Интиқоди Амрико аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Департаменти давлатии ИМА вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро тайи соли 2016 таҳлил карда, саркӯби дигарандешон, шиканҷаи боздоштшудаҳо, маҳдуд кардани озодии матбуот ва таъқиби мухолифинро зикр кардааст.
Муаллифони гузориш, ки дар сомонаи департамент чоп шудааст, яке аз мушкилоти асосиро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои интихоботи озоду шаффоф арзёбӣ кардаанд.
Инчунин дар гузориш таҳдидҳо ба ҷомеаи шаҳрвандию фаъолони сиёсӣ ва маҳдудкунии дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид шудааст: “Сарфи назар аз низоми сиёсии бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон, ҳукумат барои таҳкими нерӯи худ мисли солҳои қаблӣ гуногунандеширо маҳдуд мекунад. Мухолифин ба ВАО дастрасӣ надоранд”.
Департаменти давлатӣ инчунин ҳаққи бемаҳдуди Эмомалӣ Раҳмон барои номзадӣ ба мақоми раисиҷумҳур, манъи ҳизбҳои динӣ, ҳукми наҳзатиҳо ва Бузургмеҳр Ёровро зикр карда, илова намудааст, “ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, ҳабси аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ сиёсӣ набуда, онҳо бо ҷурми терроризм маҳкум шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |