Бахшҳо

Саидҷаъфар Усмонзода: Мо пойбанди кисаи касе нестем

Ҳизби демократи Тоҷикистон дар интихоботи ахир ҳизби парлумонӣ шуд. Худи раҳбарияти ҳизб инро як муваффақияти бузург талаққӣ мекунад, аммо баъзе доираҳо ва коршиносон ҳузури онро дар саҳнаи сиёсӣ камранг медонанд. Иршод Сулаймонӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” бо раиси ҳизб ин ва дигар масоили сиёсии кишварро ба баҳс кашид.

“БО ҲУКУМАТ ДАР САТҲИ МУНОСИБАТЕ ҚАРОР ДОРЕМ, КИ ПЕШНИҲОДҲОИ МОРО ТО ҲАДДЕ ҚАБУЛ МЕКУНАД”

Озодагон: Ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода, Шумо баъди як марҳилае, ки Ҳизби демократи Тоҷикистон вориди буҳрони раҳбарӣ ва фаъолият шуд, ба раёсати он интихоб шудед ва ҳизбро аз нав номнавис кардед. Дар замони раҳбарии Шумо ҲДТ дар асоси кадом усул ва аҳдоф фаъолият ва муборизаҳои сиёсии худро идома медиҳад?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Ман ба ҳизб аз апрели соли 2006 омадам. Он вақт мо гуруҳи севунимҳазораи Ҳизби ҷавонони прогрессив ба ҳайати ҲДТ ворид шудем. 14-уми январи соли 2007 анҷумани 8-уми ҳизб ба манзури эҳёи дубораи фаъолияти он дар саҳнаи сиёсат баргузор шуд. Ман дар сабқати мубориза барои курсии раёсати ҳизб ғолиб шудам, раис интихоб гардидам, аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон анҷумани моро эътироф накард. Бо ин вуҷуд ман ва ҷонибдоронам дилсард нашудем ва муборизаро барои ба ҳам овардани се ҷиноҳи парокандаи ҳизб давом додем. 23-юми декабри соли 2012 Анҷумани 9-уми баҳамойии ҷиноҳҳои Ҳизби демократро баргузор кардем ва зимни муроҷиате, ки дар раёсати пештара ва бо тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мувофиқа карда будем, роҳи фаъолияти конструктивиро пешниҳод кардем. Яъне, ҳамкорӣ бо тамоми аҳзоби сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятиву давлатӣ ва инчунин бо ҳукумати кишвар ва ҳизби ҳукумрон, ки имконияту қудрату нуфузро дар ҷомеа бештар дорад, пеш мегирем. Яъне, дар асоси ҳамин имконот мо мехоҳем, ки баъзе пешниҳодоти худ ва мушкилоти мардумро аз тарафи ҳизб ироа кунем то ҳаллу фасли худро биёбад. Албатта ҳал кардани як масъла бо як мактуб ва як суҳбат намешавад. Ин ҷараён роҳи худ ва мушкилоти худро дорад. Аммо навобаста ба ин, ҳизби демократ баъди Анҷумани баҳамойӣ, баъди қариб 20 соли хомӯшӣ вориди рақобат шуд. Хомӯшӣ аз ин хотир рух дода буд, ки ҳизб ба мушкилоти дохилиҳизбӣ гирифтор буд, дар фаъолияти сиёсиву иқтисодии кишвар иштирок намекард. Мо имконият пайдо кардем, ки ноябри соли 2013 дар интихоботи президентӣ иштирок кунем.

Интихоботи 2013 ба мо чӣ имконият дод? Мо барномаи ҳизбро ба тамоми мардуми кишвар пешниҳод кардем. Аз тартиби кори Комиссияи марказии интихобот истифода бурда ҳизбро муаррифӣ намудем. Ҳар нафаре ки ба интихобот меомад ва баргаи овоздиҳӣ дар дасташ буд, дар қитъаи овоздиҳӣ акси маро ҳам медид, номи ҳизби демократро ҳам мешунид. Ҳатто агар ҳизби моро хат ҳам мезад, ҳадди ақал медид, ки чиро хат мезанад. Ҳамон хат задан ҳам барои мо дар мафкураи интихобкунанда ҷой гирифтан буд. Яъне, 4 миллион шаҳрванди қобили раъйи кишвар, ки дар интихобот иштирок карданд, фаҳмиданд, ки ҲДТ ба арсаи сиёсӣ омадааст.

Дар интихоботи президентӣ мо чизе бештар аз 480 ҳазор нусха нашрияро чоп кардем. Ҳамин нашрияи мо, агар барои оташ гирондан ҳам истифода шуда бошад, вале пеш аз он ки оташ бигиронанд акси мо ва номи ҳизбро медиданд, ки ин ҳам дар роҳи муаррифии ҳизб талоше буд. Мо тамоми талошро кардем, ки таваҷҷуҳи мардум ба ҳизби мо ҷалб шавад ва барномаи мо барномаи мардумӣ буд. Ин корро мо то интихоботи парлумонӣ идома додем ва имконият пайдо кардем, ки сохторҳои ҳизбро бисёртар намоем. 30 январи соли 2013, вақте Вазорати адлия ҲДТ-ро аз сари нав номнавис кард, мо 1141 узви ҳизбро пайдо кардему пешниҳод намудем. Яъне, инҳо 1141 одаме буданд, ки ба гардан гирифтанд, ки узви ҳизби мо ҳастанд. Аъзои дигар аз имзо кардан даст кашиданд. Дар интихоботи парлумонӣ мо ин теъдодро ба панҷ ҳазор нафар расонидем ва ҳоло беш аз 15 ҳазор узв дорем. Ин маънои онро дорад, ки дар интихоботи президентӣ ва парлумонӣ имконотеро, ки ҳукумат барои рақобат муҳайё карда буд, бисёр истифодаи дуруст кардем. Мо дар суханрониҳои худ аз мушкилоти мардум ва ҷомеа мегуфтем, то ҳукумат ҳамаи инҳоро ба назар бигирад ва дар барномаи рушди давлатдорӣ ворид намояд, ки ҳамаи ин барои эътибори мо дар назди мардум сабаб шуд. Ҳоло тақрибан 2,5 ҳазор каси дигар барои узвият дар ҲДТ ариза навиштаанд. Акнун бо ҳукумат дар сатҳи муносибате қарор дорем, ки пешниҳодҳои моро то ҳадде қабул мекунад.

