Бахшҳо

То 1500 сомонӣ. Таъини ҷазо барои пинҳон намудани душаҳрвандӣ...

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон афроде, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин мегарданд ва шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, Шӯрои палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро имрӯз, 10 апрел дар як ҷаласа баррасӣ кардаанд. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шудааст, Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи маҷлис оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳадафи ин тағиру иловаҳоро “пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст” унвон намудааст.

Ба гуфтаи Насриддинзода, дар робита ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид: “Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар: Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.

Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҷонибдорӣ намудаанд.
Мӯҳр
Тахлилгар
Чунин ашхоси дупагонаи хатарноки чоплуси душахрвандидошта на мохи на гуштанд ва ба амнияти давлат хатар доранд. Касе бехуда сум ва нафака намедихад ва мусикиро супориш медихад.

Чарима чй лозим. Дунё дунёи бозорай........ Хуб мешуд хар мох ба бучети давлат андоз месупоридан......Яке бечорахо бой мешуданей.......

Олӣ! Беҳуда нагуфтаанд, ки "об аз боло лой меояд". Боло ки тоза шуд, поён худ ба худ тоза мешавад. Лекин ҷаримаи бисёр кам пешбинӣ шудааст. Ками кам бояд 5000 сомонӣ ҷарима шаванд.
Дуввум инки, забони қонунро дуруст кунед. "...пинҳон намудани иттилоот..." не, балки "...пинҳон намудани маълумот дар бораи..."

Чикадар чаримаи вазнин! Охир барои як мансабдор ин чарима хисоб намешавад. У чандсад баробари ин пулро дорад. Чаримаро бояд боло бурд.

navoi
эээээ бе инсофо ин вазирони бечора ай кучо инкадар пул меебанд. илтимос як Каме кам кунед.

Носкаш
Агар чаримаи вазбин ба маблаги 120 сомон кунед худатон мебинед ки ба чехияву олмон баромада мераванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)