Бахшҳо
23 фев 2017 12:13Ҳуқуқи инсон

Қубодиёну Шаҳритус ду ноҳияи осебпазир ба терроризму ифротгароӣ мубориза мебаранд

Ҳукуматҳои шаҳру навоҳии осебпазир дар вилояти Хатлон талош мекунанд, доғи сиёҳеро, ки сокинон бо амалҳои ифротӣ ва террористиашон гузоштаанд, пок сохта ва аз рӯйхати ноҳияҳои осебпазир берун шаванд.


Соли гузашта як ҳайати корӣ дар ин вилоят дар чаҳорчуби барномаи “Даҳҷониба” ноҳияҳоеро, ки дар онҳо мавзӯъҳои ифротгароӣ нигаронкунанда будаанд шомили ноҳияҳои осебпазир карда буд, ки гурӯҳҳои кории ҳукумат бештар дар ин ноҳияҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз терроризму экстремизм кор мекардаанд. Ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён, ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбекистону Афғонистон, ноҳияҳои осебпазире мебошад, ки мавзӯи ифротгароӣ дар онҳо аз мавзӯъҳои доғ ва нигаронкунанда мебошад, вале ба қавли масъулин дар ин ду ноҳия талош мекунанд, ки ифротгароиро “решакан”созанд.

Абдуалим Исмоилзода, раиси ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, соли ҷорӣ онҳо аз рӯихати ноҳияҳои осебпазир мебароянд: “Дар се маҳали осебпазир, ҷамоати шаҳраки Шаҳритус, ҷамоати “Обшорон”ва ҷамоати “Холматов”бо ширкати фаъолони ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил кардем, бо ҳар як истиқоматкунанда ё ҳар як хонадор суҳбат кардем, дар нимсолаи аввали соли ҷори осебпазирии ноҳияи шаҳритус аз рӯихат бардошта мешавад.”

Абдуалим Исмоилзода омори ифротгароӣ дар ноҳияро дар ихтиёр дорад ва гуфт, соли 2015-ум теъдоди ҷавонони ифротгаро дар ноҳия 39 нафар буда, дар соли 2016 танҳо 12 ҳолати пайвастани ҷавонон ба ҳизбҳои террористӣ ошкор шудааст. Аксҳое ки пулис дар даромадгоҳи ноҳияи Шаҳритус гузоштааст гуфта мешавад, ки беш аз 20 нафар ҷавони ин ноҳия ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки бо иттиҳоми “ифротгароӣ” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ” муттаҳам дониста мешаванд.



Дар миёни ҷавонони дар ҷустуҷӯбуда акси Марҷона Аланазароваи 28-сола, сокини кучаи Гагарини маркази Шаҳритус ҳаст, ки соли 2014 аз Сурия ба хонаводааш тамос барқарор карда буд. Тибқи иттилои додситони ноҳия Мавзуна Мирзоева, ҷавонзани 23-сола аз Туркия ва Парвиз Набиеви 25-сола аз Сурия бо изҳори пушаймонӣ баргашта будаанд ва афв шудаанд.

Тибқи иттилои расмии додситони вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритус моҳи августи соли 2015 вақте 7 нафар ҷавон дар болои ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар назди бинои ҳукумати ноҳия парчами “сиёҳ”-ро ба нишони ҳамрайъӣ аз “Давлати исломӣ” гузоштанд, ки дар рӯихати ноҳияҳои осебпазир ворид шуд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин ҷавононро, ки дар миёни онҳо як хонандаи мактаб низ буд аз 7 то 27 сол равонаи зиндон намуд.

БО УЗБЕКҲО УЗБЕКӢ

Ифротгароӣ ҳанӯз аз соли 2012 дар ноҳияи Қабодиён мақомотро ба ташвиш оварда буд. Ба иттилои расмӣ беш аз 10 нафар танҳо аз як деҳаи Қизилнишон, ки аҳолиаш узбекҳо ҳастанд, ба Ҳаракати Исломии Узбекистон пайваста будаанд, ки ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Қизилнишон дар ҷамоати деҳоти “20 солагии истиқлолият” деҳае мебошад, ки дар зарабини мақомот қарор дорад, вале бо гузашти солҳо мавзӯи ифротгароӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ин деҳа, ки мардумаш узбек ҳастанд, аслан бештари онҳо забони давлатиро намедонанд. Дар ҳоле ки мақомот муборизаро ба ифротгароӣ чанд соли охир бештар кардааст ва хатари он тариқи расонаҳо ба мардум расонида мешавад.

Зафар Файзуллоев, раиси ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки аз ин баъд онҳо бо ӯзбекҳо бо забони ӯзбекӣ хатари терроризму экстримизро мерасонад ва бовар дорад, ки натиҷа медиҳад: “Дар гурӯҳҳои кориамон, ки аз мавзӯи ифротгароӣ пешгирӣ мекунем нафароне, ки забони узбекиро медонанд истифода мекунем, ки чӣ гуфтани моро фаҳманду аз роҳи бад баргарданд, чорабиниҳои фарҳангиро зуд зуд баргузор мекунем, бо падару модарони онҳо суҳбат мекунем, ки аз мавзӯи ифротгароӣ пешгирӣ кунад.”

Ҳамзамон Зафар Файзуллоев гуфт, ки мавзӯи ифродгароӣ ва терроризму экстремизм, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, аз ин ноҳия 65 нафар сокинон ба Сурия пайвастаанд, ки хабари марги 3 нафари онҳо расидааст, ки ноҳияро дар рӯихати ноҳияҳои осебпазир ҷойи додааст. Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки декабри соли гузашта 8 нафар сокинони деҳаи Қизилнишон, ки тариқи интернет бо ҷавонони дигари ин деҳа, ки дар Сурия будаанд суҳбат анҷом дода хостаанд, ки барои “ҷиҳод” ба Сурия раванд, вале мақомот онҳоро боздошт ва равонаи зиндон намуд.



Хонаводаи Шербековҳо, аз деҳаи Қизилнишон ҳастанд, ки се писар як келинашон дар Сурия бо кӯдакон ҷаъмоҷаъм 8 нафар будаанд, вале додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ахиран се узви ҳамин хонаводаро, ки мехостаанд ба Сурия раванд ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон намуд.

Мақомоти додситонии ноҳияи Қубодиён ва ҳамзамон додситони вилояти Хатлон мегӯяд, ки сокинони деҳаи Қизилнишон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои телефони мағзшӯи мешудаанд, ки тасмими пайвастанд ба “Давлати исломӣ”-ро кардаанд. Аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ мегӯяд, ки ин ҷавонон тариқи Русия ба Сурия рафтаанд, ки коршиносони иқтисодӣ як омили гаравиши ҷавононро дар набуди шуғли муносиб ва ҳақмузд медонад.

Саидҷаъфар Сафарзода, як коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, ки ҷавононро на пул, балки эътиқоди нодуруст ифроти мекунад ва ба “Давлати исломӣ”мебарад: “Барои мисол агар ба ин тоифа миллион пардохт намои ва хоҳиш куни, ки ба зидди террористу экстримст яроқ гиранд асло ин коро намекунад, чун дар шинохти Худо ва дин тасавуроти хато доранд.”

Мавзӯи ифродгароӣ аз мавзуҳои доғи чанд соли охир дар вилояти Хатлон боқӣ мондааст, ки мақомот ба он мубориза мебарад, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва суҳбат бо мардум намунаи ин муборизаҳои мақомот мебошад. Ҷавононе, ки бо изҳори пушаймони аз Сурия ва ё аз марзи Туркия ба Сурия баргаштаанд дар ин мулоқотҳо аз хатари “Давлати исломӣ” ба мардум нақл мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ аз ҳукумати вилояти Хатлон, ки дар ҳисоботи нуҳмоҳаи соли гузаштаи раиси вилоят ироа шудааст шумораи ҷавонони Хатлонӣ дар ҷангҳои Сурия 210 нафар гуфта мешавад, ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд.

Ясриби ХАТЛОНӢ, Қӯрғонтеппа

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)