“Фарҳанги шикор дар Помир”-и Аламшоев ғолиби озмуни парлумон шуд
Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз озмуни экологиаш натиҷагирӣ кард.
Аз палатаи поёнии парлумон ба “Озодагон” гуфтанд, дар ҷаласаи комиссияи экологӣ, ки имрӯз, 16 март баргузор шуд, исми ғолибони озмун эълон гардид. Ба иттилои манбаъ, ҷойи аввал насиби филми мустанади журналист Қурбон Аламшоев бо номи “Фарҳанги шикор дар Помир” шудааст. Ба ғолиб 4000 сомонӣ ҷоиза додаанд. Аламшоев ин филмро дар асоси асари илмӣ-омавии худаш таҳия кардааст
Мақоми дуввум ва мукофоти пулии 3000 сомонӣ ба Ҷамолиддин Яқубов барои силсилаи мақолаҳо дар бораи гузариш ба “иқтисоди сабз”, тағйирёбии иқлим, қабати озонии замин, обшавии пиряхҳои Федченко, ва нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти экологӣ, тақдим шудааст: “Ҷои сеюм ва мукофоти пулии 2000 сомонӣ ба Бурҳониддин Каримзода барои сислсилаи мақолаҳо оид ба муносибати мутақобилаи инсон ва табиат, оби тоза ва эҳёи вожаи “вубол” дар муносибат бо муҳити атроф, дода мешавад”.
Манбаъ афзуд, ҷои чорум ва туҳфаҳои хотиравӣ ба 8 муаллифи асарҳои ба озмун воридшуда тақдим гардидааст, ки миёнашон Абдуҳалим Ғаффоров барои мақолаи “Об бошад гавҳар қимматтар аз лаълу гуҳар”, Мурод Саидов барои мақолаҳо оид ба экологияи растаниҳои худрӯй, боғот ва гиёҳҳои Тоҷикистон мебошад.
Акрамшо Фелалиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияи экологӣ ҳадафи озмунро “инъикоси воқеъбинонаи мавқеъ ва сиёсати экологии пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ бо мақолаҳое, ки вазъи экологии муҳити зистро ифода мекунанд ва бо ин кор бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон, олимону коршиносон ва дигар доираҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ” унвон кардааст.
Сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, дар давраи эълони озмун ба комиссия 11 матлаб пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |