Бахшҳо

Коршинос: Намехоҳам мардумам ба муҳоҷири меҳнатӣ табдил шаванд

Алӣ АЛИЗОД, коршиноси мустақил

Иқтисоди мо ҳоло даврони на он қадар хуби худро пушти сар мекунад. Ба ин вазъи иқтисоди мо, паст рафтани сатҳи иқтисодиёти Русия, ки дар натиҷаи коҳиши қиммати захираҳои энержӣ ва таҳримҳои ғарбӣ шиддат гирифт, низ таъсир каме нагузоштааст. Аммо мушкилоти дохилии худамон ҳам кам нестанд: набуди зерсохтҳо (пеш аз ҳама фанновариҳои муосиру сатҳи баланд), мудирияти муосир, ҳиссаи лағжонаки давлат дар иқтисод, андозҳои шадид, фасоди густарда, низоми заъифи бонкдорӣ ва ғ.


Хусусияти иқтисоди мо ин аст, ки он аз ҳама бештар аз вазъи иқтисодии кишварҳои дигар, хусусан Русия ва Чин вобаста аст. Ин вазъ солҳост, ки идома меёбад. Ҳама корро ба вазъе, ки ҳаст бигузорем, эътироф кардани нокироии худ аст, аммо сари худро ба аввалин дари пешомада бо умеди наҷот халондан ҳам роҳи бурунрафт нест. Албатта, вақти зиёде ҳам барои андеша кардан намондааст, вале барои пазируфтани қарор, хунсардона муносибат кардан чизи аз ҳама асосӣ аст. Амалан аз оғози таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ (ИГ), аз кишвари мо ҳамеша “хостгорӣ” мешавад, ки барои ворид шудан розь шавад. Гуфта мешавад, ин ягона омиле аст ки иқтисоди моро наҷот медиҳад. Иттиҳод бар пояи се кишвари узви Шӯрави пешин: Русия, Қазоқистон, Белорус (талошҳои ҷалби Укроин ҳам буд, аммо комилан напазируфт) ташкил шуд ва дар 7 соли мавҷудияти худ то 5 кишвар (узв) такмил ёфт. Моҳи октябри соли 2014 ба ин иттиҳод Арманистон ва дар майи 2015 Қирғизистон ворид гардиданд. Ҳамаи инҳо кишварҳои Шуравии собиқ мебошанд. Ба назар мерсад, ки Шӯравиро барҳам заданд, ки баъди аз 25 сол онро пора-пора ҷамъ биёваранд.

Бо вуҷуди ин ки Иттиҳоди гумурукӣ Иттиҳоди АвруОсиёро ҳамчуни иттиҳоди иқтисодӣ ба вуҷуд овард, вале бархе моиланд, ки онро як созмони сиёсӣ бидонанд. Зоҳиран дар муқобили Иттиҳоди Аврупо эҷод кардани он, албата ба манзури эҳёи ИҶШС аст. Аммо ба ҷанбаҳои сиёсии ИГ дахл намекунем, ба паҳлуҳои иқтисодияш, ки аз ҳама беш моро нигарон кардааст, таваҷҷуҳ мекунем. Мусалламан, бозингари асосӣ ва пешоҳанги ИГ Русия мебошад. Саҳм ин кишвар дар ММД Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 85% ташкил медиҳад. Саҳми кишварҳои хурде назири Арманистон ва Қирғизистон, ки иқтисодашон бо кишвари мо муқоисашаванда мебошад, камтар аз 1 % аст. Дар мисоли ин ду кишвар, талош мекунам, имконоти бурд ва бохти худро дар сурати ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ кунам. Ба таври таноққузомез, аммо дар зарфи бештар аз 2 сол, ки Арманистон узви ин созмон мебошад, нишондиҳандаҳои иқтисодиаш пайваста пойин мераванд. Агар дар соли 2014 рушди ММД-и Арманистон 3,4%-ро ташкил медод, дар соли 2015 рушд дар ҳудуди 2,5% ва дар соли 2016 рушди ММД-и ин кишвар ҳамагӣ 0,5%-ро дар бар гирифт. Агар қарзи давлатии Арманистон дар соли 2014 баробар ба $4,44 млрд. буд, дар соли 2015 ба $5 млрд. ва дар соли 2016 то $5,86 расид. Дар натиҷа дар соли 2015 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба бахши воқеии иқтисоди Арманистон коҳиш ёфт. Танҳо дар соли 2016 ҳаҷми онҳо то 70% коҳиш ёфт. Ба андешаи коршиносони арманӣ ягона бурде, ки Арманистон аз вурудаш ба ин созмон кард то 20% рушди боҷҳои гумрукӣ барои содирот мебошад. Дар ҳоле ки дар ин маврид ҳам дар соли 2016 нишондиҳандаҳо баробари дигари аъзои иттиҳод ба таври қобили таваҷҷуҳ пойин рафтанд. Инчунин ба бурдҳои ин кишвар инчунин ворид кардани гази Русия бо нархи арзон ҳам дохил мешавад.

Он чи ба қирғизҳои ҳамсояи мо дахл дорад, ин ҷо низ тамоми интизориҳо бароварда нашудаанд. Навобаста аз ин ки Қирғизистон барои ворид шудан ба ИГ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бештар аз се сол муколама кард, аммо мушкилоти ин кишвар ҳанӯз бо ворид шуданаш оғоз шуд. Муддате бештар аз 1,5 сол натавонист маҳсулоти кишоварзияшро ба бозори АвруОсиё ворид кунад, зеро Қазоқистон меъёрҳои беҳдоштии гиёҳии ин кишваро напазируфт. Ин маҳдудиятро танҳо дар октябри соли 2016 аз миён бардоштанд. Ин ки чӣ вақт қазоқҳо масдудиятҳои байторияшонро аз миён мебардоранд, ки садди роҳи содироти маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ мешаванд, то ҳанӯз маълум нест. Аҷиб аст, агар аҷибтар набошад, зеро ин гуна масоилро пеш аз замони вуруд ҳаллу фасл мекунанд, на баъди аз вуруд. Барои Қирғизистон вазъ моҳиятан тағйир накард, ҳатто баъди аз миён бардоштани марзҳои гумрукӣ низ. Рушди ММД дар ин кишвар дар се соли ахир амалан бидуни тағйир монд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омори ин кишвар дар соли 2014 сатҳи рушд агар 3,7% буда бошад, пас дар соли 2015 – 3,9% ва 2016 – 3,8% будааст. Мутаноқиз аст, аммо гардиши мол миёни Қирғизистон бо кишварҳои ин иттиҳод дар соли 2015 то 24,5% пойин рафтааст. Ҳамчунин тибқи иттилои Кумитаи омори ин кишвар пойинравӣ то 10 моҳи соли 2016 идома карда, ки 18,6%-ро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин бояд гуфт ки бо вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсири баде ба гардиши мол миёни ин кишвар ба Чин, Туркия, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигаре, ки узви ИГ нестанд, гузошт. Дар бозори бузургтарин пӯшоки Осиёи Марказӣ “Дордой” гардиши мол то 80% пойин рафт. Бино ба баҳои коршиносон дар солҳои авҷи рушд ҳаҷми гардиши мол дар ин бозор наздик ба $7 млрд будааст. Дар баробари ин ҳаҷми қарзи давлатии Қирғизистон зиёд шуд, ки дар охири соли 2016 ба бештар аз $4 млрд. расид. Аммо паҳлуҳои мусбати вуруди Қирғизистон ба ин созмон ҳам ҳаст. Бо мақсади дастгирии иқтисоди ин кишвар Бунёди русиву қирғизии рушд бо сармояи бунёдии $500 млн. таъсис дода шуд, ки тоҷирони маҳаллӣ бо шартҳои муайяне метавонад аз ин Бунёд қарзҳои дарозмуҳлате бо фоизҳои кам бигиранд. Вазъи буду боши муҳоҷирони меҳнатии Қирғизистон дар Русия беҳтар гардид. Баъди вуруд, тақрибан қирғизҳо ҳуқуқеро пайдо карданд, ки шаҳрвандони Русия доранд. Ҳоло ин созмон даврони бисёр нохуби худро аз сар мегузаронад, ки сабаби аслӣ буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Русия мебошад. Соли дувум аст, ки коҳиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила мушоҳида мешавад. Ҳамчунин соли дувум аст, ки гардиши тиҷорати берунӣ пай дар пай поён меравад. ММД дохилӣ низ дар ин ду сол пай дар пай коҳиш меёбад. Дар соли 2015 сатҳи таваррум дар ИИАО ба 15% расид, ҳол он ки тибқи қарордодҳо меъёри ниҳоӣ 5% муқаррар шудааст.

Норизоятии аъзои созмон аз якдигар рӯз то рӯз бештар мешавад. Дар нишасти охирини ин созмон Қирғизистон ва Белорус зери изҳорот дар мавриди рушди тиҷорат ва Кодекси гумрукӣ имзо нагузоштанд. Бештар аз ин, дар ҳамин рӯзҳои ахир раисҷумҳури Белорус изҳор дошт, ки дар пайи нақзи нобаробари шартҳои созмон кишвараш $15 млрд.-ро аз даст додааст. Баъд аз чанд рӯзи ин изҳорот “Россельхознадзор” барои воридоти маҳсулоти гӯшт аз вилояти Мински Белорус садд гузошт. Чунин танишҳо дар гузашта низ борҳо рух додаанд. Охири соли 2014 Русия барои вуруди бештар аз 400 тонн гӯшти белорусӣ ба қаламравш мамониат кард.

Ҷамъулҷамъ, мехоҳам бигӯям, ки агар кишвари мо мехоҳад ба ИГ ворид шавад, бисёр хуб мебуд, ки тамоми имконот, хатарҳо ва пайомадҳои ин корро дурусту решаӣ биомӯзад. Ин амр метавонад бисёр кутоҳбинона бошад, ки агар беҳ шудани шароити буду боши муҳоҷирони мо дар Русия, ягона нишондоди мусбати ворид шудани мо бошад. Ман намехоҳам, ки мардумам охируламр ба муҳоҷири меҳнатӣ, ҳатто агар ин бо доштани ҳуқуқҳое ҳам ба даст биёяд, табдил шаванд.
Мӯҳр
Мо бояд ба ин созмон дохил нашавем хамаш фанду фиреб аст ин созмон умри дароз намебинад мо бояд дар ватан чойхои кори нав созем

Беном
Гами мухочиронро ки мехурда боша?

Подабон
Маълумот ба пурраги беасос! Иктисоддон нести,

Мо бояд дохил нашавем 70сол ферб карданмон Руссҳо Баҳамируз расидем Мо Бояд Худамон Пешрафт Шавем.Муҳоҷирора Майдамайда Баватан Биёорем

Руссияе ки худ аз чихати иктисоди заиф аст чи тавр бо у муваффак мешуда бошем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)