазорхо мушкилии мухочирон, мардикорон ва мухточон халли худро дар сатхи Хукуматхо ёбад...зарурат дигар ба Иззату амонхо намонад.....мумкин!

Маҳмуд
Имомсагак,
Худои Шумо Путин аст фикр мекунед бе Пуқтин зинда намемонед 7 миллиард инсон дар курраи Замин бе Путин зиндаанд
бе ҳувиятҳо
Путин даҳҳо бор ҳам омад ҷуз гирифтан аз мо чизе дод???

Кулоби
Путин меояду фиреб мекунаду мешавад ,мо бошем панч шаш соли дигар шарики стратеги гуфта дгдага карда.мегардем

Ба хеж вахж набояд ба Русияа имконият дихем.

пуфак
ИзатАмонуф! акнун курутова хурда хурокаи милли гуфтан гир!

Devona
Сотиволди,
Tu baroi chi in kadar shodi az in? Bo tu barin hammillat ,millat sari hesh chu girdob mehurad. Shumo mehohed ,ki be Izzat Amonhovu be Karomat Sharipufho shumoro "tohtu toz" kunand? Mekunand, mekunand, onho uzhe ba lagarzani odat kardanu shumo ba lagadhuri...pastgardiho muborak!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)