Озодагон: Яъне Шумо фаъолияти ҳизби худро баъди даврае, ки ёдрас шудем, муассир арзёбӣ мекунед?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Бале. Мо зина ба зина пеш меравем. Мо наметавонем, ки дар муддати ҳамин 3 сол ба қудрату нуфузи ҳизби ҳоким баробар шавем. Барои он ки мо имконоти онҳоро надорем.

Озодагон: Муассир будани фаъолияти ҳизби шумо дар чӣ зоҳир мешавад? Масалан дар тӯли ин муддат натавонистед, ки расонаҳо ё матбуоти ҳизбиро фаъол кунед. Асри мо, ки асри фанновариҳои иттилоотӣ мебошад, ҳадди ақал натавонистед, ки сомонаи ҳизб ва ё сохторҳои поинтари ҳизбро фаъол бикунед. Фаъолияти иттилоотиву расонаӣ, ки яке аз роҳҳои муассири муборизаи сиёсӣ мебошад, ҳаминро накардед, вале бар асоси чӣ чизҳои дигаре ҳамон 15 ҳазор ба ҳизби Шумо гаравиданд?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Асос ҳамин аст, ки дар ҳамин ду интихобот мардум моро дар телевизион дид, дар варақаҳои таблиғотӣ дид, дар матбуот хонд. 15 ҳазору 730 аъзо ва ҷонибдорони мо дар минтақаҳо кор карданд. Шояд хеле аз мардум ҳарос доштанд, ки ҲДТ пешинаи хуб надорад, мушкилоти даруниҳизбӣ дошт, аммо мо ҳамин тасаввурро шикастем. Баъдан ҳар кас ва ҳар ҳизб мухлиси худро дорад. Рӯзҳои аввал маро ҳам бисёриҳо қабул намекарданд, аммо оҳиста-оҳиста мо суҳбатҳои зиёде кардем. Тамоми манотиқи Тоҷикистонро гаштам.

Ҳоло имконоти молиявии ҳизб иҷоза намедиҳад, ки ҳамин ҳоло нашрияро фаъол кунем. Мо ҳоло як имкон дорем, ки ҳамин расонаҳое, ки вуҷуд доранд бо ҳаминҳо ҳамкорӣ кунем ва ҳизбро бештар рӯнамоӣ кунем. Дар нақша гирифтем, ки дар поёни сол нашрияи ҳизбро фаъол кунем. Мо тарҳи нашрияи ҳизбро мекашем. Бо номи дигар онро фаъол мекунем, зеро “Адолат” қонунан бо қарори суд баста шудааст. Хостем номашро “Ошкоро” кунем, ки ин ном ҳам баъди созмони Рустами Абдураҳим чандон таъриху чеҳраи мусбате надорад ва таассуроти хуше ба мардум намерасонад. Дери дер то декабри соли 2017 мо нашрияро фаъол мекунем, вақташ расид. Барои сомона ҳам коргар даркор аст. Мо дар талоши маблағ пайдо кардан барои ин корҳо ҳастем. Зеро мо дар Шӯро як қарор қабул кардем, ки ҳеч кас ҳаққулузвият намепардозад, магар ин ки аъзо ва ҷонибдорон довталабона ва ошкоро ба ҳизб ёрӣ бирасонанд. Маслан, хароҷоти дафтарро яке аз дӯстонам ба таври комил ба дӯши худ гирифтааст. Ин яке аз ҷонибдорони мо аст, ки дар ҳамин интихоботҳо пайдо кардем. Ҳоло мо суратҳисоби ҳизбро дар бонк кушодем, қарзҳо аз андозу дигар ниҳодҳоро ҳам супурдем ва талош барои пайдо кардани маблағ барои расонаҳои ҳизбро дорем.

“ОИННОМАИ МО АЗ ТАМОМИ ҲИЗБҲОИ ДИГАР ФАРҚ МЕКУНАД”

Озодагон: Дар тайи ҳамин муддат ҳизби Шумо аз нигоҳи сохторӣ такмил ёфт? Ҳоло ҲДТ дар чанду шаҳру навоҳӣ сохторҳои поёнии худро дорад, ки онҳо раису дафтари кор доранд?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Дар аввал, мо дар вилоятҳо ва шаҳрҳо созмонҳои ибтидоӣ доштем. Вақте мо ҳизбро дубора номнавис мекардем, ҳамагӣ дар 43 шаҳру ноҳия тавонистем сохторҳои ҳизбро эҳё кунем. Инро ҳам ба як ҳоли зоре кардем. Ҳоло аз 68 шаҳру ноҳияи кишвар дар 53 шаҳру навоҳӣ созмонҳои худро дорем. Ҳоло танҳо бахши вилоятии ҳизб дар Хатлон раис надорад, ки раиси собиқи он ба вилояти Суғд кӯчид. Моҳҳои наздик конфронси вилоятӣ баргузор мешавад ва раиси бахш интихоб мешавад. Бояд бигӯям, ки оинномаи мо аз тамоми ҳизбҳои дигар фарқ мекунад.

Озодагон: Бо чӣ фарқ мекунад?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Дар Оинномаи мо иҷрои ҳамаи он коре, ки онро қонун манъ намекунад ҷоиз аст. Ҳизбҳои дигар садорат доранд ва раёсат доранд. Мо танҳо Шӯро ташкил кардем. Шӯро ҳуқуқ дорад, ки теъдоди аъзои Шӯроро кам ва зиёд кунад. Ҳатто метавонад аъзои Шӯроро иваз кунад. Мо мунтазир намешавем, ки таркиби Шӯроро танҳо дар Анҷуман дигар кунем. Ҳамчунин чунин салоҳиятро барои каму зиёд кардани ҷонишинҳои раис низ дорад. Шӯро танҳо ҳуқуқ надорад, ки раиси ҳизб ва комиссияи тафтишотиву назоратиро дигар кунад. Масалан ба мо Ҳизби Ваҳдат пайваст, ки ин ҳам як эътироф аст ва онҳоро ба хубӣ пазируфтем ва 4 нафари онҳоро аъзои Шӯрои сиёсӣ намудем. Аммо сохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо на дар сатҳе фаъолият мекунанд, ки мо мехоҳем. Вале фаъолияти бештаринашон ҳам барои ҳизби демократ қонеъкунанда аст.

Озодагон: Ҳоло ба ҷуз шахси Шумо, ки вакили Маҷлиси намояндагон ҳастед, дар маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо чӣ теъдод вакил доред?

Саидҷаъфар Усмонзода:
Се нафар дар Маҷлисҳои вилоятӣ дорем, дар шаҳрҳои марказӣ, танҳо дар Душанбе натавонистем, ки пирӯз шавем. Дар Хуҷанд дорем, дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҳам дорем. 10 нафари дигар дар маҷлисҳои ноҳиявӣ ва 11 нафар дар ҷамоатҳо дорем. Яъне, 27 вакил дар маҷлисҳои вакилони халқ дорем, ки ин барои ҳизби демократ як муваффақияти хеле калон аст ва ин дар ҳамин рақобате, ки вуҷуд дошт ба амал омадааст.

“МЕХОҲЕМ ЧАНД ВАЗОРАТРО ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ БИГИРАД, АЪЗОИ ШӮРОИ СИЁСӢ ВАЗИР БОШАНД Ё ДАР ДИГАР СОХТОРҲО ТАҲАВВУЛОТ КУНЕМ”

Озодагон: Аммо ҷаноби Усмонзода, навобаст аз ин ки дар сатҳи раҳбарии як ҳизби сиёсӣ чӣ мушкил вуҷуд дорад ва ё дар дохил он ҳизб бо чӣ мушкилоти кадриву молиявӣ ва мудириятие рӯ ба рӯ ҳаст, мантиқи вуҷуди як ҳизби сиёсӣ талаб мекунад, ки он бояд бар асоси муборизаи сиёсӣ аз роҳи қонун ба қудрат бирасад ва шароити кишварро бар асоси барномаву стратегияи худ дигар кунад. Аз ҳамин нигоҳ, қисме аз коршиносон фаъолияти сиёсии ҳизби Шуморо ҷиддӣ ҳисоб намекунанд ва мегӯянд, ки ҲДТ ба ибораи маъмул ба як ҳизби кисагӣ табдил ёфтааст. Посухи Шумо ба ин гуна назарҳо чист?

Саидҷаъфар Усмонзода: Мо пойбанди кисаи касе нестемСаъидҷафар Усмонзода:
Истилоҳи “кисагӣ” ба ин маъност, ки аз ҳисоби кисаи касе ҳамин ҳизбро месозанд. Аслан то имрӯз мо як тангае на аз кисаи кадом як ҳукуматдор ё кадом гуруҳи сиёсӣ нагирифтаем, на аз беруну на аз дохил. Ҳар дираме, ки харҷ кардем аз ҳисоби аъзои ҳизб буд. Ҳадафи мо ба саҳнаи болотари сиёсӣ баромадан буд, ки то ҳадде муваффақ шудем. Албатта, ба туфайли роҳи дурусти интихобкардаи Шӯрои ҳизб. Шӯрои сиёсие, ки дорем, аз баҳамоии сеҷиноҳ ташкил шудааст. Ташкил ва созмон додани он ба андешаи ман, кори осон набуд. Пас аз ташкили Шӯро, мо ҳадаф гузоштем, ки зина ба зина мавқеъгирӣ мекунем. Яъне, таҳлил мекунем ва ба ҳамон андозае, ки ҷомеа тавони бардошташро дорад ё ҳукумат имконияти қабул кардани кардани онро дорад, мавзеъгирӣ мекунем. Мо мехоҳем, ки чанд вазоратро ҳизби демократ бигирад, аъзои шӯрои сиёсӣ вазир бошанд ё дар дигар сохторҳо таҳаввулот кунем. Аммо чунин имконият вуҷуд дорад? Фаромӯш набояд кард, ки ҳукумат аз ҳисоби ҳизби ҳукумрон шакл гирифтааст. Қисми асосии барномаи ҳукумат ҳам аз барномаи ҳизби ҳукумрон бармеояд. Мо имрӯз он қудратро надорем, ки барномаи як давлатеро, ки тӯли қариб 21 сол рушд ёфтааст ва тамоми барномаи ҳизби ҳукумрон дар он ҷорӣ асту аъзову тарафдори зиёдтаре дорад, баробар шавем. Ин кори осон нест.

Озодагон: Яъне имконнопазир аст?

Саъидҷафар Усмонзода:
Имкон дорад, лекин вақт мехоҳад. Вақт зарур аст, ки ҳизби демократ, тарафдорони мо, Шӯрои сиёсӣ, худро дар ҷомеа чӣ гуна нишон медиҳанд. Кадом барномаҳо доранд, чӣ пешниҳод мекунанд, мардумро чӣ гуна ҷалб мекунанд. То имрӯз ҷалб кардани 15 ҳазор аъзо дар се сол хеле муваффақияти калон ба ҳисоб меравад. Худи иштирок дар ҳамин интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ кори осон набуд. Аммо ман вобастагиву побандие ба касе надорам.

Озодагон: Масъалан яке аз далоиле, ки онҳо пеш меоранд, ин аст ки ҳизби демократ дар мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ ва дигар мушкилоте, ки мешавад мавзеъгирӣ намекунад. Дар ин авохир созмонҳои байналмилалии зиёде, ки дар ростои ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият мекунанд аз вазъи озодии баён ё озодиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд. Яъне, дар ҳамин гуна мавридҳо ҳеч мавзеъгирие надошт. На аз мавқеи давлат ҳимоят кард ва на мавқеи худро ошкор намуд.

Саидҷафар Усмонзода:
Дуруст аст, ки бештарини аҳзоби сиёсӣ дар мавриди сар задани масъалае зуд вокуниш нишон медиҳанд, ки бештар оҳанги “танҳо баёни андеша”-ро дорад. Вале тавре дар боло гуфтам, роҳу равиши сиёсии мо аз дигарон то ҳадде фарқ дорад. Барои мисол, мо аксари масъалаҳоеро, ки ба ҷое пешниҳод мекунем, пеш аз ҳама онро дар шӯро муҳокима мекунем. Аз тарафи дигар, мо ба натиҷае расидем, ки дар бисёр маврид чунин тарзи вокунишҳо танҳо ба хотири нишон додани “мавҷудияти худ” сурат мегирад. Агар чунин бошад, беҳтар аст, даст ба коре бизанем, ки бештар натиҷа дошта бошад. Масалан, чанде пеш масъалаи каму зиёд кардани нафақапулӣ пеш омад. Мо дар шӯрои ҳизб ин масъаларо барасӣ кардем. Вақте дар парлумон мавзӯи кам кардани нафақаи шахсоне, ки дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кардаанд, пеш омад, танҳо вакиле, ки ба он эътироз баён кард, (худамро таъриф намекунам) ман будам. Барои ин кор ба ман пешниҳоди Шӯрои ҳизб кумак расонд. Ман мавзӯъро бо вазири молия ба баҳс кашидам. Пурсидам, ки бо ҳамин қадар сарфае, ки кардан мехоҳед, чӣ қадар маблағро ба буҷа бар мегардонед? Гуфтам, ки барои ба низом даровардани давлатдорӣ ҳазорҳо нафар ҷон супурданд, бисёриҳо дар утоқҳои корӣ шабу рӯз кор карданд, то ҷомеаро аз дузду роҳзан пок кунанду аз нав бисозанд. Яъне, ҳаққу ҳуқуқи сохторҳои ҳуқуқӣ хеле зиёд аст. Вақте ин гуна шахсон ҳамеша ба ин гуна корҳои мушкил сару кор доштанд, бояд дар даврони бознишастагӣ нафақаи шоиста бигиранд. Агар кор ин тавр сурат бигирад, дигар ҷавонҳо ба кор дар сохторҳои қудратӣ дилхунук мешаванд. Боз чанд далели дигар ҳам ироа кардам, мутаассифона, қонун қабул шуд. Агарчи парлумон ин қонунро як бор баргардонда буд, вале сохторҳои қудратӣ имзои тавофуқ гузошта буданд, ба ҷуз вазорати мудофиа. Парлумон ҳам дар пеши ҳамин пешниҳоди ҳукумат ночор монд. Дар ҳама баҳсҳои дигари парлумон иштирок мекунам. На танҳои назару пешниҳоди худамро, балки пешниҳодҳои аъзои Шӯрои сиёсӣ ва аъзову тарафдорони ҳизбро аз вазирону намояндаҳои ҳукумат талаб мекунам.

“ВАҚТЕ МЕБИНЕД, КИ ДАР ДАСТИ ҲУКУМАТ ДАЛЕЛҲО ВА ИМКОНИЯТҲОЕ ҲАСТАНД, КИ МУҚОБИЛИ ОН ҲЕЧ КОР КАРДА НАМЕШАВАД, МАВЗЕЪГИРӢ НАТИҶА НАМЕДИҲАД”

Озодагон: Албатта дар ин гуна эродҳо сухан дар бораи шахси мушаххасе намеравад. Ҳарф дар маҷмӯъ дар бораи институтҳое, ки ҳуқуи инсонро ҳимоя мекунанд, меравад...

Саъидҷафар Усмонзода:
Дуруст аст. Агар ба масъала аз тарафи дигар назар кунем, мебинем, ки аввалан, мавҷудият ва сониян, фаъолияти ниҳодҳои ҳуқуқии мамлакат на ба он ҳаддест, ки баъзеҳо мегӯянду тавсиф мекунанд. Магар онҳо ҳамаи одамонро бегуноҳ ба ҷазо мекашанд ё ҳамаи гунаҳкоронро ба ивази пул аз ҷазо озод мекунанд? Шумо ба ин бовар мекунед? Ман бовар намекунам, ки дар саросари кишварамон ниҳодҳои ҳуқуқӣ ба ин шакл ё тартиб кор кунанд. Дар баъзе мавридҳо, дар бораи қазияҳои марбут ба ҷиноят, мо пеш аз он ки эрод бигирем, бояд битавонем онро муҳофизат кунем, яъне исбот карда битавонем. Вақте мебинед, ки дар дасти ҳукумат далелҳо ва имкониятҳое ҳастанд, ки муқобили он ҳеч кор карда намешавад, мавзеъгирӣ натиҷа намедиҳад, ба ҷомеа таъсире намегузорад. Мо ин гуна мавзӯъҳоро дар мактубҳои алоҳида ба ҳукумати кишвар навиштаем. Дар сатҳи сохторҳои қудратӣ, дар бораи фасод ҳам навиштаем. Албатта дар дунё давлате нест, ки фасод вуҷуд надошта бошад. Одами зинда ҳаст – фасод ҳаст. Барои ҳамин дар дунё давлате нест, ки дар он зиндон вуҷуд надошта бошад. Ба ин маънӣ, ки дар ҳама давлатҳо, чи дар ҳоли рушд, чӣ пешрафта одамони гунаҳкор ҳастанд ва қонуншиканиву хилофкорӣ ба амал меояд.

Озодагон: Яъне, шумо аз муколамаи ошкорои омавӣ дида муколамаи пӯшидаро бо ҳукумат дар стратегияи худ пеш гирифтед?

Саъидҷафар Усмонзода:
Пардапӯшона неву ғайри оммавӣ. Ин аз он хотир аст, ки имконияти зеҳнии мардум бисёр рушд накардааст. Мо намехоҳем, ки ҳарфи мо василаи суиистифодаи инсонҳое шавад, ки мехоҳанд онро ба манфиати худ истифода кунанд ва ё онро дар муқобили ҳукумат дастак бисозанд. Ҳама медонанд, ки дар кори ҳукумат ҳам камбуд ҳаст. Аммо роҳи интихобкардаи мо ба гуфтаи Саъдии бузург рост меояд, ки мегӯяд, “як-як ҳунарам бин, даҳ-даҳ гунаҳам бахш”.

“БАЪЗЕ АЗ ТАБАҚАҲОИ МАРДУМИ СОДДА БА ИН БОВАРАНД, КИ ТАНҲО ДИН ҚОДИР АСТ РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТРО ПАЙДО КУНАД...”

Озодагон: Яъне аз нигоҳи ҳизби демократ ҳукумат бояд ҷомеаро бисозад ё ҷомеа бояд ҳукуматро?

Саъидҷафар Усмонзода:
Мо ҷомеаро ҳама якҷоя месозем. Аз нигоҳи Ҳизби демократи Тоҷикистон тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷомеаи худро якҷоя бисозем. Аммо мардум худ бетараф аст. Вақте дар маркази ҷумҳурӣ мебинем, ки шумораи зиёди ҳамдиёронамон ҳангоми сурх будани чароғи роҳнамо бепарво аз роҳ мегузаранд, чӣ фикр ба сари шумо меояд? Хатокорӣ дар қоидаи роҳ – ба назар як кори одӣ ё назарногир мерасад. Аммо ин як қоидаи давлатдорӣ аст, ки аз тарафи мардуми мо риоя намешавад. Ба ҳамин монанд, агар дар хиёбону кӯча як зан ва ё духтарро озор бидиҳанд, 90 дарсади мардум бетарафанд. Ё вақте ҷиноят содир мешавад, мардум ба сохторҳои ҳуқуқӣ хабар намедиҳанд. Ҳама бетараф аст, мехоҳанд, ки ҳамаро ҳукумат бубинад. Куҷост чашми ҳамабин ва адолатхоҳи мардум? Дар баробари ин анқариб ҳама ба танқиди ҳукумат мепардозанд. Ҳукумат ин қадар чашм надорад.

Озодагон: Ҳамин бетарафии мардумро сабаб чист? Оё ба ҳукумат эътимод надоранд ё ба ниҳодҳои масъули давлатӣ?

Саъидҷафар Усмонзода:
Яке аз сабабҳо ин аст, мо дар давраи гузариш қарор дорем. Мушкили давраи гузариш ҳамин аст, ки мардум дар ҳалли бисёр масъалаҳо дар фикри онанд, ки касе мушкилоти онҳоро ҳал мекунад, ё фикр мекунанд, ки сохторҳои давлат вазифадоранд мушкилоти онҳоро бартараф кунад. Дуруст аст, ки давлат вазифадор аст, ки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунад, аммо чӣ қадар, ба кадом андоза ва давлат барои иҷрои ин корҳо чӣ миқдор имконият ё қудрат дорад? Вақте ба масъала аз ин зовия нигоҳ мекунем, хеле аз сарчашмаҳои мушкилоти ҷомеа барои мо рӯшан мешавад. Баъзе аз табақаҳои мардуми содда ба ин боваранд, ки танҳо дин қодир аст роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кунад, бархе ба ин боваранд, ки Ленин ё Сталин аз гӯр хеста меоянд, Русия ё кадом давлати дигар коре мекунад, ки дунё дигар мешавад ва мушкилот бартараф хоҳад шуд. Ҳамаи ин гароишҳо нишони он аст, ки мардум дар интихоби роҳи пешрафт мавқеашро дуруст муайян накардааст. Давраи гузариш ана ҳамин аст: мо зина ба зина пеш меравем, давлат ва кишварамонро месозем, ҷомеи демократиро бунёд мекунем. Табиист, ки дар давраи навсозӣ ин гуна мушкилот: бетафовутии одамон, камбуд дар кори ҳукумат, камбуд дар фаъолияти мардуми ҷомеа ва боз силсилаи мушкилоти дигар мушоҳида мешавад. Бартараф кардани онҳо худ бунёд кардани ҷомеаи нав мебошад. Мо бояд ин равишро дуруст дарк кунем, фаъолияти худро мутобиқ ба ин дарк ба роҳ биандозем, то ҳам нуқсони кори ҳукумат ва ҳам мушкилоти мардум бартараф шавад.

“САТҲИ ДОНИШИ МУТАХАССИСОНЕ, КИ ДОНИШГОҲҲОИ ХУДАМОНРО ХАТМ КАРДААНД, БИДУНИ ТАКМИЛ ДОДАНИ ДОНИШҲОЯШОН, БАРОИ ИДОРАИ ДАВЛАТ КОФӢ НЕСТАНД”

Озодагон: Шумо бисёр нуктаи муҳимро ишора кардед, ки давраи сохтани ҷомеа аст. Дар ин давра сохтан ҳам аз нигоҳи меъморӣ, ҳам аз нигоҳи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ агар дуруст бунёдгузорӣ нашавад, ҳамин бебандуборӣ метавонад солиёни зиёд давом кунад. Шумо дар чанде аз мусоҳибаҳои пешинатон дар мавриди зарур набудани баъзе аз сохторҳои давлатӣ изҳори назар карда будед. Аз ҷумла дар мавриди Вазорати кишоварзӣ. Феълан кадом ниҳодҳои дигаре ба такмил ва таҷдид ниёз доранд, ки метавонанд ба фаъолияти муассири давлат биафзоянд?

Саъидҷафар Усмонзода:
Мо ҳоло дар давраи гузариш ба арзишҳои демокартӣ қарор дорем. Иқтисоди мо бозоргонӣ, ҷомеамон демократӣ. Дар ин гуна маврид тамоми намуди талаботи мардумро бозор муайян мекунад. Бозор муайян мекунад, ки фурӯшанда чӣ қадар мол ворид кунад. Масалан, фурӯшандаи телевизор медонад, ки дар як моҳ дар Душанбе чӣ қадар ба фурӯш меравад ва ҳамон қадар ворид мекунад. Дар ҳолате, ки бозор муайян мекунад, баъзе сохторҳои давлатӣ бояд мутобиқ карда шаванд, бозсозӣ шаванд. Масалан барои як муддат ба ҳукумат зарур буд ва қарзҳои зиёд гирифта шуд, то ки роҳу нақбу корхонаву дигар эҳтиёҷоти муҳими давлатӣ сохта шаванд ва ин шуд. Ҳама инро дид. Аммо дар натиҷаи гирифтани қарзҳо мо пойбанди барномаҳои қарздиҳандагон шудем. Чун онҳо бебарнома ба мо пул намедиҳанд. Мо маҷбур будем, ки инро қабул кунем, зеро каси дигаре ба мо маблағ намедод. Вале имрӯз ҳамин гуна барномаҳо бар сари ҳукумат баъзе мушкилотро оварда истодаанд. Бояд баъзе сохторҳо ихтисор шаванд, баъзеи дигар навсозӣ шаванд. Мо инро ба таври хаттӣ ба ҳукумат пешниҳод кардем. Масалан вазорати саноат, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ. Дар Кумитаи сармоягузорӣ инчунин бахши амволи давлатӣ низ ҳаст, ки ин даркор аст, вале қисми сармоягузорияш бо шумули вазорати саноату кишоварзӣ ихтисору навсозиро талаб мекунанд. Барои мисол сармоягузоре, ки ба Тоҷикистон меояд ва технологияеро меорад, ки медонад дар Тоҷикистон имкон роҳандозияш вуҷуд дорад ва фоида меоварад. Яъне шароити барқу мутахассисину андозу обу ҳамаро ба назар гирифтааст. Ҳама чӣ дорад, аммо вақте меояд дар кумитаи сармоягузорӣ ё вазорати саноат дучори мушкилоти бешумор ва таъмаҷӯйиҳо мешавад. Моҳҳо ва баъзан солҳо мунтазир мешаванду хулоса мегиранд. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи сармоягузорӣ ё Вазорати саноат технология надоранд, пул надоранд, талаботи хоҷагии халқро муайян ва пешгӯйӣ карда наметавонанд ва дар бораи тарҳу нақшаҳо хулосаи дуруст дода наметавонанд.

Фаъолияти баъзе аз сохторҳо ислоҳталабанд. Барои мисол, фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ҷавобгӯйи талаботи замон нест. Мо ниҳодҳои вижаи занбурпарварӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва чанде дигар дорем, ҳатто Академияи илмҳои кишоварзӣ дорем. Масъулони арсаҳои гуногуни ин соҳа, соҳибони замин, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои иҷрои корҳояшон худ маблағ меёбанд, бо неруи худ корҳоро иҷро мекунанд. Вақте чунин аст, маълум нест Вазорати кишоварзӣ дигар ба чӣ кор машғул мешавад, ки бояд вуҷуд дошта бошад?

Озодагон: Шумо ин фикро дар шароите мегӯйед, ки Тоҷикистон Стратегияи рушди то соли 2030-ро пазируфт, ки яке аз ҳадафҳои ин Стратегия табдил додани Тоҷикистон аз як кишвари аграрӣ ба кишвари санотию аграрӣ аст. Дар ин замина мантиқи пешниҳодҳои Шумо дучори халал намешавад?

Саъидҷафар Усмонзода:
Ҳукумати кишвар бо дарназардошти ҳама таҳдидҳое, ки ба Тоҷикистон ҳаст ва бо дар назар гирифтани ҳама имконоти Тоҷикистон кулли самтҳоро таҳлил карда, Барномаҳои Рушди 2016-2030 ва миёндавраи то соли 2020-ро қабул кард. Ин барномаро мо дар парлумон баррасӣ кардем. Агар мо зина ба зина ин барномаро пиёда кунему иҷро кунем дар охири ин барнома ин гуна вазоратҳо намемонанд. Ҷомеа тамоман дигар хел мешавад, гарчанде дар он ҷо гуфта нашудааст, ки фалон-фалон вазорату идораҳо барҳам дода мешаванд. Лекин дар рафти татбиқи барнома хоҳем нахоҳем ба талаботҳои институтҳои молиявии дунё, иқтисоди бозорӣ ва бозори ҷаҳонӣ, ки сару кор дорем, ҳамаи ин таҷдиди назар мешавад. Бар асоси ҳамин Стратегия бисёр вазоратҳо ихтисор мешаванд, вале мо мехостем, ки инҳоро барвақтар ихтисор кунанд.

Аз ҳисоби вазирони собиқи ҳамин сохторҳо якеро интихоб кунанд ва дар назди Сарвазир ваколаташ бидиҳанд. Аз ҳисоби ҷавонони босаводе, ки дар беҳтарин донишгоҳҳои маъруфи хориҷ хондаанд барои ӯ дар ҳайати 10-12 нафар команда бисозанд кофӣ аст. Онҳое, ки донишгоҳҳои Оксфорд, Бруно, Ҳарвард, Сорбон ва ё дигар ҷойҳоро хондаанд мо бояд бидуни кадом санҷиш, бипазирем. Зеро сатҳи дониши мутахассисоне, ки донишгоҳҳои худамонро хатм кардаанд бидуни такмил додани донишҳояшон, барои идораи давлат кофӣ нестанд.

“БИСЁРИ МАРДУМ ТАНҲО ЭРОД МЕГИРАНД, АММО ПЕШНИҲОДҲОИ ИЛИМВУ КОРШИНОСИРО ДОДА НАМЕТАВОНАНД”

Озодагон: Ҷаноби Усмонзода, мо агар аз фаъолияти ҳизбиятон ба фаъолияти вакилиятон бигзарем, Шумо танҳо намояндаи Ҳизби демократ дар Маҷлис ҳастед. Шумо бипазиред ё не, вале дар мавриди парлумон дар ҷомеа чандон назарҳои мусбат вуҷуд надорад, яъне аз парлумон қаноатмандӣ дида намешавад...

Саъидҷафар Усмонзода:
Онҳо барои ин гуна назар доштан ҳақ доранд...

Озодагон: Хуб, албатта ҳар касе барои доштани ҳар гуна назар ҳақ дорад. Аммо аз нигоҳи ҳам назарияи ва амалияи ҳуқуқ, ҳам сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ парлумон барои он зарур аст, ки тавозуни қудратро дар ҷомеа таъмин кунад. Яъне ҳокимияти иҷроя тамоми салоҳиятҳои идориро соҳиб нашавад, худкома нагардад ва барои фаъолияти дигар ниҳодҳои иҷтимоиву сиёсӣ монеа эҷод накунад. Аммо ба назар мерасад, ки парлумони мо на танҳо таъминкунандаи тавозуни қудрати сёсӣ нест, балки бештари зери таъсири ҳокимияти иҷроия кор мекунад. Дар ин маврид чӣ мавқеъ доред?

Саъидҷафар Усмонзода:
Бубинед, дар порлумони ҳамин даъват мутахассисони унвониҳои илмидошта бисёр кор мекунанд. Вазирони собиқу мутахассисони варзидаи бисёр дорем. Ҳар масъала ва қонуне, ки пешниҳод мешавад то ин ки дар сатҳи ҷаласаи парлумон баррасӣ шаванд дар Кумитаҳо ва Шӯроҳо аз ду то шаш моҳ баррасӣ мешаванд ва бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки бозпас гардонда мешаванд. Ҳама пешниҳоди ҳукумат сад дар сад ҷонибдорӣ намешавад, хелеҳо бозпас гардонда мешаванд. Албатта ҷомеа эродҳои худро дорад, аммо паҳлуҳои дигаре ҳаст, ки онро танҳо мутаххасисон метавонанд баҳо бидиҳанд. Бисёри аз мардуми мо танҳо эрод мегиранд, аммо пешниҳодҳои илимву коршиносиро дода наметавонанд.

Озодагон: Аммо дар парлумони имрӯза мо ду фраксия дорем ва дар маҷмӯъ намояндаҳои шаш ҳизб вориди Маҷлис ҳастанд. Бо мушоҳидаи дусолаи Шумо оё фазои гуногунандешии сиёсӣ дар парлумони мо таъмин аст ва ҳизбҳо бо дар назар доштани барномаву стратегияҳое, ки доранд, бархӯрд мекунанд ё ҳамеша аз як мавқеъ ҷонибдорӣ мекунанд?

Саъидҷафар Усмонзода:
Бар асоси мушоҳидаи ман, ҳамаи ҳизбҳо дар асоси барномаи худ мавзеъгирӣ ва суолу пешниҳод ироа мекунанд. Маълум аст, ки ҳизби ҳукмрон намояндаи бештар ва имконияти зиёдтар дорад, ки қонунро бар нафъи худ бипазирад. Аммо дар ҳамон фраксияи ҲХДТ ҳам нафароне ҳастанд, ки ҳангоми баҳс хилофи ҳамҳизбиёни худ масъала пеш мегузоранд. Шояд дар назари муқаррарӣ ҳамин тур менамояд, аммо аз нигоҳи инфиродии ман парлумон бо раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров ваколат ва рисолати худро хуб иҷро карда истодааст.

Албатта, барои хубтар ва муассиртар шудани фаъолияти парлумон имкониятҳои бештаре ҳаст, вале рӯйиҳамрафта мушкилот низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла мушкилоти кадрӣ. Аз сӯйи дигар, ҷомеаи моро фасоди густурда фаро гирифтааст. Фасодзадагӣ дар ҳама соҳаҳо, бештар дар соҳаи тандурустӣ ва маориф ба мушоҳида мерасад. Ҳамаи ин ва боз силсилаи мушкилоти дигар аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки ҳам парлумон ва ҳам ҳамаи аъзои ҷомеаи Тоҷикистон бояд дар бартараф кардани онҳо ба сурати ҷиддӣ ва қотеона мубориза баранд.

Ман фикр мекунам дар ҳамин марҳилаи гузариш бояд бо расонаҳо бештар кор кунем ва имконият бидиҳем, ки расонаҳо бештар рушд кунанд. Бигзор ҳар чизе, ки ҳаст, дар бораи он мавод нашр кунанд. Камбудии вазир аст, донишманди хилофкор аст, ҳар касе аст бояд фош гуфта шавад. Танҳо дар чунин ҳолат мо метавонем пеш биравем, ҷомеаамон рушд кунад. Чун, агар камбуд дида нашавад, онро ислоҳ карда наметавонем. Барои ҳамин расонаҳои хабарӣ бояд рушд кунанд, озод бошанд, камбудҳоро ошкор ва барои ислоҳи онҳо роҳу равиш пешниҳод кунанд. Ман ҳамаи расонаҳои хабариро мисли оина мебинам. Мардуми мо ҷангро дид, хулосаи худро аз дурусту нодуруст баровард. Дар ин замина дастгирии ҳукумат зарур аст. Бояд давлат ба ҳамаи расонаҳои хабарӣ ёрӣ бирасонад. Ҳукумат бо ҳама расонаҳои озод, ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунад.

Озодагон: Яъне, агар суҳбати имрӯзро хулоса кунем, фаъолияти Шумо, дар ҳамин марҳила дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ё дар паҳлуи ҳукумат кор кардан аст?

Саъидҷафар Усмонзода:
Ҳамкорӣ бо ҳама сохторҳо – ҳамкории конструктивӣ. Бигзор моро оппозитсия ё ҳамроҳ бихонанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки оппозитсия душман нест. Оппозитсия дигарандешӣ, яъне дар рақобат будан аст. Ду рақиб душмани якдигар нестанд. Дар ҳамин гуна рақобат ба Ватан фоидаи бештар мерасад. Мо ҳам мехоҳем ҷомеасоз шавем, аммо мо роҳи худро дорем. Дар ҳамин се сол хеле пешниҳод кардем ва ҳукумат баъзеи онҳоро пазируфт ва ниҳодҳоро ҳам барои ислоҳ ва бартараф кардани камбудиҳо супориш дод, ки ин барои мо шараф аст. Ин хеле муваффақият аст!
Мӯҳр
ор
Хизби демократи ин "пустое место". Чи лозим аст хамин мусохибаи пучу бемаъни?

Бо як умеду душвори мачбур то охираш хондам, лекин хеч чизи мароковареро наёфтам. Дуруст гуфтед, чи лозим хамин мусохибахое, ки аллакай медони чи мегуяд...

демократ
Исмонуф иқа зур бдаю мо намедонистем. Аммо медонем, ки Исмонуфа кӣ овард раисида))

Нахуст Ҳизби демократи Тоҷикистонро ки ташкил карда буду ҳоло аз номи ин ҳизб ки ҳарф мезанад. Вақте ҲДТ ҳақиқӣ ташкил шуда буд, ҳамаи шумо лаббайгӯяки ҳизби коммунисти онвақта будед... Воқеан ҳоло лаббайгӯяки ин ҳизби ҳокимед. Сари мардумро гаранг накунед.

Muhojir
Ориёи
Панч сол пеш дар мусоҳибааш бо ҳамин расона гуфта буд; - "Аслан моро барои он ҳизби кисагӣ мегӯянд, ки мо дар робита ба воқеаҳои кишвар вокуниш нишон намедиҳем!." ))),

согд
Каси дигарро наёфтед барои сухбат.

Аблулло
Чи хел? Аввал гуфт касе ба душ гирифт масраферо . Бо мега мо аз киссаи касе пул намегирем . Ира меган дуруғи зудошкор

мардон
ачоиб ки дар бораи чизи дуругу набуда 3 сахифа макола навиштан мумкин будааст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)