Фирори ронандаи маст баъди зер кардани пиёдагард
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ронандаи автомашинаи “Мерседес-бенс”-ро, ки шоми шанбеи 11-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Душанбе пиёдагардро зер карда, фирор намудааст, боздошт карданд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта, мошинро бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ идора мекардааст.
Манбаъ мегӯяд, марди 28-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи ин ронандаи маст мондааст, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |